Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳи августи соли равон таваҷҷуҳи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ба масоили ҳуқуқи инсон, бахусус масъалаи шиканҷа назаррас буд.
Санаи 4-уми август торнамои Faraj.tj бо пахши хабаре таҳти унвони «Юсуф Раҳмон: Тарафдори ҳукми қатл ҳастам» аз нутқи Юсуф Раҳмон Аҳмадзод, Прокурори генералии кишвар дар мавриди ҳукми қатл ёдовар шуда, дар идома афзудааст: «Прокурори генералӣ вобаста ба шиканҷа гуфт, ки ҳамагӣ 8 муроҷиат ба Прокуратура ворид шудааст ва аз ин миқдор 1 ададаш қонеъ карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аммо гуфта нашуд, ки ин шиканҷаҳо дар маҳбасҳо рух додаанд ва ё дар мақомоти тафтишоти пешакӣ».
Дар ин маврид оҷонсии иттилоотии TojNews ҳам рӯзи 8-уми август бо номи “Тасдиқи як ҳолати шиканҷа аз ҷониби Прокуратураи генералӣ»
хабар пахш кард.
Фардои ин рӯз, яъне 9-уми август, торнамои NoTorture.tj хабаре таҳти унвони «Муроҷиат ба Прокурори генералӣ: Ба амалҳои милисаҳо баҳо дода шавад» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Имрӯз, 9-уми август, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон оид ба содир шудани ҷиноят ариза пешниҳод кард».
- Эътилоф аз пахши навори таҳқиркунандаи видеоие дар шабакаи Facebook нигаронӣ карда, аз ҷумла изҳор доштааст: «Видеонавори номбурда аз ҷониби шахси номаълум, ки иштирокчии ин ҳодиса мебошад, сабт гардидааст. Ин амалҳо эҳтимолан дар шаҳри Душанбе иҷро шудаанд, ки яке аз милисаҳо бо телефон ба ҷои ҳодиса ишора мекунад: “Ай чойхонаи Дилкушо ису тов хӯр”. Дар видеонавор ба таври дақиқ мошини хизматии «Нива Шевролет», рақами қайди давлатии 7651 В 01 РТ-ро дидан мумкин аст. Капитани милиса ба ноболиғ муроҷиат намуда, аз ӯ талаб мекунад, ки ҷои ҳодисаро тарк намояд. Дар баробари ин, ӯ ноболиғро ду маротиба бо дасташ мезанад, маротибаи якум дар қисми сар, маротибаи дуюм бошад, дида намешавад, аммо садояш сабт гардидааст. Ба мулоҳизаи нафари иштирокдошта оид ба он, ки ӯ ҳуқуқ надорад бо ин ҷавон чунин рафтор кунад, капитани милиса ҷавоб медиҳад, ки “кӯдаки роҳгузара се бор илтимос кардам, гуфтам чорумборда мепарронамаш”. Ин навор рафтори ғайриқонунии корманди милисаро нишон медиҳад, ки дар муносибати бераҳмона, паст задани шаъну шараф нисбати эҳтимол шахси ноболиғ, таҳдиди куштор бо роҳи истифода намудани яроқи оташфишон асос ёфтааст,- менависад торнамо.
Эътилофи макзкур аз Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон хоҳиш кардааст, ки нисбати иттилооти дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» пахшшуда санҷиш гузаронида ва ба амалҳои кормандони милиса баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Бо гузашти чанд рӯз, санаи 15-уми август оҷонсии иттилоотии TojNews хабар дод, ки «Прокуратура ба таҳқиқи шикояти эътилофи зидди шиканҷа аз милисаҳои "беадаб" шуруъ кард».
- Прокуратураи шаҳри Душанбе ба таҳқиқи шикояти Эътилофи зидди шиканҷа дар бораи бадрафтории милисаҳо шуруъ кардааст, ки наворашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Бино ба иттилои Прокуратураи шаҳри Душанбе, айни ҳол шахсияти милисаҳо, ба гумони ғолиб нозирони БДА, ки дар навори мазкур ҷавононро таҳқир ва лат кардаанд, муайян карда нашудааст.- Дар ҳолати мушаххас шудани ҳуввияти онҳо ва собит шудани ҷурмашон, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз хоҳад шуд,- мегӯянд дар Прокуратураи пойтахт. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ҳафтаи гузашта бо ирсоли номае ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз ӯ хост дар мавриди наворе, ки дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» паҳн шуд, санҷиш гузаронад ва ба рафтори ғайриқонунии кормандони милиса баҳои ҳуқуқӣ диҳад,- навишт оҷонсии мазкур.
Ба таъкиди ин оҷонсӣ, «ин аввалин бор нест, ки рафтори дағал, муомилаи дурушт ва ҳатто зарбу лати милисаҳо дар қолаби наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд. Чанд моҳ пеш ҳам таҷлили ҷашни ҳидуҳо Ҳолӣ дар маркази пойтахт муҷиби ғазаби милисаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ шуда буд».
Дигар аз қазияҳое, ки дар моҳи августи соли 2016 боз расонаӣ гардид, қазияи сарбози фавтида Фирдавс Раҳматов буд. Рӯзи 5-уми август торнамои NoTorture.tj таҳти унвони «5 ҳазор сомонӣ ҷуброн ба волидони сарбози фавтида» матлабе пахш карда, хабар дод, ки «Суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 5-уми август шикояти волидони сарбози фавтида Фирдавс Раҳматовро барои ҷуброни зарари маънавӣ баррасӣ карда, бо ҳалнома онро дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ муайян намуд».
