Article Pages

Падару модари сокини Исфара, ки ба додани баёноти бардурӯғ гумонбар дониста мешавад, ба ҳимоятгар дар бораи амали ғайриқонунӣ ва таҳдиди кормандони милиса ба онҳо хабар доданд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгар Файзинисо Воҳидова дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки чанд рӯз қабл падару модари шоҳид Ш.А. дар парвандаи пурсарусадои куштори корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи...

30.10.2012 - 14:30

29-уми октябр дар Женева нишасти 49-уми Кумитаи СММ зидди шиканҷа оғоз мешавад, ки Тоҷикистон низ дар он гузориш хоҳад дод. Интизор меравад, ба зудӣ як ҳайати давлатии Тоҷикистон ба раҳбарии Шерхон Салимзода, додситони кул ба шаҳри Женева сафар карда ба суолҳои намояндагони Созмони Милал посух бидиҳанд, ки ҳукумати кишвар дар чанд соли гузашта барои решакан кардани шиканҷаву бадрафторӣ...

28.10.2012 - 12:38

Комиссияи экспертии Додситонии кулл натиҷаи ниҳоии ташхис роҷеъ ба сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро эълом кардааст. Комиссияи экспертии Додситонии кулли Тоҷикистон натиҷаи ниҳоии ташхиси худро  оид ба сабабҳои марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси рақами аввал эълон карда гуфтааст, ки Ҳамза Икромзода дар маҳбас худро ба дор овехтааст.  Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода рӯзи...

24.10.2012 - 12:44

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода ба Прокуратураи генералии ҶТ оид ба ҳолати марги Икромов Ҳамзалӣ муроҷиат намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ иттилоъ доданд, дар муроҷиат аз марги Ҳамза Икромзода изҳори нигаронӣ шуда, аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мегардад, ки тафтиши қазияи мазкур фавран...

23.10.2012 - 14:24

Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат Давлат Бобоев, раиси собиқи зиндони рақами 3, маъруф ба "Кирпичная зона" ва Саид Имронов, сардухтури ҳамин маҳбасро барои "бемасъулиятӣ" дар маргиАҷик Қаюмов ба ҷазоҳои мухталиф маҳкум кардааст.  Абдурасул Розиқов, яке аз наздикони Аҷик Қаюмов рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора ба онҳо нусхаи хулосаи додгоҳ пешниҳод шудааст....

20.10.2012 - 17:40

Наздикони маҳбусони Муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт мегӯянд, масъулини маҳбас иҷозати дастрас кардани нашрияҳоро ба маҳбусон намедиҳанд.  Чанде аз наздикони маҳбусони Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки нахостанд номашон ифшо шавад, ба TojNews изҳори нигаронӣ карданд, ки ба онҳо иҷозати расонидани ҳафтаномаҳоро ба наздиконашон надодаанд.   Ин дар ҳолест, ки аз...

19.10.2012 - 14:49

Рустам Азизов, муфаттиши Додситони назоратии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 19-уми октябр ба Озодӣ гуфт, барои дурустӣ ва воқеият доштани ҳарфу далелҳое, ки Сайдалӣ Казаков баъди ба озодӣ баромаданаш ба рӯзномаву сомонаҳо дар бораи вазъи маҳбаси рақами аввал нақл кардааст, санҷиш мегузаронанд. Ин санҷиш мувофиқи дастури Додситонии кулли Тоҷикистон сурат мегирад. Зимнан, Сайдалӣ Казаков ба...

19.10.2012 - 12:40

Вакили мудофеъ Гулчеҳра Холматова аз Додситонии кулл тақозо кардааст, ки парвандаи марги Сафаралӣ Сангов, як сокини пойтахт, дигарбора бозрасӣ ва муттаҳамони қазия бо моддаҳои "ҷиддитар" маҳкум шаванд.  Вай ин масъаларо дар ҳоле матраҳ карда, ки як ҳафта қабл Додгоҳи шаҳри Душанбе ду корманди собиқи шӯъбаи умури дохилии Сино-2 - Абдураҳмон Яъқубов ва...

19.10.2012 - 12:18

Ҳимоятгарони собиқ нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраб Алиев, ки барои истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ба 7 соли зиндон маҳкум гардид, шикояти кассатсионии худро аз Суди вилояти Хатлон бозпас гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Умед Ниёзов хабар дод, санаи 17-уми октябр бояд шикояти кассатсионии ҳимоятгари маҳкумшуда баррасӣ мешуд, вале бинобар бозпас...

19.10.2012 - 10:16

Маҳбусе, ки ҳамчун шоҳиди марги Ҳамза Икромзода муаррифӣ мешавад, мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Рафаэл Мақсудов, яке аз маҳбусҳои зиндони рақами аввали Душанбе мегӯяд, ки ҳамчун шоҳиди латукӯб ва марги Ҳамза Икромзода мавриди бозпурсии муфаттишон қарор гирифтааст. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 18-уми октябр, дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан таҳти ҳимояти мақомоти...

18.10.2012 - 19:44

Страницы