Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳи сентябри соли 2017 расонаҳо аз қазияҳои нави нақзи ҳуқуқи инсон ва таваҷҷуҳи ҳимоятгарони ҳуқуқу ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рушди ҳуқуқи инсон хабар доданд.
Санаи 18-уми сентябр торнамои NoTorture.Tj гузорише бо номи «Намояндагони Эътилоф бо ММП «Омбудсмен+» шинос шуданд» пахш карда, хабар дод, ки «аз 28-уми август то 1-уми сентябр аъзои Гуруҳи кории Омбудсмен ва гуруҳи мониторингии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои омўхтани таҷрибаи Ҷумҳурии Словения дар мавриди таҳияву пешбурди Механизмҳои миллии пешгирикунанда (ММП) аз ин кишвар дидан намуданд. Тўли панҷ рўз ҳайати Тоҷикистон, ки аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, парлумон, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати адлия, доираҳои академӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иборат буд, таҳти роҳбарии Омбудсмен Зариф Ализода таҷрибаи таҳияву амалисозии ММП дар Словенияро омўхтанд».
Дар охири гузориши мазкур ҳамзамон маълумот оид ба Гуруҳи корӣ ҷой дода шудааст: «Дар Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2013 дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Гуруҳи мониторингӣ оид ба боздид аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ таъсис ёфтаву амал мекунад. Инчунин, Гуруҳи корӣ оид ба пешбурди Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа (ПИ КЗШ) таъсис дода шудааст. Гуруҳи мониторингӣ бо дастури Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар асоси Низомнома фаъолият мекунад. Ба ҳайати Гуруҳи мониторингӣ намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва ТҶ «Авеста» дохил мешаванд».
Худи ҳамин рўз, яъне, 18-уми сентябр, торнамои Радиои Озодӣ бо пахши гузорише хабар дод, ки «Алихон Икромӣ ҳақиқати марги сарбозро боз кард» ва илова намуд: «Нашриёти “Ирфон” китоби Алихон Икромӣ, коршиноси судӣ-тиббиро бо номи “Чанголи аҷал” нашр кардааст, ки паҳлуҳои норўшани бархе ҳодисаҳои нохуш ё кушторҳои пурсарусадо, марги ногаҳонӣ дар артиш, қатли хешовандон, оқибати мастӣ ва бархе ҳодисаҳои дигари пурсарусадои солҳои охирро рўи чоп овардааст. Яке аз қиссаҳое, ки Алихон Икромӣ аз таҷрибаи кори судиву тиббиаш навиштааст, такондиҳанда аст. Матбуот ҳам дар бораи марги сарбози панҷрўза Бахтиёр Қурбонмамадов дар яке аз қисмҳои ҳарбии водии Рашт гузориш дода буд. Алихон Икромӣ, ки аз лаҳзаҳои нахустин дар таҳқиқи ин парванда ширкат доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин яке аз пуровозатарин ҳодисаҳои соли 2016 буд ва ў ба хотири рафъи овозаҳо бо далелҳои воқеӣ ин китобро ба хонандагон пешниҳод кардааст».
- Дар таҷрибаи низоми адлияи Тоҷикистон на ҳама қазияҳои марбут ба марги сарбозон дар артиш мўшикофона таҳқиқ мешаванд ва суолҳои зиёдро дар робита бо марги фоҷеабори фарзандон дар дили наздиконашон мегузоранд. Эътилофи зидди шиканҷа мегўяд, ки дар давоми се соли охир дар артиши Тоҷикистон 11 нафар бар асари шиканҷаву бадрафторӣ ба ҳалокат расидаанд,- афзудааст торнамо.
Чанд рўз баъд, санаи 26-уми сентябр, ҳамин торнамо, яъне Радиои Озодӣ гузориши дигаре таҳти унвони «Сарбоз бисёр асабонӣ буд ва худкушӣ кард» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Ҷасади сарбозеро, ки панҷ моҳ пеш дар як маросими кўлчагазон бо рақсу шодӣ ва ихтиёрӣ аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба хидмати артиш рафта буд, рўзи 25-уми сентябр ба хок супурдаанд. Маҳмадхўҷа Қутбиддинови 22-сола аз деҳаи Фароѓати ҷамоати деҳоти Тахти сангин, рўзи якуми апрели имсол ба артиш рафт ва дар қисми ҳарбии 051058-и мутааллиқ ба Горди миллӣ дар ҳудуди шаҳри Роѓун хидмат мекард».
- Маҳрам Яъқубов, раиси ҷамоати деҳоти Тахти сангини ноҳияи Қубодиён рўзи 26-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми шустани ҷасад дар бадани Маҳмадхўҷа Қутбиддинов осори латукўбро мушоҳида накард. Ў гуфт, “ба мо низ фаҳмонданд, ки сарбоз дар натиҷаи асабоният дар қисми низомӣ аз тири Калашников худкушӣ кардааст”. Яъқубов гуфт, қабл аз хидмат саломатии Маҳмадхўҷа хуб буд ва ҳатто 40 рўзи пеш падараш аз ҳоли ў хабар гирифта буд,- навиштааст торнамо.
- Дар чанд соли ахир ҳодисаҳои зиёди марги сарбозон дар қисмҳои низомии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст, ки сабабҳояшро ба гунаи мухталиф шарҳ медиҳанд. Дилрабо Самадова, раҳбари созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон рўзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар 3 соли гузашта онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозонро дар қисмҳои низомӣ ошкор карданд. Самадова афзуд, "марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ хусусан дар вақти даъвати баҳорӣ ба рафти ин маърака таъсир мегузорад ва ихтиёриён коҳиш меёбанд". Дар Тоҷикистон дар як сол ду бор - баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи артиш баргузор мешавад. Бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи кишвар ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар қисмҳои низомӣ гуфта мешавад,- меафзояд тонрамои мазкур.
