Тренинги онлайнии "Стандартҳои байналмилалии озодӣ аз шиканҷа"

Коршиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, 8-уми октябри соли 2024 дар платформаи Jitsi.meet дар мавзӯи «Стандартҳои байналмилалии озодӣ аз шиканҷа” тренинги онлайнӣ гузарониданд.

Дар чорабинӣ аз ҳисоби фаъолон ва ҷонибҳои манфиатдор зиёда аз 15 нафар иштирок намуданд. Аз ҷумла, тренерҳо мафҳуми асосии шиканҷаро мутобиқи Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ пешниҳод карданд. Моддаи 7-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муқаррар кардааст: «Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ё муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ё ҷазо қарор гирад. Шиканҷа намуди муносибати бераҳмона ба шумор меравад».

Тренерҳо аз таҷрибаи ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа дар сатҳи байналмилалӣ мисол оварданд. Чорабинӣ дар шакли лексия - муаррифӣ ва машғулиятҳои амалӣ сурат гирифт.

Аз рӯи ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиён якчанд тавсияҳо доданд: гузаронидани машғулиятҳои тобистона дар мавзӯи озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, дарсҳои маҳорат, тренингҳо, викторинаҳо ва дигар чорабиниҳои тарбиявӣ дар ин мавзуъ; омӯзонидани дуруст тартиб додани ариза дар бораи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва ғайра.

NotortureTj