Вазири мудофиа аз комиссариатҳои ҳарбӣ хост дар маъракаи даъват ба артиш ба усулҳои ғайриқонунӣ даст назананд

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар арафаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз комиссариатҳои ҳарбии вилояту шаҳру навоҳӣ хост дар маъракаи даъват ба усулҳои ғайриқонунӣ даст назананд. Дар ин бора, тавре дар сомонаи Вазорати мудофиа хабар дода мешавад, ӯ рӯзи 23-юми сентябр дар як ҷаласаи бахшида ба даъвати дарпешистода сухан гуфт.

Зимни вохӯрӣ ӯ нахуст дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмонро ироа намуда, инчунин рафти маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбиро муфассал таҳлилу баррасӣ намуд.

«Зикр гардид, ки дар баробари ба даст овардани комёбиҳои назаррас дар фаъолияти баъзе комиссияхои даъватӣ як қатор камбудиҳо ҷой доранд, ки ин боиси ташвиш мегардад»,- гуфта мешавад дар хабар бидуни ироаи тафсилот.

Тибқи иттилои Вазорати мудофиа, инчунин масъалаҳои марбут ба тартиби дурусти бақайдгирии шаҳрвандон, омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихоб ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму қобилиятнок, пешгирии шеваҳои ғайриқонунии даъвати ҳарбӣ ва дигар қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта низ баррасӣ гардидаанд.

Ҷавонони Тоҷикистон соле ду маротиба - дар фасли баҳор ва тирамоҳ ба артиш даъват гардида, дар ҳар даъват ҷавонони аз 18 то 27-сола ҷалб карда мешаванд.

Ба гуфтаи коршиносон, ба далели муносибати бераҳмона ва меҳтарсолорӣ аксари ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон худдорӣ мекунанд. Солҳои охир дар бораи чанд мавриди латукӯби бераҳмона аз сӯи ҳамхидматони даъватшудагон хабар дода шуд. Баъзеи онҳо боиси марги хизматчиёни ҳарбӣ шуданд.

NotortureTj