Дар ҳамин ҳол, торнамои NoTorture.Tj санаи 26-уми сентябр хабаре бо номи «Баррасии парвандаи Носиров ба таъхир афтод» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Имрўз Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи Мақсуд Носировро ба рўзи дигар гузошт. Баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим бо сабаби зарурати пурсиши равоншинос, ки ҳаҷми зарари маънавӣ тибқи хулосаи ў муайян гардидааст, баррасии парвандаро ба рўзи 27-уми сентябр, соати 9:00 ба таъхир гузошт».
Рўзи 28-уми сентябр бошад, худи ҳамин торнамо, яъне NoTorture.Tj хабари дигаре таҳти унвони «Ҷуброни зарари маънавӣ: 2000 сомонӣ» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи қурбонии бадрафторӣ Мақсуд Носировро ҷамъбаст кард. Баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим 28-уми сентябр дархости наздикони Мақсуд Носировро оид ба рўёнидани ҷуброни зарари маънавӣ дида баромада, ҳаҷми ҷубронро 2000 сомонӣ муайян кард. Адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод Ҷўраев изҳор дошт, ки бо қарори суд розӣ набуда, баъди гирифтани ҳалномаи суд ба коллегияи Суди ҳарбии Суди Олӣ шикоят мебарад».
Нафиса Юнусова, равоншиноси тоҷик, ки ҳаҷми зарари маънавӣ тибқи хулосаи ў муайян гардидааст, дар суҳбат бо торнамо гуфтааст: "Умуман, суд зарари маънавиро қабул ва муайян мекунад ё не, ман аз рўи таҷрибаи кориам баҳо мегузорам. Аз рўи таҷриба баҳои зарари маънавӣ бар зиммаи равоншинос гузошта мешавад. Ман махсус рўзи 27-уми сентябр дар мурофиа зикр кардам, ки ҳодиса соли 2014 буд ва ташхиси судии ман баъди 2 сол гузаронида шуд, лекин баъд аз ду сол зарбаи равоние, ки одам гирифт, ҳамон зарба бо ҳамон қувваташ боқӣ мондааст. Барои инсон албатта ин бисёр бад аст, ки дар муддати ду сол ҳолати руҳияш барқарор нашуд".
Ҳамчунин, ин равоншиноси тоҷик зикр кардааст, ки «судя пешниҳоди маро шунид ва умедворам, барои барқарории ҳолати равонии Мурот Носиров талаби зарари маънавӣ аз ҷониби суд дастгирӣ меёбад».
Мурот Носиров, падари Мақсуд Носиров ҳам гуфтааст, ки “зарари моддию маънавиро ман талаб дорам, чизи дигаре не, ҳақиқат будагист. Ба суд бовар мекунам. Адолат будагист”.
Бояд ёдовар шуд, ки санаи 27-уми январи соли 2014 чанде аз хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи марзии қисми низомии 2587, воқеъ дар ноҳияи Спитамен бо мақсади “тарбия намудан” сарбозони ҷавонро саф кашонда, ба гулўву дигар аъзои бадани ҳар кадоми онҳо зарба мезананд. Пас аз ин зарбаҳо сарбоз Мақсуд Носиров беҳуш шуда, ўро ба шуъбаи хуфтухези сарбозон мебаранд, ки дар он ҷо ў ба ҳуш наомада, ба ҳалокат мерасад. Бар асоси ташхиси судиву тиббӣ, Мақсуд Носиров ба иллати ҷароҳатҳои вазнин бардоштан дар ҷисмаш (хунравии дохилӣ, хунравии рўдаи борик ва ѓайра) ба ҳалокат расидааст.
Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд аз 8-уми майи соли 2014 М. Юнусов ва Н. Шарифзода дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в, д» (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва Ш. Нуров ва Б. Шераев мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в» гунаҳкор дониста шуда, ин сарбозони собиқадор ба муҳлати аз 5 то 7,5 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки қаблан, санаи 20-уми сентябр торнамои NoTorture.Tj мақолаеро бо номи «Қазияи Иззатов: Оё ў шиканҷа шудааст?» пахш карда, аз ҷумла навишта буд: «Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар медиҳад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззатов Умиджон дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 104, қисми 2, банди “е” ва 32, қисми 3-104, қисми 2, банди “а” Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст. Бино ба шарҳи ин хабар, Иззатов У. Э. барои он айбдор дониста шудааст, ки 22-юми феврали соли 2017 тахминан соати 19:30 дақиқа дар заминаи хусумати шахсии қаблии бо Усмонов Абдулҳомид Абдулҳафизович доштааш, ки номбурда нисбаташ доимо беэҳтиромӣ кардаву ўро таҳқир намуда, дашном медодааст, бо мақсади куштори охирон аз ошхонаи манзили истиқоматиаш корди хоҷагиро гирифта, ба манзили истиқоматии Усмонов А. А., воқеъ дар деҳаи Янгибоѓи шаҳри Турсунзода рафта, бо ў вохўрдааст. Зимни суҳбат дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Усмонов А. А., ў бо истифодаи корди бо худ доштааш бо сангдилии махсус 14 зарба ба узвҳои бадани охирон задааст, ки номбурда ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дастрас намудан аз хунравии шадид ба ҳалокат расидааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи муроҷиати наздикони Иззатов Умиджон ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Иззатов Умиджон дар ҳуҷраи кории сардори ШВКД-и шаҳри Турсунзода эҳтимол мавриди шиканҷа қарор гирифтааст».