Article Pages

Падар ва вакили дифои сарбози дар артиш маъюбшудаи тоҷик аз ҳукми коллегияи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон шадидан норозӣ буда, ният доранд, ки аз болои ин ҳукм шикоят баранд. Падар ва вакили дифои Шаҳбол Мирзоев, сарбози дар артиш маъюбшудаи тоҷик аз ҳукми коллегияи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон шадидан норозӣ буда, ният доранд, ки аз болои ин ҳукм шикоят баранд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ...

08.08.2015 - 14:03

Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори Додгоҳи ҳарбӣ дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ зарари модӣ ва 20000 сомонӣ зарари маънавӣ ба сарбози латту кӯбшуда Шаҳбол Мирзоевро бекор кард. Аз ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” гуфтанд, Колегияи ҳарбии Суди олӣ имрӯз, 6 август дар пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар қарори Додгоҳи ҳарбии гарнизони...

06.08.2015 - 17:38

Наздикони Нуралӣ Ҳайдаров, сокини ноҳияи Шаҳритус, мегӯянд, ки дар пешонаи ӯ пайи тирро дидаанд. Хонаводаи Нуралӣ Ҳайдаров, сокини ноҳияи Шаҳритус, мегӯянд, ҷасади фарзанди худро баъд аз якуним соли хидматаш дар қисми ҳарбии 2803-и Ишкошим гирифтаанд, ки ба қавли онҳо гӯё аз пешонааш тир хӯрда, қисме аз рӯяш низ сӯхта будааст.  Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус 3 август ба Радиои...

03.08.2015 - 15:21

Матлаби Радиои Озодиро дар бораи поймол шудани ҳуқуқи як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия шабакаи телевизионии ЮГРА-и вилояти мухтори Ханти-Мансийск низ дунбол кард ва пажӯҳиш анҷом дод. Гузоришҳои Радиои Озодӣ дар бораи латту кӯб шудани шаҳрванди Тоҷикистон -- Саид Саидҷонови 30-сола дар Русия матбуоти он кишварро ба баррасии беадолатии кормандони пулис ва мақомоти додгоҳии вилояти мухтори...

03.08.2015 - 12:48

Додгоҳи низомии Суғд як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро ба ҷурми шикастани ҷоғи ҳамхидматаш барои панҷ сол равонаи зиндон кардааст. Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд Субҳонбек Сафарзода -- сарбози қисми низомии 08901, воқеъ дар шаҳри Чкалов (Шоҳкант)-ро барои зада шикастани ҷоғи яке аз ҳамхидматонаш барои панҷ сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Абдураҳим Бегзода, раиси Додгоҳи низомии гарнизони...

01.08.2015 - 22:00

Файзалӣ Достиев, муовини сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа рӯзи 27-уми июл дар ҳаштумин нишасти омодабошии САҲА дар самти иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқи инсон зикр кард, ки баъди шомил гардидани ҶТ ба СММ робита бо аъзою созмону ташкилотҳои байнулмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон зич ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар моддаи 5-и Эъломияи ҳуқуқи башар оварда шудааст, ки...

28.07.2015 - 16:29

Дар шаҳри Душанбе давоми ду рӯз - 27-28-уми июл ҳаштумин нишасти омодабошии САҲА дар самти иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқи инсон баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки нишасти мазкур бо ибтикори Бюрои САҲА дар Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандї дар тарабхонаи «Ҳайат Реҷенси» доир мегардад. Тавре намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо иттилоъ додааст, дар ин нишаст 120...

27.07.2015 - 09:36

Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе алайҳи як ҳамхидмати Аъзам Убайдуллоев, сокини Исфара, ки дар марги ӯ муттаҳам мешавад, бар асоси моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст. Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе мегӯяд, алайҳи як афсари қисми низомии 2604-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар маргиАъзам Убайдуллоев, сокини Исфара муттаҳам мешавад, парванда боз кардааст. ​...

25.07.2015 - 15:11

Додситонии Кӯлоб парвандаи се афсари қисмҳои низомиро бо иттиҳоми бадрафторӣ дар нисбати зердастонашон таҳқиқ ва ба додгоҳ фиристодааст. Додситонии низомии минтақаи Кӯлоб парванди ҷиноӣ нисбати се афсари қисмҳои низомии ин минтақаро ба иттиҳоми бадрафторӣ дар нисбати зердастонашон барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Икром Зоирзода, додситони низомии минтақаи Кӯлоб рӯзи сешанбеи 14 июл...

15.07.2015 - 16:20

Рӯзи 13 июл аз маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ ҷасади боз як сарбозро ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд оварданд. Ин ҷо дар бораи сарбоз Парвиз Дӯстматови 20-сола сухан меравад, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар ин мавзеъ хизмат мекард ва то анҷоми муҳлати хизматаш 8 моҳ боқӣ монда буд. Ба гуфтаи хешу табор ва наздикони Парвиз, ҳангоми тановули хӯроки...

15.07.2015 - 09:38

Страницы