Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон якҷоя нигоҳ доштани калонсолонро бо наврасҳо дар боздоштгоҳ манъ карданд. Тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»-ро палатаи поёнии парлумон (Маҷлиси намояндагон) 28-уми ноябр қабул кард,- иттилоъ медиҳад «Азия-Плюс».
Тибқи тағйирот, дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва тавқифгоҳҳои муваққатӣ дар як камера нигоҳ доштани ноболиғону калонсолони боздошт ё ҳабсшуда мумкин нест. То ин вақт қонунгузорӣ дар як камера нигоҳ доштани наврасонро бо он калонсолоне, ки ҷиноятҳои на он қадар вазнин содир кардаанд, иҷозат дода буд.
Вакилон инчунин ҳуқуқи ноболиғи боздоштшударо ба муроҷиат ба роҳбарияти СИЗО ё тавқифгоҳи муваққатӣ бо шикоят дар ҳолати истифода шудани шиканҷа нисбати ӯ қонунан пешбарӣ намуданд. «Роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадор гардидааст, ки барои муоинаи ноболиғ фавран ташхиси тиббии мустақил ташкил намояд. Барои гузарорнидани он бояд ҳадди ақал се нафар ташхисгари мустақил ҷалб карда шаванд»,- шарҳ медиҳад вакил Мавлуда Мирзозода.