“Якҷоя барои ҳуқуқи инсон” дар радиои Asia-Plus

Рӯзи сешанбе, 10-уми декабр, дар барномаи мустақими рӯзонаи «Меҳмони студия» дар радиои Asia-Plus дар доираи чорабинии «Якҷоя барои ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҳуқуқшиносон ба суолҳои радиошунавандагон посух гуфтанд.

10-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (Human Rights Day)-ро қайд кард. Дар доираи аксияи “Якҷоя барои ҳуқуқи инсон”, ки аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуд, ба суолҳои радиошунавандагон дар масъалаи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ ҳуқуқшиноси ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” Авезов Улуғбек, оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа директори ТҶ “Дунёи ҳуқуқ” Холматова Гулчеҳра, дар масъалаи ҳуқуқ ба манзил ҳуқуқшиноси ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” Шарипов Абдураҳмон - коршиносони ташкилотҳои узви Эътилоф посух доданд.

Радиошунавандагон асосан ба масоили ишироки баробар дар сохтмон, аз ҷумла, мушкилоти иштирокчиёни фиребхӯрда, кашол додани раванди қабули давлатии иншооти сохтмонӣ ва дастрас нагардидани ҳуҷҷатҳои барқарор намудани ҳуқуқҳо баъди қабули давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Шунавандагони барномаи радиоӣ инчунин ба масоили муҳоҷират таваҷҷуҳ доданд. Масалан, яке аз суолҳои аз ҳама нигаронкунанда ин буд, ки “агар муҳоҷирро кордиҳанда фиреб кунад, ба куҷо муроҷиат намояд?”. Дар мавриди масоили озодӣ аз шиканҷа радиошунавандагон ба ҳимояи амалӣ зимни истифодаи шиканҷа ё муносибати бераҳмона нисбати афрод ва ё хешовандони наздики онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

    

Чорабинӣ дар доираи аксияи «Якҷоя барои ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг, Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаҳои БРСММ оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ, барномаи ҳуқуқии Институти «Ҷамъияти кушода» баргузор гардид.

NoTorture.Tj