Раиси Суди Олӣ ҷой доштани шиканҷаро тасдиқ кард

Моҳи июли соли 2017 оид ба ҳуқуқи инсон, бахусус дар мавзўи шиканҷа дар доираҳои васеътар сухан ба миён омад.

Санаи 19-уми июл торнамои NoTorture.Tj бо пахши хабар таҳти унвони «Шоҳиён: Дар нимсола як масъул барои шиканҷа маҳкум шудааст»  навишт, ки «раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён шиканҷа шудани боздоштшудаҳоро барои додани баёноти худиқрорӣ дар рафти тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ дар кишвар “масъалаи ҷиддӣ” унвон карда, аз мавҷудияти чунин амал зимни тафтишот изҳори нигаронӣ намуд. Номбурда рўзи 17-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар ҳузури хабарнигорон гуфт, масъалаи шиканҷа шудани боздоштшудаҳо масъалаест, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор мегирад».

Бино ба иттилои ин торнамо, раиси Суди Олӣ гуфтааст, ки «миёни Ҳукумати Тоҷикистон, сохтору мақомоти дахлдор ва ташкилоти байналмилалии зидди шиканҷа дар масъалаи шиканҷа суҳбатҳои ҷиддӣ сурат мегирад. Аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи давлатӣ вобаста ба пешгирӣ кардани ҳолатҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст, вале мутаассифона, содир гардидани ин кирдори ғайриқонунӣ аз ҷониби шахсони масъул то ба ҳол идома дорад».

- Раиси Суди Олии Тоҷикистон дар идома афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2017 танҳо як парванда нисбати як нафар вобаста ба шиканҷа дар Суди Олӣ баррасӣ гардидаву исботи худро ёфта ва шахси масъул маҳкум карда шудааст,- меафзояд торнамои мазкур.

Ҳамин торнамо, яъне NoTorture.Tj рўзи 21-уми июл матлабе бо номи «Раҳимзода: Дар бораи дур шудан аз шиканҷа сухан мегўям»  пахш карда, навишт: «Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода рўзи 21-уми июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба савол дар мавриди шиканҷа шудани гумонбаршудаҳо дар рафти тафтишоти пешакӣ гуфт, шояд гоҳ ҷое бошад, вале бисёр вақт тасдиқи худро намеёбад».

Ба навиштаи торнамо, вазири корҳои дохилии кишвар дар ин маврид гуфтааст, ки «муроҷиатҳо дар ин бора тариқи телефон ва мактуб ҳам ба унвони вазир ворид мешаванд ва сари вақт мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешаванд, вале муттассифона, тасдиқ намешаванд. Яке аз масъалаҳои мубрами рўз, ки ҳар рўз, махсусан дар ҷаласаҳо, мушовараҳо ва таъиноту озодкуние, ки бо ҳузури ман гузаронида мешаваду дар ин бора сухан мегўям, ин дур шудан аз шиканҷа аст. Роҳҳои кушодани ҷиноят хеле васеъ аст. Корҳои оперативӣ, тафтишотӣ ва дигар роҳҳое ҳастанд, ки бо кўмаки мардум ҷиноятро мекушоем. Ман доимо таъкид мекунам, ки бигзор 100 ҷиноят ошкор нашуда монад, вале ҳеҷ гоҳ бо роҳи шиканҷа ҷиноятро ба касе бор накунем. Лекин мумкин гоҳе бошад ягон ҷое. Агар ба қайд гирем, пеши роҳашро мегирем, ҷазо медиҳем ва ба ҷавобгарӣ мекашем».

Баъдан торнамои Faraj.tj низ бо пахши як матлаб вобаста ба нишастҳои матбуотии мақомоту вазоратҳо таҳти унвони ««Масалгуфторҳо»-и нишастҳои матбуотӣ»  аз суханони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода чунин иқтибос овард: «Яке аз масъалаҳои мубрам, ки ҳар як рўз ман дар ҷаласаҳо ҳангоми таъиноту барканорӣ таъкид мекунам, дар бораи он гап мезанам, аз шиканҷа дур шудан аст. Роҳҳои кушодани ҷиноят зиёд аст. Ман доим таъкид менамоям, ки бигзор ҷиноят нокушода монад, аммо тариқи шиканҷа ҷиноятро бори шаҳрвандон накунед. Шикоятҳо ҳаст дар ин маврид. Аммо баъзан ҷинояткорҳо беасос шикоят мекунанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки санаи 27-уми июл торнамои NoTorture.Tj аз «идомаи баррасии аризаи даъвогӣ нисбати ВКД дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ» хабар дод.

