Октябр: Инъикоси қазияҳои давомдор ва нав

Дар моҳи октябри соли 2016 расонаҳо ба инъикоси қазияҳои давомдор оид ба ҳуқуқи инсон идома доданд, аммо дар ин миён қазияҳои нав ҳам ҷой доштанд.

Санаи 1-уми октябр торнамои NoTortureTj.Org таҳти унвони «Суд далели шиканҷа шудани Игамовро ба эътибор нагирифт»  хабаре пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Суди шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми сентябр шикояти адвокат Дилафрӯз Самадоваро дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ оид ба далели шиканҷа ва боздошти ғайриқонунии сокини 37-солаи Турсунзода Уктам Игамов, ки 2-юми июни соли равон дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд фавтид, рад кард».

Адвокат дар шикояти худ ба истифода шудани шиканҷа нисбати зерҳимояаш, боздошти ғайриқонунии ӯ, нарасонидани ёрии зарурии тиббӣ замони дар СИЗО буданаш, нақз шудани ҳуқуқи аризадиҳандагон дар мавриди тафтишоти самараноку саривақтӣ, инчунин нақзи ҳуқуқҳои мурофиавӣ ишора кардааст.

Яке аз қазияҳои доғ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ сарусадои зиёд ба бор оварда буд, дар моҳи октябр низ ба таври васеъ инъикос ёфт. Рӯзи 5-уми октябр хабаргузории «Озодагон» матлабе таҳти унвони «Ифшои ном, вазифа ва “одами боло”-и милисае, ки журналистро кӯфт»  пахш кард.

- Хуршед Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, ному насаби нафареро, ки Доро Суҳробӣ, журналисти ҷавони тоҷикро латукӯб намудааст, муайян кардаанд… Хуршеди Атовулло таъкид намудааст, ки дар ҳолате агар хулосаи тафтишот қонеъкунанда набошад, тасмим дорад аз ҳисоби журналистон гуруҳи тадқиқотӣ ташкил кунаду асли воқеаро ба ҷомеа расонад. Доро Суҳробӣ, хабарнигори 20-солаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон 18-уми сентябр ҳангоми иҷрои вазифаи хидматияш дар бозори “Гипрозем” аз сӯи мансабдори милиса то ҳолати беҳушӣ мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Доро Суҳробӣ қаблан дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, 18-уми сентябр барои инъикоси корҳои роҳсозӣ ва савдои кӯчагӣ ба назди бозори "Гипрозем" рафтааст: “Шоҳид шудам, ки зани тахминан 55-солаи обфурӯш бо марде дар либоси мулкӣ муноқиша карда, даъво дошт, ки «дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам. Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ". Журналисти ҷавон гуфт, вақте хост асли қазия ва сабаби вайрон шудани тартиботи ҷамъиятиро фаҳмад, он мард дар либоси мулкӣ изҳор доштааст, ки "ту қонундон боз аз куҷо пайдо шудӣ, суратамонро мегирӣ?" ва суратгираки журналистро гирифта, флешкаашро шикастаст: “Баъд ба низомипӯш фармуду маро ба шуъбаи корҳои дохилӣ дар маҳаллаи Гипрозем бурданд. Марде, ки либоси мулкӣ дошт, маро то беҳуш шуданам кӯфт. Нафарони дигар, ки ҳамроҳаш буданд, монеи кори ӯ нашуданд. Баъдан аз якеаш фаҳмидам, ки сардорашон будаст”… Суҳробӣ гуфт, ҳудуди 40 дақиқа дар идораи пулис мондааст ва афзуд, тайи ин муддат, даст, рӯй ва сараш лат хӯрдаанд,- аз ҷумла омадааст дар матлаби ин хабаргузорӣ.

Санаи 6-уми октябр худи ҳамин хабаргузорӣ, яъне «Озодагон» бо пахши хабари дигар таҳти унвони «Таҳияи стратегияи дифоъ аз ҳуқуқҳои Доро Суҳробӣ»  навишт, ки «Қазияи латукӯби рӯзноманигори Маркази тадқиқоти журналистӣ зери назорати созмонҳои хабарнигорӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад. Ин нукта дар ҳамоиши Шабакаи ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорон оид ба тадқиқоти журналистӣ ва намояндаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милиса таъкид шуд.  Дар ҳамоиши мазкур, ки 6-уми октябр дар Душанбе сурат пазируфт, таъкид гардид, ки стратегияи дифоъ аз ҳуқуқҳои Доро Суҳробӣ, хабарнигори латукӯбшудаи тоҷик таҳия гардидааст. Иштирокдорони ҳамоиш гуфтанд, ки талош мекунанд ба ин масъала аз роҳи қонун расидагӣ шавад ва омилони латукӯби хабарнигор муҷозот шаванд».

