Эътирофи Прокуратураи генералӣ: Шикоят аз шиканҷа зиёд аст

Мавзуи латукӯби сарбозон ва раво дидани муносибатҳои ғайриоинномавӣ нисбати онҳо дар моҳи июли соли 2018 низ расонаӣ гардид.

Рӯзи 5-уми июл торнамои Радиои «Озодӣ» бо пахши гузориши муфассал таҳти унвони ««Чаро худкушӣ кард? Кӣ ӯро ба ин ҳол расонд?». Суолҳои модари Раҷабалӣ аз мақомот»  хабар дод, ки «Додситонии ҳарбии гарнизони ноҳияи Рашт нисбат ба Фирдавс Қурбонов, сардори гуруҳ дар шуъбаи сеюми Гвардияи Миллӣ дар шаҳраки Навободи Рашт, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Қурбонов ба “хунукназарӣ”, ки боис ба марги як сарбоз шудааст, муттаҳам аст».

- Ба қавли мақомоти додситонӣ, Раҷабалӣ Каримов, сокини 21-солаи ноҳияи Ҳисор, ки дар ин қисми низомӣ хидмат мекард, бинобар хунукназарии Фирдавс Қурбонов даст ба худкушӣ задааст. Ин масъули қисми низомӣ бар асоси моддаи 392-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “муносибати хунукназарона ба хизмат, ки боиси ҳалокати сарбоз шудааст”, айбдор мешавад. Ин банди Кодекси ҷиноятӣ то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар Додситонии низомӣ шарҳ надоданд, ки кадом хунукназарии ин афсар боиси худкушии сарбоз шудааст,- навишт торнамои мазкур.

Бояд зикр намуд, ки ҷасади Раҷабалӣ Каримов рӯзи 3-юми майи имсол ба дасти наздиконаш супурда шуд. Пайвандонаш гуфтанд, ки дар гулӯяш захми тир дида мешуд. Ба гуфтаи мақомот, ин тирро сарбоз аз автомати “Калашников”, ки ба ӯ барои иҷрои хидмати ҳарбиаш дода буданд, бо қасди худкушӣ паррондааст. Додситонии ҳарбии гарнизони ноҳияи Рашт гуфтааст, касе Раҷабалӣ Каримовро ба худкушӣ нарасонд, балки ӯ пас аз латукӯби як сарбоз ва ба берун фиристодани ду аскари дигар худкушӣ кардааст.

Ҳамин расона, яъне торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 19-уми июл бо номи «Афсари тоҷик дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ»  гузориши дигаре пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, барои пайдо кардани як афсари милисаи фирорӣ, ки ба шиканҷа муттаҳам мешавад, ӯро дар ҷустуљӯи байналмилалӣ қарор доданд. Маҳмадулло Идиев, лейтенанти калони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дӯстӣ, ки ба “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” муттаҳам мешуд, аз тарси зиндонӣ шудан фирор кардааст ва мақомот намедонанд, ки ҳоло ӯ дар куҷост. Додситонии Хатлон ин муфаттишро ба даст доштан дар марги Толибҷон Дӯстов, як сокини ноҳияи Дӯстӣ муттаҳам мекунад. Сокини 50-солаи ноҳия ба гуфтаи хешовандонаш дар натиҷаи латукӯби бераҳмонаи афсари милиса ҳалок шуд. Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Бохтар гуфт, Маҳмадулло Идиев моҳи гузашта бо баҳонаи беморӣ ба мурофиаи додгоҳӣ наомад ва баъдан маълум шуд, ки ӯ фирор кардааст. Ҳоло маълум нест, ки афсари милиса дар хориҷ аст ва ё дар дохили Тоҷикистон».

- Нисбати он шахс кофтукоб эълон шудааст. Дар куҷое боздошт шуд, ҳатман бурда, ҳабс мекунанд. Агар фарз кардем дар хориҷи кишвар бошад, тариқи Прокуратураи генералӣ экстрадитсия мекунем. Ба кофтукоби байналмилалӣ дода шудааст, мебинем, дар куҷо пайдо мешавад,- гуфтааст Насрулло Маҳмудзода.

Дигар қазияҳое ҳам буданд, ки дар моҳи июл расонаӣ гардиданд ва сарусадо атрофашон зиёд буд. Рӯзи 4-уми июл торнамои NoTorture.Tj матлабе таҳти унвони «Суд аризаи ҳимоятгарони ҳуқуқро нисбати Прокуратураи генералии ҶТ беқаноат мононд”  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Суди ноҳияи Синои пойтахт аризаи ҳимоятгарони ҳуқуқро, ки дар он оид ба бекор кардани қарори Прокуратураи генералӣ дар бораи барои тафтишоти иловагӣ фиристодани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели марги Исмонбой Бобоев ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ дархост мешуд, қонеъ накард”.

