Тренинги навбатӣ барои кормандони системаи пенитенсиарӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои кормандони системаи пенитенсиарии кишвар тренинги навбатиро гузаронид.

Ин навбат тренинг аз силсилаи «Хусусиятҳои нигоҳдорӣ ва дастгирии равонии маҳбусон тибқи стандартҳои милливу байналмилалӣ (Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи зидди шиканҷа, Қоидаҳои Мандела, Қоидаҳои Пекинӣ, Қоидаҳои Бангкокӣ, Протоколи Истамбулӣ) 9-10-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Иштирокдорони чорабинӣ 25 нафар - кормандони тиббӣ, роҳбарони гуруҳҳо, кормандони фавриву ҳарбӣ, кормандони омӯзанда ва равоншиносон буданд.

Дар рӯзи аввали тренинг бо рӯнамоии Стратегияи ислоҳоти системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 роҳбари шуъбаи кадрҳои СРИҶҶ Сироҷиддин Нуров баромад кард. Дар бораи уҳдадориҳои байналмилалии кишварҳо (ҳуҷҷатҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ва тавсияҳои асосии оҷонсиҳои СММ) Абдураҳмон Шарипов - ҳуқуқшиноси ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки шомили Эътилоф аст, сухан гуфт. Ӯ ҳамзамон дар мавзуи «Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа: шарҳи меъёрҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои давлат» баромад карда, оид ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо изҳори назар намуд.

Азиза Маматова - муаллими калони кафедраи равоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар бораи монеаҳои касбӣ ва бартарафсозии онҳо изҳори назар мекунад.

Дар рӯзи дуввум мутахассис оид ба Протоколи Истамбулӣ Парвина Наврӯзова дар бораи Дастурамал оид ба тафтиши самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо сухан гуфт.

Тақдиршо Шарипов - профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии ДМТ дар бораи ҳуқуқҳои маҳбусон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои ҳадди ақали СММ оид ба муносибат бо маҳбусон - Қоидаҳои Нелсон Мандела изҳори назар кард.

Тренинги нахустин аз ин силсила, ки аз ҷониби сафорати ИМА дар ҶТ дастгирӣ ёфт, аввали моҳи март доир гардид. Тренинги дуюм 30-31-уми март дар ҳудуди колонияи занона дар Норак баргузор шуд. Интизор меравад, ки давоми сол чунин тренингҳо дар ҳудудҳои муассисаҳои ислоҳотӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар доир мегарданд.

NoTorture.Tj