Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (ШБҲИ) изҳори нигаронӣ доранд, ки сокини 44-солаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) Амриддин Аловатшоев метавонад таҳти хатари истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин мурофиаи судии беадолатона ва дигар нақзи ҳуқуқи инсон баъди бозгашташ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2022 қарор гирад.
Тибқи иттилои мавҷуда, Аловатшоев ба боздошти худсарона дар ҳудуди Федератсияи Русия дучор гардида, баъди иштирок дар гирдиҳамоиҳои назди Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва моҳи ноябри соли 2021 иҷборан ба Тоҷикистон баргашт.
2-юми феврали соли 2022 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон тасдиқ кард, ки Аловатшоев бо дархости мақомоти тоҷик вобаста ба оғози парвандаи ҷиноятӣ муқобилаш аз Русия истирдод шудааст. [1] Дар ҳамин ҳол, маълумоти иловагӣ дода нашуд.
Худи ҳамон рӯз дар рафти нишасти матбуотӣ Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки нисбати Аловатшоев аз рӯйи далели гаравгонгирӣ ва як қатор ҷиноятҳои дигар парванда оғоз карда шудааст.
Бино ба иттилои ВАО, хешовандони Аловатшоев, ки дар ВМКБ зиндагӣ мекунанд, бори охир 11-уми январи соли 2022 дар бораи ӯ маълумот дастрас кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсари ӯ София
Мунимшоева[2], айни замон рақами телефонии шавҳараш дастнорас аст. Нафарони ҳамроҳи Аловатшоев дар шаҳри Белгород боздоштшуда ҳам, ки баъдан озод карда шудаанд, мегӯянд, ки Аловатшоевро аз 11-уми январ инҷониб надидаанд.
Тибқи иттилои ВАО, нафарони мусаллаҳи ношинос аз лаҳзае, ки ҳудуди 1000 нафар аз ВМКБ ба нишони эътироз аз фавти сокини ВМКБ Гулбиддин Зиёбеков ҳангоми амалиёти мақомоти амниятии Тоҷикистон назди Сафорати Тоҷикистон дар Москва ҷамъ омада будаанд, Аловатшоевро таъқиб мекардаанд.
Ҳамин тавр, сарфи назар аз иттилооти чандинкаратаи ВАО дар бораи ғайб задани Аловатшоев, дар давраи аз 11-уми январ то 2-юми феврали соли 2022 мақомоти Тоҷикистон оид ба боздошт ва ё макони қарордоштаи ӯ маълумоте надоданд.
Дар лаҳзаи омода гардидани ин муроҷиат маълумот дар бораи макони қарордоштаи Аловатшоев, аз ҷониби кадом мақомот боздошт шудан ва дар асоси чӣ гуна ҷиноятҳо айбдор гардиданаш маълумот мавҷуд набуд.
Стандартҳои байналмилалӣ муқаррар мекунанд, ки “ҳабси бидуни иртиботот, ки боздоштшудагонро комилан аз доираи ҳимояи қонун берун мегузорад, як шакли возеҳи ҳабси худсарона аст”, ки ҳуқуқи шахсро барои “эътироф кардани объекти ҳуқуқӣ мутобиқи моддаи 16”-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ нақз мекунад ва «барои истифодаи шиканҷа мусоидат менамояд». [3]
Ҳангоми боздошти бидуни иртибот Аловатшоев таҳти хатари шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона қарор дорад ва мо аз мақомот даъват мекунем, ки макони будубоши ӯ ва вазъи саломатии ӯро ифшо кунанду барои ӯ дастрасии фаврӣ ва бидуни мамониат бо адвокат ва хешовандонашро фароҳам оранд.
[1] 1 https://www.rferl.org/a/tajikistan-migrant--leader-alovatshoev-extradited/31682825.html
[2] Дар мусоҳибаи Радиои Озодӣ аз 21-уми январи соли 2022, https://rus.ozodi.org/a/31667105.html
[3] Андешаҳои Гуруҳи корӣ оид ба боздоштҳои худсарона дар ҷаласаи ҳафтоду нуҳуми он, 21-25-уми августи соли 2017, https://www.ohchr.org/Documents/Issues/Detention/Opinions/Session79/A_HR...