Торнамои мазкур ёдовар шуд, ки “Исмонбой Бобоев дар Русия мезист ва шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварда буд. Феврали соли 2010 ӯ барои дидорбинии волидон ва бо худ гирифтани духтараш, ки дар меҳмонии онҳо буд, ба Тоҷикистон омад. Рӯзи 19-уми феврал ҷавон дар Исфара дар наздикии масҷиди асосии шаҳр боздошт шуд. Кормандони боздоштро амалинамудаи РМЗҶМ-и Суғд Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров ба Исмонбой арз доштанд, ки ӯ барои узвият дар ташкилоти экстремистии «Ҳаракати исломии Туркистон» гумонбар аст ва боздоштшударо ба бинои РМЗҶМ-и вилояти Суғд бурданд. Худи ҳамон рӯз ҷавон дар утоқи кории номбурдаҳо ҷон дод».

Рӯзи 5-уми июл бошад, худи ҳамин торнамо дар ин мавзуъ хабари дигаре бо номи «Ҳимоятгарони ҳуқуқ аз қарори суд, ки хатои Прокуратураи генералиро «наёфт», шикоят карданд»  пахш намуд.

- ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов бо қарори суди зинаи аввал розӣ нашуда, рӯзи чоршанбе, 4-уми июл ба коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданд,- аз ҷумла омадааст дар он.

Рӯзи 25-уми июл торнамои NoTorture.Tj матлабе таҳти унвони «Прокуратураи генералии ҶТ чорум маротиба аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ нисбати марги сокини Ваҳдат тафтишот оғоз мекунад»  пахш кард.

- Адвокатҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муваффақ шуданд, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели марги сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат Умар Бобоҷонов бори чорум аз сар гирифта шавад. Прокуратураи генералии Тоҷикистон падарро танҳо баъди се соли даргузашти писараш ҷабрдида эътироф кард. Адвокатҳо натиҷаҳои тафтишотро оид ба боз доштани парванда бо сабаби муайян нагардидани шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешуданд, зери шубҳа гузошта буданд. Айни замон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти муфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ қарор дорад,- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки 29-уми августи соли 2015 донишҷӯи донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов аз ҷониби кормандони ШВКД-и шаҳри Ваҳдат бераҳмона латукӯб шуда, ҳанӯз ба ҳуш наомада, 4-уми сентябр дар беморхона вафот кард.

Худи ҳамин рӯз, яъне 25-уми июл торнамои мазкур матлаби дигаре таҳти унвони «Санҷиши муқаддамотии далели марги сокини Нуробод ёздаҳум бор аз сар гирифта шуд»  пахш карда, хабар дод, ки «Прокуратураи генералии Тоҷикистон маротибаи ёздаҳум санҷиши муқаддамотии далели марги Саймурод Орзуевро аз сар гирифт».

- 17-уми июни соли 2014 ба Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон сокини ноҳияи Нуробод Алӣ Орзуев муроҷиат карда, хабар дод, ки 25-уми апрели соли 2014 тахминан соати 16:00 се нафар корманди милитсияи ШВКД-и ноҳияи Нуробод писараш Саймурод Орзуевро бидуни шарҳ додани сабабҳои боздошт бо худ бурдаанд. Рӯзи дигар падар бо талоши маълум намудани макони қарордоштаи писараш ба сардори ШВКД ва раиси ноҳияи Нуробод муроҷиат мекунад. Сардори БДА-и ноҳия хабар медиҳад, ки 25-уми апрели соли 2014 соати 19:00 Орзуев Саймуродро ба мошини тамғаи «Жигули»-и рангаш сурх савор карда, ба хона фиристодаанд. Вале ҳамон бегоҳ Орзуев С. ба хоҳараш занг зада, ашкрезон мегӯяд, ки дар бинои ШВКД-и ноҳияи Нуробод қарор дорад. Дар рӯзи 4-уми ҷустуҷӯи Саймурод, 29-уми апрел, соати 1-и шаб корманди ШВКД ба падари ӯ занг зада, хабар медиҳад, ки дар соҳили дарёи Комсомолобод ҷасади марде ёфт шудааст ва хоҳиш мекунад, то барои шинос шудан равад. Орзуев А. хабар дод, ки рӯзи 28-уми апрел бегоҳӣ ҳамроҳ бо хешовандон мустақилона ба ҷустуҷӯи писараш мебароянд, аз ҷумла ин маконро низ аз назар мегузаронанд, аммо онҷо ҷасад набудааст. Тибқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббии №86, аз 29-уми апрели соли 2014, марг дар натиҷаи афтодан аз болои кӯпрук ва ҷароҳатҳои зиёди ба ҳаёт хатаровар фаро расидааст. Аз соли 2014 то 2017 Прокуратураи ноҳияи Нуробод даҳ (10) маротиба дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби набудани таркиби ҷиноят дар амалҳои ягон нафар қарор баровард. 12-уми январи соли 2018 аз ҷониби адвокат ба Суди ноҳияи Нуробод оид ба бекор намудани қарорҳои баровардаи муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Нуробод шикоят карда шуд. 15-уми январи соли 2018 Суди ноҳияи Нуробод бо қарори худ шикоятро беқаноат мононд. Аммо адвокатҳои аз ҷониби Эътилоф пешбаригардида ба Суди Олии ҶТ бо шикояти назоратӣ муроҷиат карданд,- шарҳ додааст торнамо.

