Article Pages

Рӯзи 9-уми декабр, дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон барномаи махсуси радиоӣ мустақиман дар барномаи "Имкон"-и радиои "Азия-Плюс" пахш шуд. Меҳмонони студия ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо аз Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - намояндагони ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" ва ТҶ "Ҳуқуқи дастрас" буданд. Дар ҷараёни барнома коршиносон масъалаҳои калидии марбут ба пешгирии...

10.12.2025 - 12:10

Рӯзи 3-юми декабр, дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон тариқи радиои "Азия-плюс" барномаи радиоӣ пахш гардид, ки дар он ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" ва ТҶ "Ҳуқуқи дастрас" ба саволҳои шунавандагон посух гуфтанд. Ба чанде аз суолҳо ҳуқуқшинос, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ”, ҳамоҳангсози...

10.12.2025 - 12:10

Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон мутахассисони ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" аксияи иттилоотӣ-таълимӣ гузарониданд, ки ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ миёни аҳолӣ нигаронида шуда буд. Дар рафти аксия кормандони ташкилот бо донишҷӯёни соҳаи тиб ва ҷавонон суҳбат карда, оид ба ҳуқуқҳои асосӣ ва воситаҳои дастраси муроҷиат ҳангоми нақз шудани онҳо саволҳо доданд. Чунин равиш на танҳо ба муайян намудани...

10.12.2025 - 12:10

Ҷуброн ва офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона унсурҳои асосии татбиқи тавсияҳои мақомоти байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ боқӣ мемонанд. Ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллии Тоҷикистон ба ҳар як қурбонӣ ҳуқуқ ба ҷуброни одилона ва муносибро, ки бояд воситаҳоро барои офиятбахшӣ дар бар гирад, кафолат медиҳанд. Қонун инчунин пешбинӣ мекунад, ки ҷуброни...

09.12.2025 - 12:30

Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мешавад, баҳри ёдрас намудани аҳамияти пойдори баробарӣ, адолат ва шаъну шараф барои ҳамаи одамони рӯи замин хизмат мекунад. Мавзуи рӯзи имсола - "Ҳуқуқҳои мо, ояндаи мо - худи ҳозир" аҳамияти пойдори ҳуқуқи инсонро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ таъкид мекунад. Инак, панҷ далели асосӣ дар бораи ҳуқуқи инсон, ки ҳар як нафар бояд донад: 1....

09.12.2025 - 12:10

9-уми декабри соли ҷорӣ дар факултаи “Таърих ва ҳуқуқ”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров конфронси илмӣ - амалии “Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар ташаккули низоми муосири ҳуқуқи инсон ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар татбиқи талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ дар кишвар” баргузор гардид. Чорабиниро декани факулта, дотсент...

09.12.2025 - 11:02

Ҳамасола 10-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон бо баргузории ҳар гуна барномаҳои маърифатию иттилоотӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон қабул гардид. Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки ҳар сол атрофи ҳуқуқу...

08.12.2025 - 12:10

Дар самти ҳуқуқи инсон нуҳ шартномаи асосии байналмилалӣ вуҷуд доранд. Ҳар яки онҳо кумитаи коршиносонро таъсис додаанд, ки риояи муқаррароти шартномаҳои давлатҳои аъзоро назорат мекунанд. Баъзе шартномаҳо бо протоколҳои факултативӣ, ки ба масъалаҳои мушаххас дахл доранд, пурра карда мешаванд ва дар асоси Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа кумитаи коршиносон таъсис дода шудааст...

08.12.2025 - 12:10

Манъи бозгашти маҷбурӣ ва ихроҷ яке аз уҳдадориҳои асосии байналмилалии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар тавсияҳои худ № 29-30 аз давлат даъват мекунад, ки қарорҳо дар бораи ихроҷи муҳоҷирон қатъиян тибқи қонун, бо риояи тамоми кафолатҳои мурофиавӣ қабул карда шаванд ва афрод ба кишварҳое, ки онҷо хатари шиканҷа ё муносибати бераҳмона ба онҳо таҳдид мекунад, фиристода...

08.12.2025 - 12:10

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсиламатолибро дар бораи Мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Кумитаи зидди шиканҷа (CAT) гузориши даврии сеюм (CAT/C/TJK/3)-и Тоҷикистонро баррасӣ карда, мушоҳидаҳои ниҳоиро дар бораи омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъули дар...

06.12.2025 - 12:18

Страницы