Тренинг оид ба баҳогузории оқибатҳои ҷисмонии зӯроварӣ тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ

Душанбе, 15-16-уми октябр тренинг оид ​​ба баҳогузории оқибатҳои ҷисмонии зӯроварӣ тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ баргузор мешавад.

Номи пурраи чорабинӣ "Ҳуҷҷатгузории оқибатҳои ҷисмонии шиканҷа тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ - намунаи нав" мебошад.

Чорабиниро ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон», ки шомили Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст, бо дастгирии Шарикии байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) баргузор менамояд.

Интирокчиёни тренинг адвокатҳо ва шарикони Эътилофи зидди шиканҷа хоҳанд буд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ бо суроғаи зерин муроҷиат намоед:

E-mail: notorture.tj@gmail.com

NotortureTj