Ҳамзамон, дар моҳи июл хабарҳое пахш шуданд, ки аз талошҳо барои пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона гувоҳӣ медоданд. Рӯзи 18-уми июл торнамои NoTorture.Tj хабар дод, ки «Роҳбарияти Сафорати ИМА бо намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд» .

- 16-уми июли соли 2018 Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт бо намояндагони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд. Намояндагони Эътилоф оид ба фаъолиятҳои худ дар самти огоҳнамоӣ ва муборизаи самаранок муқобили шиканҷа дар кишвар сухан гуфтанд. Ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои оянда дар самти ҳимоя ва рушди ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодӣ аз шиканҷаро баррасӣ намуданд,- аз ҷумла омадааст дар хабар.

Худи ҳамин рӯз торнамои мазкур хабари дигаре бо номи «Адвокатҳои вилояти Хатлон усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷаро омӯхтанд»  пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баргузор намудани силсилаи тренингҳоро барои адвокатҳои кишвар идома медиҳад. Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар доираи фаъолияти Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои кишвар рӯзҳои 13-14-уми июли соли 2018 барои адвокатҳои амалкунанда ва ҷавони вилояти Хатлон тренинг баргузор намуд. Дар чорабинӣ адвокатҳо аз Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Ҳамадонӣ, Восеъ, Қубодиён, Кушониён, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Леваканд, Хуросон иштирок карданд. Ин идомаи тренингҳои маълумотноксозӣ оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аст, ки аз соли 2017 оғоз гардид».

Рӯзи 26-уми июл бошад, торнамои NoTorture.Tj бо пахши хабар таҳти унвони «Тренинг вобаста ба омодабошии мутахассисон доир ба муқаррароти Протоколи Истанбулӣ ҷиҳати гузаронидани мониторинги муассисаҳои тиббӣ»  аз ҷумла навишт: «Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТ ва ҲИА ҶТ) рӯзҳои 25-27-уми июли соли 2018 оид ба муқаррароти Протоколи Истамбулӣ ва хусусиятҳои гузаронидани мониторинги муассисаҳои тиббӣ тренинги омодабошии мутахассисонро гузаронида истодааст. Мақсади тренинг - ба мутахассисони ҷалбгаштаи мониторинг пешниҳод кардани донишҳои таҷрибавӣ оид ба усулҳои таҳлили сифати ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои тиббӣ, стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ва қонунгузории миллӣ дар самти ҳуҷҷатгузории тиббӣ мебошад».

Ин ҳама дар ҳолест, ки санаи 17-уми июл торнамои Радиои «Озодӣ» бо пахши гузориши муфассал таҳти унвони «Додситонӣ: Шикоят аз шиканҷа "бисёр зиёд" шудааст» навишта буд: «Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, имсол 2 корманди милиса ва як корманди мақомоти амният бо гуноҳи шиканҷа ба 12 ва 13 соли зиндон маҳкум шудаанд. Айни замон ба гуфтаи ин ниҳод, муроҷиати сокинон дар бораи бадрафториву шиканҷа аз сӯи кормандони мақомоти интизомӣ афзудаст. Шариф Қурбонзода, намояндаи Додситонии кулл рӯзи 17-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи соли 2018 аз мардум 37 муроҷиат дар бораи шиканҷа гирифтаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Дар шаш моҳи аввали соли 2017 додситонӣ фақат 9 шикоят аз бадрафториву шиканҷа сабт кардааст».

NoTorture.Tj