Article Pages

Ба Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон рӯзи 10-уми март сокини ноҳияи Варзоб Туйчӣ Аминов оид ба рафтори ғайриқонунии кормандони ШВКД-и ноҳияи Варзоб шикоят кард. Тавре ба «АП» Абдураҳмон Шарипов, корманди ташкилоти ҳуқуқҳимоякунандаи номбаршуда гуфт, Туйчӣ Аминов хабар медиҳад, ки 5-уми марти соли 2015 тахминан соати 21 бе ягон шарҳу асос ба хонааш се нафар мард медароянд. - Як нафари...

16.03.2015 - 09:40

Сарбози қисми низомии 07017-и воқеъ дар ноҳияи Бохтари Вазорати мудофиаи ҶТ аз силоҳ ба сӯйи ҳамхизмати худ тир холӣ кард. Алимардонзода Маҳмудалӣ Амрияздон, прокурори прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи аввали рӯзи 10-уми март миёни сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ Илҳом Бобоев, ки дар навбатдорӣ қарор дошт ва Исломиддин Искандар муноқиша...

13.03.2015 - 16:50

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, шахсе, ки ҳамхизматаш Баҳриддин Насриддинов -- сарбози вазорати дифои Тоҷикистонро латукӯб кард, боздошт шудааст. Баҳриддин аз чанд рӯз ба ин тараф дар бемористон бистарӣ мебошад. Муфаттиши парвандаи латукӯби Баҳриддин Насриддинов, сарбози вазорати дифоъ мегӯяд, сарбозе, ки Баҳриддинро латукӯб кардааст, дастгир шуда ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсӣ...

12.03.2015 - 09:58

Як сарбози нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо осеби ҷиддии косахонаи сар чор рӯзи охир дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Қарияи боло бистарӣ шудааст. Наздикони Баҳриддин Насриддинови 22-сола сешанбеи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ ҳангоми ҷанҷол бо як ҳамхидматаш зарб бардоштааст. Гулчеҳра Насриддинова, модари сарбоз, ки бо мо дар бемористони Қарияи Боло сӯҳбат мекард...

10.03.2015 - 22:41

Ташхиси психологӣ ҳаҷми зарари маънавии Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшудаи тоҷикро 180 ҳазор сомонӣ муайян кардааст, ки ин нисбат ба маблағе, ки қаблан хонаводаи Мирзоев аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ талаб доштанд, бештар мебошад.  Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, имрӯз, 10 март дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, минбаъд дар додгоҳ ба ҷои 144 ҳазор...

10.03.2015 - 13:07

Волидони ду ҷавон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бовар доранд, фарзандонашон дар зери зарбу латти маъмурони пулис як ҳолати ғоратгариро ба гардан гирифтаанд. Волидони Шерзод Алиев ва Ойбек Холматов, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, иддао доранд, маъмурони пулис таҳти фишор ва зарбу лат як ҳолати ғоратгариро ба гардани фарзандонашон бор кардаанд. Онҳо аз раисиҷумҳури Тоҷикистон ва...

10.03.2015 - 09:50

Додгоҳ барои рӯшан кардани он ки оё Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми даъвати тирамоҳии артиш латту кӯб шудааст ва ё худро аз мошин ба берун партофта, ҷароҳат бардоштааст, ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ таъин кард. Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд барои дақиқ кардани он ки оё Саидалӣ Ҳақбердиев – сокини 24-солаи шаҳри Панҷакент, воқеан, ҳангоми "облава" латту кӯб шудааст ваё аз мошин парида ҷароҳат...

05.03.2015 - 17:26

Ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо пахши як изҳороти муштарак таъкид мекунанд, ки қабули лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи хидмати ҳарбӣ метавонад, “облава”-ро қонунӣ гардонад.  Тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқ дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки феълан аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ дар сомонаи Вазорати адлия нашр...

04.03.2015 - 10:22

Наҷмидди Қаюмов -- як сарбози вазорати дифои Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл захмӣ шуда буд, мегӯяд, ки қасди худкушӣ надошт, балки аз беэҳтиётӣ тир ба манаҳаш бархӯрдааст. Наҷмиддин Қаюмов, сарбози қисми ҳарбии ”17 651”-и вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 26 феврал барои бори нахуст сабаби захмӣ шуданашро шарҳ дод ба таври хаттӣ баён кард, ки қасди худкушӣ надошт ва аз беэҳтиётӣ ва муомилаи...

26.02.2015 - 10:31

Сарбози Вазорати мудофиа Наҷмиддин Қаюмов, ки рӯзи 8 феврал бо захми тир бистарӣ шуда буд, муваффақона ҷарроҳӣ шуда, таҳти муоинаи мунтазами ҳайати тиббии Маркази миллии тиббӣ қарор дорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод, алҳол табибон ба бозпурсиву суҳбат бо ӯ иҷоза намедиҳанд, вале ҳарчанд зиёд гап задан ба ӯ тавсия нашуда бошад ҳам, сарбоз аллакай...

19.02.2015 - 17:55

Страницы