Article Pages

Волидайни маҳбус Ҳамза Икромзода, ки 20-уми сентябри соли гузашта эҳтимол бар асари шиканҷа дар маҳбасхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид, аз Прокуратураи генералӣ тафтиши дақиқи ҳодисаи мазкурро талаб доранд. Онҳо рӯзи 3-юми январ дар ин бора ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданд. Наздикони Ҳамза Икромзода мегӯянд, натиҷаи ташхис пешакӣ маълум аст, зеро коршиносон ба хулоса...

04.01.2013 - 14:59

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал - демократи Тоҷикистон, мегӯяд мақомоти тоҷик ба пешниҳодаш оид ба таъсиси комиссияи вижа барои таҳқиқи вазъи зиндонҳо то ҳол вокунише нишон надодааст. Раҳматулло Зоиров рӯзи панҷшанбе, 3-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол ба пешниҳодашон оид ба таъсиси комиссия аз Кумитаи амниятии миллӣ, Омбудсмен ва Маҷлиси намояндагон ҷавобе...

03.01.2013 - 13:53

Суди шаҳри Хуҷанд корманди фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Хусрав Ниёзқуловро барои истифодаи шиканҷа ба 1 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳмонов хабар дод, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба баррасии ин парванда ба итмом расида, Х.Ниёзқулов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа)...

28.12.2012 - 12:13

Падару модарони маҳбусони ноболиғе, ки дар муассисаи ислоҳии тарбиявӣ барои ноболиғон қарор доранд, аз истифодаи шиканҷа нисбати фарзандонашон аз ҷониби кормандони муассиса шикоят оварданд. Ба қавли онҳо, ин ҳодисаҳо баъди сардори нави муассиса таъин шудани Исмат Қурбонов оғоз гардидаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» волидайни маҳбусони ноболиғ хабар доданд, рӯзи душанбе онҳо бо чунин шикоят ба...

25.12.2012 - 14:51

Зиндону ҳоли зиндониёни Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз пушти панҷараҳои оҳанин ба сафҳаҳои расонаҳои дохиливу хориҷӣ рехта, ба мавзӯъи баҳси созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон табдил ёфтааст.   Сар аз фирори 25 маҳбус аз зиндони рақами 1 дигар ҳафтае нест, ки дар расонаҳо мавзӯъи зиндону зиндониён матраҳ набошад. Номи Изатулло Шарипов, ба истилоҳе "зиндонбони рақами 1", ки аз фаъолияти...

23.12.2012 - 11:23

Маҳмурод Ризоев, падари яке аз маҳбусони аз Душанбе ба муассисаи ислоҳии Хуҷанд фиристодашуда ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ӯро ба прокуратура даъват карда, таҳдид кардаанд, ки барои баёноти бардурӯғ нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд. М.Ризоев чандин маротиба ба ВАО перомуни истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона нисбати маҳбусони интиқолшуда, аз ҷумла писари худаш маълумот дода буд...

21.12.2012 - 19:47

Имсол дар муқоиса ба солҳои пешин дар бораи шиканҷаи зиндониён ва афроди боздоштшуда бисёр гуфтанд. Соли 2012 дар таърихи Тоҷикистон соли ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои шиканҷа буд ва ҳам соле, ки калимаи "шиканҷа" борҳо дар минбарҳои Созмони Милал, нишастҳои ҳукумати кишвар ва хабару таҳлили расонаҳои ахбори ом садо дод. Дар ин як сол масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон ду дафъа дар нишастҳои...

20.12.2012 - 14:20

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хостори таъсиси як комиссия барои таҳқиқи вазъи зиндониёни маҳбаси Хуҷанд шудааст.   Ин ҳизб бо ирсоли як нома ба унвони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, пешниҳод кардааст, ки барои баррасии вазъи ин маҳбусон, аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои мухталифи давлатӣ, як комиссияи вижа таъсис дода шавад. ...

19.12.2012 - 12:07

Мақомоти тоҷик ташвиши волидон аз фишор ба маҳбусон пас аз нашри наворҳои шиканҷаи зиндониён дар маҳбаси Хуҷандро, беасос медонанд. Наздикони чанде аз маҳбусоне, ки дар навори видеоӣ осори латукӯб ва бадрафтории нозирони маҳбаси Хуҷандро нишон дода буданд, мегӯяд, баъд аз пахши ин наворҳо ҳайате аз Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон маҳбусонро зери фишор қарор додааст, то...

18.12.2012 - 16:58

Додситони кулли Тоҷикистон ба волидони зиндониён гуфтааст, ки видеои маҳбусони Хуҷандро тафтиш хоханд кард. Шерхон Салимзода , додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 15-уми декабр бархе аз волидони норозии зиндониёнро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо гуфтааст, видеои маҳбусони Хуҷандро, ки дар он иддао мешавад, гӯиё онҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, тафтиш хоҳанд кард. Дар ин бора ба...

17.12.2012 - 10:56

Страницы