Зӯроварии хонаводагӣ ба оқибати фоҷиавӣ овард ”Худро қисман гунаҳгор меҳисобам”,- гуфт хушдомани Манора

Дар Суди ноҳияи Файзобод баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109, қисми 2 (ба худкушӣ расонидан)-и КҶ ҶТ идома дорад. Назирова Бибикалон - хушдомани марҳум Абдуалимзода Манора худро қисман гунаҳгор ҳисобид.

Шоҳидон ва далелҳо дар парванда тасдиқ намуданд, ки Манора аз муносибати бераҳмона аз ҷониби хушдоман ва қайсингул чандин маротиба шикоят карда буд. Аз сабабе, ки хушдоманаш сардори оила буд ва ҳамаи амалҳо дар оила таҳти роҳбарӣ ва назорати ӯ қарор доштанд, Манора ва се фарзанди ноболиғаш аз ӯ вобастагӣ доштанд.

Ҳимоятгари судшаванда дархост кард, ки кирдори зерҳимояашро бо қисми 1-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и КҶ ҶТ бандубаст карда, нисбати ӯ қонуни ҶТ “Дар бораи авф”-ро татбиқ намуда, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намоянд. Айбдоркунандаи давлатӣ нисбати дархости ҳимоятгар эътироз баён намуда, аз суд рад кардани онро талаб кард. Ҳамчунин, мавқеи айбдоркунандаи давлатиро ҷабрдида ва намояндаи ӯ дастгирӣ намуданд.

Ҳуқуқ ва манфиатҳои Мисоқов Абдулфаттоҳ - падари марҳум Абдуалимзода Манораро Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.

Хотиррасон мешавем, ки санаи 22-юми июни соли 2021 ҷасади зани 25-сола дар манзили истиқоматии иҷоравиаш воқеъ дар ноҳияи Файзобод, ҷамоати шаҳраки Файзобод бо 26 захми корд дарёфт шуда буд.