Торнамо ҳамзамон ёдовар шуд, ки Фирдавс Раҳматов 7-уми июни соли 2015 дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш ба ҳалокат расида буд. Шикояти волидони ӯ аз болои Вазорати мудофиаи ҶТ бо дархости ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 238 ҳазору 800 сомонӣ моҳи майи ҳамин сол пешниҳод гардид.
Фирдавс Раҳматов, сарбози қисми низомии 04080-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Конибодом ҷойгир аст, 7-уми майи соли 2015 ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, баъди як моҳ - 7-уми июни ҳамон сол ҷисми беҷонаш ба волидонаш баргардонида шуд.
Моҳи октябри соли гузашта Суди ҳарбии гарнизони Суғд се сарбозеро, ки Фирдавс Раҳматовро то ба марг расидан латукӯб карда буданд, гунаҳгор донист. Бо ҳукми суд сержант Раббонӣ Сулаймонов ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Сержант Комрон Раҳимов ба муҳлати 17,5 сол ва сарбози қаторӣ Айём Назаров ба 17 соли ҳабс дар колонияи низомаш пурзӯр маҳкум гардиданд.
Дар пайи ин, Вазорати мудофиаи ҶТ се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталион ва ротаро барои хунукназарӣ аз мақомашон барканор кард.
Баъдтар, санаи 10-уми август торнамои Радиои «Озодӣ» матлабе бо номи «Марги мармузи Рамазон дар артиш» пахш кард, ки аз қазияи нохуши нав дарак медод.
- Наздикони Рамазон Забиров, сокини рустои Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, иддао доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар сафи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматонаш латту кӯб шуда ва баъдан ҷон додааст. Рамазон моҳи апрели соли ҷорӣ ба хидмат рафта ва ҷасадаш рӯзи 7 август ба хок супурда шудааст. Иллати расмии марги Рамазон Забировро, ки дар қисми низомии 2858-и ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд хидмат мекард, то ҳол эълон накардаанд. Хонаводаи ӯ мегӯянд, касе аз масъулони қисми низомӣ низ сабаби марги писарашонро шарҳ надода, ҷасадро гузошта рафтаанд. Мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, натиҷаи ташхиси ҷасади Рамазон Забиров ҳанӯз дастрас нашудааст ва барои ҳамин дар бораи чигунагии марги ӯ суҳбат кардан барвақт аст,- навишт торнамои мазкур.
Мавлуда Тағоева, модари Рамазон Забиров гуфтааст, ки ҳангоми шустани ҷасади писараш дар зери манаҳ, сутунмуҳра ва тарафи рӯяш доғҳои сиёҳро мушоҳида кардаанд ва ин баёнгари латту кӯб шудани ӯст.
Муллозокир Забиров, падари Рамазон гуфтааст, ки онҳо рӯзи 11 -уми август расман ба Додситонии ноҳияи Ҳисор аризаи шикоятӣ навишта ва таҳқиқи марги писарашонро тақозо хоҳанд кард.
Ҳамин торнамо рӯзи 12-уми август хабари дигаре бо номи «Боздошти ду сарбоз дар робита ба марги Рамазон Забиров» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар робита ба марги Рамазон Забиров, сокини рустои Тӯдаи Ҳисор ва сарбози нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ду нафар боздошт шудаанд. Таҳқиқи ин қазия аз тарафи Додситонии ҳарбӣ идома дорад. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонӣ, рӯзи 12-уми август гуфт, аммо ҳанӯз алайҳи ду сарбози боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ нашудааст. "Агар тасдиқ шавад, ки Рамазон Забиров аз латукӯби ин ду сарбоз фавтидааст, баъд нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз мегардад",- афзуд ӯ».
Санаи 16-уми август бошад, торнамои Радиои «Озодӣ» бо пахши хабари «Парвандаи се марзбон барои марги Рамазон дар артиш» навишт: «Вакили дифоъ мегӯяд, алайҳи як афсару се сарбози нирӯҳои марзбонӣ ба гумони даст доштан дар марги Рамазон Забиров парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале тафтишот ниҳоӣ нашудааст. Додситонии ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар робита ба марги Рамазон Забиров, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дилафрӯз Самадова – вакили дифои хонаводаи Рамазон Забиров – рӯзи 16 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба гумони даст доштан дар марги ин сарбоз як афсар ва ду аскари қаторӣ боздошт шудаанд».
Дар ҳамин ҳол, санаи 25-уми август торнамои NoTorture.Tj матлабе таҳти унвони «Тренинг барои тафтиш ва ҳуҷҷатгузории муассири шиканҷа» пахш кард.
- Аз рӯзи 22 то 24-уми август дар шаҳри Душанбе тренинг барои судяҳо баҳри тафтиш ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну эътибор мутобиқ ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ доир гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази таълими судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии «Институти Ҷомеаи Кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон баргузор шуд, навишт торнамо.
Зимни баргузории ин тренинг ҳамоҳангсози гуруҳ оид ба татбиқи Протоколи Истамбулӣ аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Парвина Наврӯзова гуфтааст, ки «гуруҳи мо, аз ҷумла ман, имкони кор кардан бо судяҳоеро доштем, ки ҳамзамон таҷрибаи бузурги худро муаррифӣ намуданд. Дар рафти тренинг ба сафи мо инчунин судяҳо-мутахассисҳое пайвастанд, ки омодаанд ислоҳот гузаронанд ва дар роҳи пешгирии шиканҷа ҷузъе аз фаъолияти мо бошанд».