- Баррасии аризаи даъвогӣ нисбати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ аз рўйи парвандаи сокини шаҳри Панҷакент Фарҳод Ғоибов, ки аз ҷониби кормандони милитсия латукўб шудааст, имрўз, 27-уми июл соати 14:00 дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома меёбад. Бояд зикр намуд, ки мурофиаи судии якум 18-уми июл баргузор гардида буд ва дар он намояндаи ВКД-и Тоҷикистон А. Зиёев баромад намуд. Раисии мурофиаи судиро судя Исозода Х. бар ўҳда дорад. Лозим ба ёдоварист, ки аризаи даъвогӣ ба суд моҳи апрели имсол супорида шуда, ҳаҷми умумии ҷуброни талабшуда зиёда аз 650 ҳазор сомонӣ (барои зарари моддӣ 6 ҳазору 325 сомонӣ ва барои зарари маънавӣ 644 ҳазору 100 сомонӣ) аст,- навишт торнамо.

Худи ҳамин рўз, 27-уми июл, торнамои мазкур хабари дигаре бо номи «Наздикони Иззатов: Эҳтимол ў шиканҷа шудааст»  пахш кард.

- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар медиҳад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззатов Умиджон дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 104, қисми 2, банди “е” ва 32, қисми 3-104, қисми 2, банди “а” Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст. Бино ба шарҳи ин хабар, Иззатов У. Э. барои он айбдор дониста шудааст, ки 22-юми феврали соли 2017 тахминан соати 19-у 30 дақиқа дар заминаи хусумати шахсии қаблии бо Усмонов Абдулҳомид Абдулҳафизович доштааш, ки номбурда нисбаташ доимо беэҳтиромӣ кардаву ўро таҳқир намуда, дашном медодааст, бо мақсади куштори охирон аз ошхонаи манзили истиқоматиаш корди хоҷагиро гирифта, ба манзили истиқоматии Усмонов А. А., воқеъ дар деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода рафта, бо ў вохўрдааст... Зимни сўҳбат дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Усмонов А. А., ў бо истифодаи корди бо худ доштааш бо сангдилии махсус 14 зарба ба узвҳои ҳаётан муҳими охирон задааст, ки номбурда ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дастрас намудан аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст,- аз ҷумла навиштааст торнамо.

Зимни шарҳи ин хабар торнамои мазкур ҷои дигар зикр кардааст, ки «дар ҳамин ҳол, тибқи муроҷиати наздикони Иззатов Умиджон ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Иззатов Умиджон дар ҳуҷраи кории сардори ШВКД-и шаҳри Турсунзода эҳтимол мавриди шиканҷа қарор гирифтааст».

Санаи 29-уми июл бошад, торнамои Радиои «Озодӣ» гузориши муфассале таҳти унвони «Фарҳод барои гурдаи аз даст додааш 650 000 сомонӣ ҷуброн талаб кард»  пахш намуда, аз ҷумла навишт: «Фарҳод Ғоибов, сокини 37-солаи Панҷакент, ки пас аз латукўб дар шўъбаи милисаи ин шаҳр як гурдаашро аз даст дод, аз Вазорати корҳои дохилӣ 650 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ талаб кард. Ғоибов ду сол қабл дар идораи пулис латукўб шуд ва Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи ўро рўзи 27-уми июл баррасӣ кард. Ў ҳоло дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар яке аз шифохонаҳо табобат мегирад ва аз ҳуқуқаш дар додгоҳ вакил Гулчеҳра Холматова ҳимоят мекунад. Шикояти Фарҳод Ғоибов аз он аст, ки ду корманди милиса дар шўъбаи корҳои дохилӣ ўро латукўб карданд, аммо ҷазои сазовор нагирифтанд. Гузашта аз ин, баъди як сол додгоҳи истинофӣ парвандаро дубора баррасӣ кард ва ҳукми зиндонро аз 8,5 ба 5 сол поён овард. Ду соли пеш, дар таърихи 1-уми сентябри соли 2015 дар пайи як муноқиша бо як хеши нозири минтақавӣ, ў ба идораи пулис бурда шуд. Алайҳи ў ҳеҷ иттиҳоме эълон нашуд, аммо нозири минтақавӣ ҳамроҳ бо як коргари дигари пулис ўро шадидан латукўб карданд. Фарҳод Ғоибов пас аз як ҳафтаи ин ҳодиса дар бемористон замоне ба ҳуш омад, ки танҳо як гурда дошт. Гурдаи дигараш ба иллати кафидан аз танаш бурида шуд. Додгоҳ ду ходими пулисро 28-уми январи соли 2016 бо ҷурми “баромадан аз салоҳияти хизматӣ ва расонидани зиёни сахти ҷисмонӣ” ба муддати 8 сол зиндонӣ кард».

