Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст, барои машваратчиёни ҳуқуқии судҳои вилояти Суғд трениги навбатиро баргузор намуд.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон», ки дар доираи созишномаи субгрантии «Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид амалӣ мешавад, доир гардид.
Мақсад аз баргузории тренинг баланд бардоштани саводнокии иттилоотию ҳуқуқӣ ва фаъол намудани машваратчиёни ҳуқуқии нав интихобшуда/таъиншуда ҳангоми иштирок дар мурофиаҳои судӣ мебошад. Инчунин дар тренинг ба мавзӯи шиканҷа ва ҷавобгарӣ дар доираи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ барои истифодаи он таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба мутахассиси самти иттилооти ташкилот Абдурасулова Муҳаррам муроҷиат намоед:
+992 927755755
e-mail: info@apart.tj, web-site: www.apart.tj