Рӯзи 7-уми октябр бошад, торнамои Faraj.tj хабар дод, ки «Доро Суҳробиро боз ба беморхона бурданд» .

- Доро Суҳробӣ, журналисти латукӯбшуда аз ҷониби милиса маротибаи дуюм аст, ки аз ҳуш меравад ва бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон расонида мешавад. Бо Доро, ки рангу рӯяш парида ва дар ҳоли ногувор қарор дошт, дар бемористони «Истиқлол» суҳбат намудем. Ӯро Раҷабзода Маҳмадулло, ректори Донишкадаи забонҳо ва декани факултаи филололияи рус Тавбаева Мавлуда Мусулмоновна ҳамроҳӣ менамуданд. Ба гуфтаи Доро, пас аз «кашмакашҳои» чанд рӯзи охир, даъват ва пурсупоси муфаттишону адвокат ва вазъи нохуби саломатиаш ё дар якчанд дарс иштирок карда натавонистааст ва ё дер кардааст. Доро мегӯяд, пас аз латукӯби милиса чанд вақт аст, ки агар каме асабонӣ шавад, сараш ба дард медарояд, пеши чашмонашро торикӣ пахш мекунад,- аз ҷумла омадааст дар ин матлаб.

Худи ҳамон рӯз, 7-уми октябр, хабаргузории «Озодагон» бо номи «Барканории милиса барои кӯфтани журналист ва даъвати ВКД аз Атовулло: Маълумоти доштаро ироа кунед»  хабар пахш намуд.

- Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳолати латукӯби рӯзноманигор Доро Суҳробиро аз ҷониби корманди милиса дар маҳаллаи “Гипрозем” мавриди санҷиш қарор додаст, навишт хабаргузорӣ.

Ба иттилои вазорат, дар рафти санҷиш маълум гаштааст, ки дар ҳақиқат ҳолати мазкур ҷой доштааст: “Барои маълум намудани шахси аниқи рӯзноманигорро латукӯбнамуда ҳамаи кормандони минтақаи маъмурии милитсияи №19 ШВКД дар ноҳияи Сино, ки ҳодиса дар онҷо рух додааст, барои шинохтан пешниҳод карда шуданд. Худи рӯзноманигор кормандеро, ки ӯро латукӯб кардааст шинохта натавонист ва ҳамзамон дар рафти санҷиш муоинаи тиббии рӯзноманигор Доро Суҳробӣ низ гузаронида шуд ва маълум гашт, ки номбурда ҷароҳати ба саломатӣ таъсирнопазир бардоштааст. Барои рух додани ҳолати мазкур сардори Минтақаи маъмурии мазкур Хоҷаев Ислом рӯзи 26-уми сентябри соли 2016 аз кор озод карда шуд”.

Хабаргузории «Озодагон» боз дар санаи 10-уми октябр матлаби дигаре таҳти унвони «Қазияи журналисти латукӯбшуда: “Хулосаи ВКД боиси нигаронист...»  пахш карда, хабар дод: «Созмонҳои хабарнигорӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дидори навбатии худ дар робита ба қазияи латукӯби рӯзноманигори Маркази тадқиқоти журналистӣ иттилоияи Вазорати корҳои дохилиро ба баррасӣ гирифтанд. Дар ин ҳамоиш, ки баъд аз зуҳри 10-уми октябр дар шаҳри Душанбе сурат пазируфт, аз таъйиди далели латукӯби журналист аз сӯи ВКД изҳори қаноатмандӣ шуд, аммо иштирокдорон гуфтанд, ки хулосаи иттилоия боиси нигаронӣ аст, «зеро гунаҳкори асосӣ норӯшан мондааст»».

Санаи 12-уми октябр бошад, торнамои NoTortureTj.Org бо пахши хабар таҳти унвони «Парвандаи рӯзноманигори латукӯбшуда: Ариза ба президент аз болои беамалии кормандони прокуратура» навишт, ки «Гулчеҳра Холматова, адвокати Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои рӯзноманигори латукӯбшуда Доро Маҳкамов ёрии ҳуқуқии худро идома медиҳад».

Ба гуфтаи адвокат, дар бораи ҷинояти кормандони милитсия ба Прокуратураи генералии ҶТ ариза дода, инчунин оид ба тафтиши ғайри самаранок ба ВКД ва Прокуратураи генералӣ шикоят бурда шуд, аммо Прокуратураи генералӣ аризаро ба Прокуратураи ноҳияи Сино фиристодааст.

