Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ин зани либоси мотамӣ ба бар аллакай як сол пеш писари калониашро гўронида буд, аммо ҳар саҳар ба назараш чунин менамояд, ки ҳамин ҳоло дарвоза кушода мешаваду ў медарояд, зебову ҷавон, бо нидои «Бува, ман омадам!» (Модар, ман баргаштам!). Баъзан ў дар хобаш медарояд, боз ҳамон суханҳоро такрор мекунад: «Ман баргаштам, ана ман!». Ў писарашро ба оғўш мекашаду мебўсад, гармии дастонашро эҳсос менамояд, аммо бедор шуда, ҳис мекунад, ки ин танҳо хоб будаасту бас. Дарк мекунад, ки ў дигар ҳаргиз барнамегардад. Ва қалбаш қафаси синаро бештар мефишораду ба дард меояд.
Абдуваҳоб Қаюмов, сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд орзу дошт, ки ба академияи ҳарбӣ дохил ва афсар шавад. Барои ҳамин, рўзи дигари баъди камолоташ, 5-уми майи соли 2015, ихтиёрӣ дар комиссариати ҳарбии вилоятӣ ҳозир шуд. 11-уми май ўро ба Душанбе оварданд ва баъди ду ҳафта волидони Абдуваҳоб барои иштирок дар маросимии тантанавии ёд кардани қасами ҳарбӣ ба пойтахт омаданд.
Агар тақдир гашти дигаре медошт ва орзуи Абдуваҳоб амалӣ мешуд, академияи ҳарбӣ аҷаб курсанти хуберо ба даст меовард! Ҷавони пурқувват, қадаш 181 см. Дар бораи ин қабилҳо мегўянд: «Китфони баҳодурона дошт». Волидон ба ў нигариста, наметавонистанд ба ваҷд наоянд - чиқадар ҷиддӣ ва пурэҳсос менамуд ў ҳангоми ёд кардани қасами ҳарбӣ!
«Мо бо командирҳо суҳбат кардем. Онҳо барои писари хубамон ба мо миннатдорӣ карданд, гуфтанд, ки ба ташвиш наафтем. Бо мо хеле меҳрубонона суҳбат карданд ва бо хотири ҷамъ рафтем»,- нақл мекунад Зарина, модари Абдуваҳоб.
Рўзи шанбе, 4-уми июл Абдуваҳоб ба қисми низомии 2747-и қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ки дар ноҳияи Панҷ мустақар аст, фиристонида шуд. «Ба Панҷ расидан замон ў ба мо занг зад. Гуфт, ки ҳамроҳ бо ў 11 наваскари дигарро низ овардаанд. Хоҳиш кард, ки аз ў дар ташвиш набошем»,- идома дод модари Абдуваҳоб.
Рўзи дигар, 5-уми июл, прапоршик Хисрав Одинаев ҳудуди қисми ҳарбиро худсарона тарк намуд, ки аз ин хизматчиёни ҳарбӣ - сержанти хурд Шуҳрат Яқубов ва аскари қаторӣ Исмоил Мамадёров сўйистифода карданд. Ба навдаъватшудагон фармон доданд, ки пас аз хўроки нисфирўзӣ соати 13 ҳатман дар сарбозхона (казарма) ҷамъ оянд. Онҳо мехостанд ба ҷои истироҳат барои сарбозҳои ҷавон санҷиши сафороӣ ташкил кунанд. Ҳамаи он хизматчиёни ҳарбие, ки ба сафороӣ дер омада буданд, бо вайрон кардани муносибатҳои оинномавӣ, латукўб карда шуданд. Дар ин ҳол, Яқубов сарбозонро бо дасту пой мезад, Мамадёров бошад, бо калтаки чўбин. Охирин ба хашм омада, бо чунон қуввае ба «латукўби даври дуюм»-и деромадаҳо оғоз кард, ки дар натиҷа ба Абдуваҳоб Қаюмов ҷароҳатҳои ба ҳаёт хатарнок расид. Абдуваҳоб аз ҳуш рафт ва ҳанўз ба ёд номада, дар роҳ ба беморхона вафот кард. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги ў ҷароҳатҳои зиёди аз зарбаи олоти кунд расида гаштааст. Муҳраҳои гардани сарбоз шикаста будаанд.
