Article Pages

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки ба Фарҳод Ғоибов – сокини 37-солаи Панҷакент – 11 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозанд. Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Фарҳод Ғоибов, рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин қарор охири ҳафтаи гузашта содир шуд. Наздикони Фарҳод Ғоибов мегӯянд, ки пас аз латту кӯб дар идораи пулиси шаҳри Панҷакент...

23.11.2017 - 11:40

Дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - "Амал барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон" аз 27 то 29-уми ноябри соли 2017 тренинги "Стандартҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ дар самти солимии равонӣ бо ишора ба муассисаҳои пўшида" баргузор мегардад. Ҳадафи тренинг баланд бардоштани касбияти аъзои Гурўҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон...

22.11.2017 - 17:29

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе се сокини ноҳияи Ёвонро, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир гумонбар мешуданд, зиндонӣ кард. Рўзи 21-уми ноябр судяи парванда Шарифҷон Сайдализода эълон дошт, ки Ҷонибек Сайфиддинов 8,6, Насим Кукиеву Ёсин Меликов 8-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин афрод дар ҷараёни муҳокимаи судӣ гуфтанд, ки тафтишу баррасии парванда бо нақзи ҳуқуқ анҷом шуда буд ва...

22.11.2017 - 11:11

Дар давраи аз 1-уми июл то 30-юми сентябри соли 2017 аз ҷониби Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои аъзои Эътилоф 15 муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳолатҳои эҳтимолии шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки аз онҳо 5 ҳолаташ марбут ба ноболиғон аст. Аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба ин мақомоти давлатӣ ворид шудаанд: ВКД, аз ҷумла РМЗҶМ,...

28.10.2017 - 19:31

Адвокатҳои вилояти Суғд дар тренинг оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо иштирок карданд. Бояд зикр намуд, ки Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон давраи тренингҳои омўзиширо оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати...

27.10.2017 - 13:46

Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар давраи июл - сентябри соли 2017 аз се муассисаи пўшида дидан кард: тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Ванҷи ВМКБ (25-26-уми июл), Беморхонаи марказии бемориҳои руҳии ВМКБ дар ноҳияи Роштқалъа (27-28-уми июл), тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Рўдакӣ (22-23-юми август). Дар ҳар се муассиса ҳам ҳолатҳои шиканҷа ё муносибати бераҳмона ба қайд гирифта нашуд...

27.10.2017 - 09:09

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (минбаъд - Эътилоф) дар доираи лоиҳаи бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалишаванда аз 27 то 29-уми октябри соли 2017 тренинги «Беҳтарнамоии малакаҳои равоншиносон оид ба баҳогузории равонӣ, ташхис ва офиятбахшии аз шиканҷа начотёфтагон ва /ё аъзои оилаи онҳо»-ро баргузор менамояд. Чорабинӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Амал барои озодӣ...

27.10.2017 - 07:37

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон давраи тренингҳои омӯзиширо оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо оғоз карданд. Дар тренингҳои серӯза зиёда аз 60 нафар адвокатҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок...

26.10.2017 - 09:36

Дар давраи июл - сентябри соли 2017 аз ҷониби Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо 10 нафар (7 мард ва 3 зан) барои офиятбахшӣ фиристода шуданд. Аз онҳо 6 нафарашон бевосита ҷабрдидагони шиканҷа ва муносибати бераҳмона буда, 4 нафари дигар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмонаанд. Як нафар бо сабаби он, ки аз толори суд ба ҳабс гирифта шуд, натавонист...

25.10.2017 - 15:38

Хонаводаи ҷавоне, ки дар гузашта аз бемории сил ранҷ мебурд, аз вазъи саломати фарзандашон дар саффи нирӯҳои мусаллаҳ ва хатари сироятёбии ҳамхидматонаш нигаронанд. Некрӯзи Комили 22-сола, ба гуфтаи наздикон, баҳори имсол аз хонаашон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) ба артиш бурда шуд. Ба иддаои наздикон, бо вуҷуди онки исми Некрӯз дар дафтари гирифторони сил сабт аст, ӯ барои адои...

19.10.2017 - 08:47

Страницы