Яке аз дигар қазияҳои давомдор, ки дар моҳи октябр низ расонаӣ шуд, боз ҳам қазияи Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюб буд. Рӯзи 5-уми октябр торнамои NoTortureTj.Org бо пахши хабар таҳти унвони «Санаи мурофиаи Шаҳбол Мирзоев маълум шуд»  навишт: «Ба иттилои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, мурофиаи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби тоҷик бо Раёсати марзбонии Тоҷикистон, ки бояд 23-юми сентябр дар суди мазкур баргузор мегардид, аммо ба вақти дигар монда шуд, пагоҳ, 6-уми октябр доир мегардад».

Санаи 6-уми октябр бошад, хабаргузории «Азия-плюс» хабар дод, ки «Намояндагони КДАМ ба мурофиаи судии сарбоз Шаҳбол Мирзоев ҳозир нашуданд» .

- Имрӯз, 6-уми октябр дар бинои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе мебоист оид ба масъалаи таъини ҷубронпулӣ ба сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев мурофиаи навбатии судӣ доир мегардид. Мурофиа бинобар сабаби ҳозир нашудани ҷавобгарон - намояндагони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба он ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуда, санаи баргузории мурофиаи минбаъда алҳол номаълум аст,- навишт хабаргузории мазкур.

Дар идома, рӯзи 8-уми октябр хабаргузории «Озодагон» бо пахши хабар таҳти унвони «Кумитаи амният дар бораи ҳозир нашудани намояндааш ба мурофиаи Шаҳбол: Огоҳ набудем» навишт: «Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи расмӣ сабаби ба мурофиаи додгоҳии сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев ҳозир нашудани намояндаашро шарҳ додааст. Масъулини қӯшунҳои сарҳадӣ мегӯянд, «мутаассифона дар бораи оғози суд оид ба парвандаи гражданӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ягон маълумотнома ворид нагардид ва аз ин сабаб дар мурофиаи судӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ намоянда иштирок надошт. Дар сурати дастрас гардидани маълумотномаи суд оид ба оғози рафти парвандаи гражданӣ, намояндаи Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок менамояд»».

Худи ҳамин хабаргузорӣ, яъне «Озодагон» санаи 18-уми октябр хабаре бо номи «Ҷониби Мирзоев иддаои нави мақомотро хилофи қонун хонд»

пахш кард.

- Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 17-уми октябр дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштаанд, ки ҷуброни зарари моддию маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи ин ниҳод бояд гунаҳкор дар латукӯб, куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов пардохт кунад. Дар ин бора Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ҷониби Шаҳбол ин даъвои мақомоти марзбониро мухолифи қонунгузории гражданӣ - мурофиавӣ хонд. Вакили дифои Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон зарари расонда бояд аз ҳисоби маблағҳое ҷуброн шавад, ки дар ихтиёри мақомоти марзбонӣ қарор доранд,- омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки тобистони соли гузашта Колегияи ҳарбии Додгоҳи Олии Тоҷикистон қарори Додгоҳи ҳарбӣ дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ зарари моддӣ ва 20000 сомонӣ зарари маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев бекор кард.

Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта, шоми 8-уми марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латукӯби шадид қарор гирифт. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон кард, ки «гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гӯштин гирондани ӯ бо куҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст».

Хабаргузории «Озодагон» рӯзи 12-уми октябр дар бораи қазияи дигаре низ таҳти унвони «Прокуратураи Шаҳритус: Ноболиғро кормандони комиссариат назадаанд, бо корманди ҷамоат ҷанҷол кардааст»  пахш намуда, навишта буд: «Додситонии Шаҳритус мегӯяд, нисбати қазияи латукӯби як ҷавони 17-cола бо моддаи “майдаавбошӣ” парванда боз шуда, аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Бахтовар Маҳмадиев сешанбеи 11-уми октябр дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, ӯро кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус мавриди латукӯб қарор додаанд. Ба иддаои ӯ, рӯзи 7-уми октябр кормандони комиссариат ба хонаашон омада, аммо касеро наёфтаанд: “Ҳамон рӯз дар хона набудам, кормандони “военкомат” омада, дидаанд, ки касе нест, аз хона пул гирифта рафтаанд. Баъд ба ман телефон карданд, ки биё пулҳоятро гир, маро дар як мошин бор карда, зиёд латукӯб карданд. Ман аз дасташон гурехтам”. Ин ҷавон бо ирсоли аксҳои худ гуфт, дар пайи ин ҳодиса бинӣ ва сараш сахт осеб дида ва панҷ рӯз мешавад, ки дар беморхона қарор дорад».

