Article Pages

  Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Дарвоз: касе аз шиканҷа шикоят накард Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии шуъбаи милисаи ноҳияи Дарвоз 22-23-юми августи соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ду намоянда аз ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ворид гардиданд. Тавқифгоҳи...

08.10.2018 - 10:47

Мониторинги такрории тавқифгоҳи муваққатии РВКД-и шаҳри Хоруғ: дар ҳавлии сайругашт камераи назорати видеоӣ насб карда шуд Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии РВКД-и шаҳри Хоруғи ВМКБ 28-29-уми августи соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ду намоянда аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид шуданд. Ҳангоми...

08.10.2018 - 10:40

Мониторинги тавқифгоҳи муваққатӣ дар шуъбаи милисаи ноҳияи Рушон 25-27-уми августи соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Баъди вохӯрӣ бо сардори ШВКД-и ноҳияи Рушони ВМКБ ва фаҳмонидани мақсади боздид, ба гуруҳи мониторингӣ дастрасӣ ба муассиса таъмин карда шуд. Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду нафар намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ду намоянда аз ташкилотҳои...

08.10.2018 - 10:35

Рӯзи 5-уми октябр хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбӣ иҷборӣ ба идораи комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурда шуд.  Ин нафарон худро кормандони Комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ карданд, вале дар тан либоси мулкӣ доштанд. Юсуфӣ мегӯяд, рафтори онҳо бисёр дағалона буд ва ба далелҳои хабарнигор, ки ӯ билети ҳарбӣ дорад, гӯш намедоданд....

05.10.2018 - 16:26

Прокуратураи ноҳияи Ёвон 27-уми сентябри соли 2018 нисбати ду нафар корманди фаврии ШВКД-и маҳаллӣ бо моддаи 143, эзоҳи 1, қисми 2 (шиканҷа)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Ҳарду нафар ба он гунаҳгор карда мешаванд, ки моҳи июли соли ҷорӣ сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадовро боздошт намуда, ӯро шиканҷа додаанд, то дар мавриди ҷинояте, ки содир накардааст, нишондоди худиқрорӣ гиранд. Баъди...

05.10.2018 - 16:20

Додситонии ҳарбии шаҳри Кӯлоб ба таҳқиқи марги як сарбоз дар қисми нирӯҳои марзбонии минтақа шурӯъ кардааст. Мақомот гуфтанд, ки рӯзи 27-уми сентябр Алӣ Мирзоеви 26-сола аз тири силоҳи ҳамхидматаш ҷон бохт. Санҷиши ҳодиса аз рӯи моддаи 387-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад) шурӯъ шуда, гумонбар ба...

04.10.2018 - 05:48

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон», ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар силсилаи чорабиниҳои маълумотноксозиро баргузор намуд.  Чорабиниҳои маълумотноксозӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ моҳҳои июл ва...

02.10.2018 - 16:46

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба сокини 25-солаи шаҳри Кўлоб, ки дучори шиканҷа ва муносибати бераҳмона гардидааст, кўмаки ҳуқуқӣ мерасонад. Файзалӣ Латипов дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт ва бо мабла ғи аз меҳнаташ ба даст оварда волидонашро, ки дар ватан буданд, таъмин...

29.09.2018 - 15:44

"Вақте гуноҳи гуфтаашонро ба гардан нагирифтам, маро дар бехи девор шинонданд. Яке аз кормандони пулис пояшро дар байни ду пойи ман гузошт ва ба ҳамкораш гуфт, ки инро "Мерседес" мекунем. Мисли "педал"-и "Мерседес" узви таносули маро бо пойҳояш пахш кард. Вақте иқрор нашудам, аз қафо, аз миён ва аз поён бо сӯзан заданд. Баъди он..." Ин нақли Шаҳбоз Аҳмадов, як сокини ноҳияи Ёвон, аст,...

27.09.2018 - 18:33

Страницы