Вохӯри бо кормандони ШВКД ҶТ бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

Санаи 24 июн дар ш.Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа вохӯри бо кормандони ШВКД ҶТ дар ш.Хуҷанд гузаронида шуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи Ҳуқуқ" ва Фонди Ҳолландии "Perspectivity Challenge" дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: Таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми ҷазо», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.

Зимни вохӯри Роҳбари намояндагии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд, Ҳамидова Ҳ. дар мазӯъи: “Нақши ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар пешгирии шиканҷа” ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” баромад намуд.

Инчунин мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузори ҳолатҳои шиканҷа Ашурова Г. дар мавзӯи : “Фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқи Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон” ва “Қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ оид ба озоди аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона” баромад намуданд.

OO «Мир права»