Аммо аз Додситонии ноҳияи Шаҳритус ба "Озодагон" гуфтаанд, дар пайи санҷиш маълум шуда, ки Бахтовар Маҳмадиев аз ҷониби кормандони комиссариат латукӯб нашудааст: “Вақте ин ҷавон ба прокуратура муроҷиат кард, ӯро бо кормандони комиссариат рӯ ба рӯ кардем, аммо гуфт, ки касе аз инҳо маро назадааст. Баъдан маълум гардид, ки Маҳмадалиев бо корманди ҷамоат Самад Ҷӯрақулов ҷанҷол кардааст”.

Санаи 14-уми октябр торнамои NoTortureTj.Org бо пахши хабар таҳти унвони «Ба Эътилоф боз як зани қурбонии муносибати бераҳмона муроҷиат кард»  аз қазияи нав дарак дод.

- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ боз як далели муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба қайд гирифт. Ба эътилоф зани 34-сола, корманди як созмони байналмилалӣ бо шикоят аз муносибати бераҳмонаи кормандони ШВКД ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат кард. Ба гуфтаи ӯ, воқеа ҳангоми рейди тафтиши шиносномаҳои шаҳрвандон, аввали моҳи октябр, дар доираи амалиёти «Нелегал» рух додааст. Зан бо чанд нафар корманди милиса рӯ ба рӯ мешавад, вақте ки онҳо аз дари ҳуҷрааш медароянд. Ҳамчун соҳибхона, ӯ кӯшиш мекунад вазъро равшан созад ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод мекунад. Аммо кормандони милиса бо тасдиқи он, ки ҳоло дар меҳмонии ӯ шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранду шиносномаҳояшон бояд санҷида шавад, ба ҳуҷра ворид шуданро идома медиҳанд. Сарфи назар аз фаҳмониданҳои соҳибхона, кормандони милиса ба ҳуҷраи ӯ ворид гардида, бидуни ягон шарҳ ва бе интизор шудани шиносномаҳо меҳмонҳоро бо зӯрӣ мебароранд. Соҳиби ҳуҷра ба қароре меояд, ки ҳолати рухдодаро дар телефонаш сабт кунад. Яке аз кормандони милиса телефонашро кашида мегирад ва дар посух ба хоҳиши баргардониданаш, ба латукӯби ӯ мепардозад. Аз мӯйҳояш гирифта, ӯро бо зинапоя ба поён мекашад ва ҳамзамон, бо мушт ба сараш мезанад. Зани ҷавон аз ҳамсояҳо кӯмак мехоҳад, аммо касе ҳатто кӯшиши кӯмак расонидан намекунад. Ӯро бо зӯрӣ ба мошини сиёҳшишаи худ шинонда, корманди милиса латукӯби бераҳмонаашро идома медиҳад. Бе ягон шарҳ соҳиби ҳуҷраро бо меҳмононаш 4 соат, то соати 12-и шаб гӯё барои муайян кардани шахсияташон дар ШВКД ноҳияи Шоҳмансур нигоҳ медоранд.

Ниҳоят, ними шаб, бо гирифтани забонхат, ки алайҳи маъмурини милиса эроде надоранд, онҳоро раҳо кардаанд,- навиш ин торнамо.

Худи ҳамон рӯз, 14-уми октябр хабаргузории «Азия-плюс» хабаре бо номи «ВКД муҷозоти гунаҳкорони лату кӯби зан дар пойтахтро ваъда дод»  пахш карда, навишт, ки «Аз латукӯби як зани сокини шаҳри Душанбе дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз васоити ахбори умум огаҳ шудаанд. Дар Вазорат итминон доданд, ки санҷиши ин ҳодиса оғоз гардида, дар сурати ошкор шудани гунаҳкорон, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».

Торнамои Радиои «Озодӣ» ҳам санаи 17-уми октябр бо номи «Вакили зани ҷабрдида: "Парванда боз нашавад, ба Додситонии кулл меравем"

 матлабе пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Додситонии шаҳри Душанбе то ба ҳол дар робита ба амалкарди кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур дар нисбати зане, ки иддао дорад, ғайриқонунӣ ба манзилаш ворид шуда ва ӯ ва меҳмонҳои хориҷиашро латукӯб кардаанд, парванда боз накардааст ва ин қазия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад… Вакили дифои ин зани ҷабрдида мегӯяд, ки агар додситонии Душанбе ба қазия расидагӣ накунад, ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд».

