Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар Маркази Исмоилияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизи гирд дар мавзӯи «Ҳуқуқи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Натиҷа ва имкониятҳои минбаъда» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Рустам Байбалаев - муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, Мачей Мадалинский - сардори шӯъбаи кӯмаки техникии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Татяна Заиченко - муовини директори минтақавии дафтари DVV Intenational дар Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, баъд аз озод шудан аз ҷойҳои адои ҷазо, собиқ маҳкумшудагон ҳиссиёти дуҷониба доранд. Аз як тараф, ҳисси раҳоӣ ва озодӣ ҳузур дорад, аз тарафи дигар тарс ва ноаёнӣ. Ин ашхос ба нофаҳмӣ аз тарафи атрофиён рӯ ба рӯ мешаванд, дар ҷустуҷӯи кор ва барпо намудани зиндагии шахсӣ ба мушкилиҳо дучор мегарданд. Бинобар ин, онҳо ба дастгирӣ ва кӯмаки муайян эҳтиёҷ доранд. Дар доираи лоиҳа зиёда аз 160 нафар занони маҳбус дар Муассисаи ислоҳии 3/8 шаҳри Норак баъд аз итмоми курсҳои таълими касбӣ доир ба дӯзандагӣ, қаннодӣ ороиши мӯй ва малакаҳои компютерӣ соҳиби касб ва шаҳодатномаҳои давлатӣ гаштаанд. Ба зиёда аз 720 нафар маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон кӯмаки ҳуқуқӣ, маслиҳатҳои равонӣ ва машваратҳо оид ба имтиёзҳои иҷтимоӣ ва талаботҳои бозори меҳнат барои мутобиқат ба ҳаёти иҷтимоии оянда пешниҳод шудааст. Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи дусола таҳти унвони «Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маданию маърифатии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагондар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд маблағгузорӣ мешавад, баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур дар шаҳрҳои Норак, Душанбе, Хоруғ, Хуҷанду Қӯрғонтеппа амалӣ гардид