«Абдуваҳоб ҳамон рўз тахминан ним соат пеш аз нисфирўзӣ, соати 11:30 ба мо занг зад. Барои онҳо тибқи нақша соати 12 хўроки нисфирўзӣ буд ва соати 13 ба латукўби ў оғоз кардаанд. Аз ин бармеояд, ки аллакай баъди хўроки нисфирўзӣ ин кор шудааст. Рўзи 6-уми июл бошад, писаракамонро бо доғҳои хунбастаи қафаси сина ва муҳраҳои шикастаи гардан оварданд»,- нақл мекунад модари бадбахт, ки баъди ин фоҷеа дучори садамаи асаб гардида, ҳоло дар қайди духтури асабшинос қарор дорад.
Ҳамин ҳоло ў қиссаи писари худро нақл карда, боз ва боз ҳама ҳодисаҳои рухдодаро аз пеши назар мегузаронад ва ашк аз чашмонаш рўи расми писараш мерезад, дастону лабҳояш ба оҳистагӣ меларзанд.
Суҳбатро қатъ мекунем ва ман дасташро ба дасти худ мегирам. Хомўш мемонем. Дар ин чанд дақиқа ҳар кас ба таври худ фикр мекард. Шояд ў дар бораи он фикр мекард, ки агар вақт қафо гардад, ҳаргиз роҳ намедод писараш ба хизмате равад, ки ҷавонро зиндаву куллан саломат медиҳӣ, вале ҷисми беҷонашро гашта мегирӣ; ман дар он хусус, ки кай чунин ҳолатҳои ваҳшиёнаи «дедовщина» дар артиш анҷом меёбанд? Ҳолатҳое, ки на танҳои қувваҳои мусаллаҳ, инчунин давлатеро, ки сарбозон барои ҳимояаш даъват шудаанд, шарманда месозанд.
Замоне, ки мо хомўш менишастем, падари Абдуваҳоб - Абдусалом Қаюмов аз гўристон баргашт. Чанд сол пеш писари ў бо дастони худ назди гўри бибӣ ва амакаш дарахт шинонда буд, то зери соя осоиш ёбанд. Аммо ҳоло худи ў дар паҳлуи онҳо, зери сояи ин дарахтҳо хоб аст. Модар боре ҳам дар сари гўри писар набудааст. Наметавонад, мадҳуш мешавад. Бовар кардан намехоҳад, ки писари дўстдоштааш дигар нест.
Ў наметавонад ба ҳавлии хонаи сохтмонаш нотамоме дарояд, ки Абдуваҳоб бояд баъд аз тўй арўсашро ба он ҷо меовард. Хона ду қадам дуртар аз манзили волидон ҷойгир аст, дар дарвозааш қулфи калон. Абдуваҳоб ҳамсоя-ҳамсинфи худро дўст медошт ва ният дошт, ки бо ў оиладор шавад. Чанде пеш духтар ба шавҳар баромад, вале ҳар вақте ки ба хонаи модараш ояд, аввал ҳатман модари Абдуваҳобро хабар мегирад.
«Кош чашмҳо пўшида мебуданду тасаввур мекардам, ки ин ҳама хоби даҳшатнок аст. Ва писарам дар паҳлуям, дар хонаи шафат бо ҳамсараш зиндагӣ мекунаду ман набераҳоро нигоҳубин менамоям. Аммо тақдири талх насиби ман шуд…»,- бо овози ларзон мегўяд Зарина.
… Нисбати Исмоил Мамадёров ва Яқуб Шуҳратов бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва вайрон кардани муносибатҳои оинномавии хизматчиёни ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Хисрав Одинаев, ки худсарона ҷои хизматро тарк карда буд, ба бемасъулиятӣ нисбати хизмати ҳарбӣ гунаҳгор дониста шуд.
Суд Шуҳрат Яқубов ва Исмоил Мамадёровро гунаҳгор дониста, онҳоро ба муҳлатҳои 17 ва 16 сол бо адои ҷазо дар колонияи низомаш пурзўр аз озодӣ маҳрум кард. Прапоршик Хисрав Одинаев бошад, ду солро дар муассисаи ислоҳотӣ сипарӣ хоҳад намуд.