Дар ҳамин ҳол, санаи 20-уми октябр хабаргузории «Азия-плюс» бо пахши матлабе таҳти унвони «Баррасии парвандаи коргарзани латукӯбшудаи созмони байнулмилалӣ дар прокуратураи Шоҳмансур» хабар дод, ки «Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба баррасии далели латукӯби як зан, сокини шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёти «Нелегал» оғоз кард».

Рӯзи 28-уми октябр бошад, торнамои Радиои «Озодӣ» бо пахши матлабе бо номи «Радди шикояти зани ҷабрдида аз ҷониби додситонии Шоҳмансур»  навишт, ки «Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба аризаи як зани сокини пойтахт, ки иддао дорад кормандони милиса ғайриқонунӣ ба манзилаш ворид шуда ва латукӯбаш кардаанд, ҷавоби рад додааст».

Дар моҳи октябр боз як қазияи дигари идомадор расонаӣ гардид. Рӯзи 26-уми октябр торнамои NoTortureTj.Org бо номи «Дархости модари ҷавони дар Агентӣ фавтида» хабар пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Рӯзи 27-уми октябр дар Суди ноҳияи Синои пойтахт аз рӯи шикояти Тоҷинисо Каримова - модари Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола, ки моҳи апрели соли 2015 дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона даргузашт, мурофиаи судӣ баргузор мегардад.

Модари Шамсиддин талаб дорад, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди марги писараш аз сар гирифта шавад. Сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ронандаи таксӣ Шамсиддин Зайдуллоев моҳи апрели соли 2015 бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд. Баъди чанд рӯзи боздошт дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир ӯ аз дунё чашм пӯшид. Хешовандони ҷавон мегӯянд, ки марги ӯ дар натиҷаи латукӯб ва шиканҷа ба миён омадааст. Прокуратураи генералӣ нисбати қазияи марги Шамсиддин Зайдуллоев тибқи талаботи қисми 3, моддаи 1431 (шиканҷа) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Аммо 23-юми декабри соли 2015 муфаттиши Прокуратураи генералӣ дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди марги Зайдуллоев Ш. бинобар сабаби мавҷуд набудани нишонаи ҷиноят, ки аз ҷониби модари ҷавон шикоят шуда буд, қарор баровард».

Рӯзи 28-уми октябр бошад, торнамои Радиои «Озодӣ» мақолаи таҳлилие таҳти унвони «Шамсиддин аз “пневмония” даргузашт ё аз латукӯб?» пахш кард, ки дар он аз паҳлуҳои гуногуни қазияҳои вобаста ба шиканҷа ёд мешавад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки моҳи октябр низ ба масъалаи баррасӣ ва омӯзиши мавзуи шиканҷа таваҷҷуҳ зиёд буд. Торнамои NoTortureTj.Org санаи 22-юми октябр матлабе бо номи «Дар як мизи гирд масъалаи шиканҷа баррасӣ мешавад» пахш карда, хабар дод: «Рӯзи 27-уми октябр, аз соати 9:00 то 12:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор мегардад. Мизи гирд аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Маркази таълими судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои лоиҳаи «Боло бурдани сатҳи маълумотнокии судяҳо ва коркарди машғулиятҳои назариявию барномаҳои таълимӣ барои кафедраи криминалистика ва ташхиси тиббии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи тартиби таҳқиқоти самаранок ва ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну эътибор ва ҷазо тибқи талаботи Протоколи Истамбулӣ» баргузор мешавад».

Баъдан, санаи 28-уми октябр ҳамин торнамо, яъне NoTortureTj.Org суҳбатеро аз ҷараёни ҳамин мизи гирд бо номи «Завқизода: Вобаста ба шиканҷа базаи кофии ҳуқуқӣ мавҷуд аст» пахш кард.

Ба иттилои торнамо, дар анҷоми мизи гирд директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин изҳор доштааст, ки «бояд таҷрибаи судии давлатҳои минтақа ва давлатҳои пасошӯравӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дараҷаи тадбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ муайян карда шавад. Зеро, дар ҳақиқат, се адад парвандае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шиканҷа баррасӣ шудаанд, ҳанӯз далели муайян кардани мавҷудияти шиканҷа нест. Бояд ба таҷрибаи давлатҳое такя кунем, ки дар мавриди шиканҷа парвандаи бештар баррасӣ мекунанд».

NoTortureTj.org