Ба навиштаи ин торнамо, «дар Тоҷикистон қаблан низ бархе аз шаҳрвандон мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба иттиҳоми шиканҷа то додгоҳ бурданд. Аммо хеле кам иттифоқ меафтад, ки додгоҳ дар заминаи ин даъвоҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқро ба ҷавобгарӣ бикашад ва ё ба пардохти ҷубронпулӣ муваззаф кунад. Чанд ҳолати ангуштшумор сабт шудааст, ки даъвогарон дар талаби ҷубронпулӣ муваффақ буданд. Соли гузашта дар пайи ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Вазорати корҳои дохилӣ ба Хушвақт Қаюмов, ки бинобар эътирофи додгоҳ дар шўъбаи корҳои дохилӣ марвиди шиканҷа қарор гирифта буд, 16 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ дод. Додгоҳи гарнизони ҳарбии Душанбе низ қисман даъвои Шаҳбол Мирзоев - сарбози нерўҳои марзбониро, ки дар артиш маҷрўҳ шуда буд, қонеъ кард ва Сарраёсати марзбониро ба пардохти 41 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ муввазаф намуд. Ҳоло маълум нест, ки шикояти Фарҳод Ғоибов то куҷо мерасад ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳозир мешавад, ки дар баробари маъюб шудани як шаҳрванд аз ҷониби кормандонаш хисороти маънавӣ ва молии расида ба ўро ҷуброн кунад».

Ин ҳама дар ҳолест, ки дар моҳи июли соли ҷорӣ тасмимҳое низ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон расонаӣ шуданд. Аз ҷумла, санаи 4-уми июл торнамои Радиои «Озодӣ» бо пахши матлабе таҳти унвони «500 ҳазор еврои ИА барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон»  навишт, ки «Иттиҳоди Аврупо чанд созмони ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистонро барои амалӣ кардани як лоиҳа ба хотири ҳифзи ҳуқуқи инсон беш аз 500 ҳазор евро маблағгузорӣ кардааст. Бар асоси ин лоиҳа ҳомиёни ҳуқуқи инсон давоми ду сол талош мекунанд, то аз шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд ва дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳо ба қурбониёни шиканҷа дар таъмини адолати додгоҳӣ кўмак расонанд».

Худи ҳамон рўз, 4-уми июл, торнамои NoTorture.Tj низ хабаре бо номи «Дар Душанбе лоиҳаи нави ҳуқуқи инсон бо дастгирии молиявии ИА оғоз гардид»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Нўҳ намояндаи ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хусусан Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (IPHR, Белгия, роҳбари лоиҳа), Фонди ҷамъиятии «Нотабене» (Тоҷикистон) ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» (Тоҷикистон) дар Душанбе бо мақсади баҳогузории тартиби амалигардонии лоиҳаи «Муттаҳидсозии кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги иҷроиши ўҳдадориҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон», ки бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад,  барои банақшагирии фаъолияти муштараки ташкилотҳои худ ҷамъ омаданд… Лоиҳае, ки дар тўли ду сол амалӣ хоҳад шуд, ҷиҳати калидии соҳаҳои ҳуқуқи инсон, ба мисли роҳ надодан ба истифода намудани шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, таъмини адолати судӣ, риояи озодии баён, озодии ҷамъомад ва ташкили иттиҳод, манъи табъиз мавриди диққат хоҳад дошт».

Санаи 9-уми июл бошад, торнамои Радиои «Озодӣ» бо пахши матлабе таҳти унвони «Вакили дифои ройгон - ба камбизоатон» хабар дод, ки «Ду созмони байналмилалӣ дар Тоҷикистон барномаеро сармоягузорӣ мекунанд, ки шаҳрвандони камбизоатро дар сурати зарурат бо вакили дифоъ таъмин хоҳад кард. Яъне, афроде, ки корашон ба милисаву додгоҳ меафтад, ин шансро доранд, ки аз ҳисоби барномаи вижаи маблағгузории кори адвокатҳо барои худ ҳимоятгари бепул бигиранд. Маблағи ин барномаро дар 8 соли оянда UNDP - Дафтари рушди Созмони Милал ва Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд хоҳанд пардохт. Манобеи Вазорати адлияи Тоҷикистон рўзи 9-уми июл ба Радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки се соли аввали ин барнома давраи таҷрубавист».

NoTorture.Tj