Article Pages

Қаблан мо дар бораи «Парвандаи фархорӣ» ва истифодаи шиканҷа нисбати Файзалӣ Латипов гуфта будем. Парванда дар суд «фурӯ рехт», онро барои тафтишоти иловагӣ баргардониданд, он аз як шуъба ба шуъбаи дигар интиқол ёфт. Баъди «сайр»-и аҷибу пӯшидаи парванда, бо шикояти адвокатҳову хешовандон Прокуратураи генералӣ онро барои қабул намудани қарори ниҳоӣ талаб кард. Хешовандон ва адвокатҳои Файзалӣ...

12.03.2019 - 13:20

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон намояндагони ВАО-и ватаниро бо иди касбиашон - Рўзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола рўзи 11-уми март ҷашн гирифта мешавад, табрик мегўяд. Мо ҳамкорӣ бо рўзноманигоронеро, ки дар мавзуҳои ҳуқуқи инсон, мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона менависанд ва бо матолиби худ кўшишҳои огоҳсозӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати...

10.03.2019 - 08:47

Додситонии ҳарбӣ нисбат ба марги Илҳомҷон Худойбердиев, сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар яке аз қисмҳои низомӣ дар шаҳри Роғун хидмат мекард, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ҷасади Илҳомҷон Худойбердиев, сокини 20-солаи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ)-и вилояти Суғдро рӯзи 16-уми феврали имсол ба хонаводааш доданд ва ӯ худи ҳамон рӯз ба хок супурда шуд. Ориф Нозимов, сухангӯи...

03.03.2019 - 11:35

Шиканҷа шудани гумонбарони амалҳои ҷиноятӣ аз масъалаҳои доғест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Коршиносон мегӯянд, кор гирифтан аз шиканҷа яке аз роҳҳои осони ба даст овардани маълумот дар бораи ҷиноят ва ё барои ба дӯши гумонбаршуда бор кардани он мебошад. Имрӯзҳо нафарони зиёд аз волидайну наздикони боздоштшудаҳо ва маҳбусон ба рӯзномаву ҳафтаномаҳои даврӣ бо...

28.02.2019 - 15:34

26-уми феврали соли 2019, дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ВТ ва ҲИА ҶТ) дар ҳамшарикӣ бо ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бахшида ба натиҷаҳои мониторинги муассисаҳои тиббӣ дар самти истифодаи амалии «Протоколи шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудагон», ки бо Фармони ВТ...

27.02.2019 - 12:24

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳамаи ҳомиёни Ватанро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод мегӯяд! Ба шумо дар дилхоҳ тасмимгириҳо ҷасорат, руҳияи мусбати доимӣ, дастовардҳои нав ба нав, андешаҳои солим, саломатии бардавом, ҳамчун ҳимоятгарони воқеӣ - бурдбории оилавӣ, хушбахтӣ ва сулҳу амонӣ хоҳонем!        ...

23.02.2019 - 10:00

Хешовандони Алиҷон Ашӯрови 27-сола тасдиқ мекунанд, ки писари онҳоро ғайриқонунӣ боздошт намуда, шиканҷа карда ва дар «шароити ғайриинсонӣ» нигоҳ доштаанд… Ба гуфтаи онҳо, ин ҳама ба он хотир рух додааст, ки Алиҷон муқобили худ нишондод диҳаду ба терроризм, зархаридӣ ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ «иқрор» шавад. Занги нобоб Сартароши 27-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ Алиҷон Ашӯров чун қисми зиёди дигар...

22.02.2019 - 12:45

Душанбе, 21 феврали соли 2019 -Чанде пеш дар шаҳри Душанбе вобаста ба татбиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ(ПБҲШС) дар Тоҷикистон семинар баргузор гардид. Семинар аз ҷониби Маркази ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (Женева), ФҶ “Нотабене” ва ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар доираи лоиҳаи “Мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳо дар самти ҳуқуқи инсон” бо...

21.02.2019 - 11:47

Вазири умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки додситонӣ ба зидди чаҳор афсари вазорат, барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва шиканҷа парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Фарҳод Нурхонов, муовини сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ дар раёсати умури дохилии Душанбе ва Аваз Сабзаеву Икромиддини Аҳлиддин - кормандони идораи мазкур ба он гумонбар мешаванд, ки бо ифтитоҳи парвандаи...

15.02.2019 - 16:44

Страницы