Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳи марти соли 2022 расонаҳо инъикоси қазияҳои пурсарусадоеро, ки муддатҳо боз роҳи ҳалли худро наёфтаанд, идома доданд.
Санаи 23-юми март торнамои Радиои “Озодӣ” гузорише таҳти унвони “Созмони Милал парвандаи марги Исмонбой Бобоевро баст» (https://www.ozodi.org/a/31766891.html) пахш карда, иттилоъ дод, ки баъди 12 соли баҳсу муколама бо Тоҷикистон, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал парвандаи марги шубҳабарангези як ҷавони тоҷикро баст, ки ба гуфтаи волидонаш бар асари шиканҷаи муфаттишон дар идораи милиса ҷон дод.
- Масъулони кумита рӯзи 21-уми март дар ҷаласае дар Женева гуфтанд, азбаски мақомоти Тоҷикистон тавсияҳои Созмони Милалро дар бораи марги Исмонбой Бобоев нодида гирифтанд ва ҳам хешовандонаш ба иҷрои тавсияҳову пеш бурдани парванда саъйе накарданд, баҳс пӯшида шуд,- навишт ин торнамо.
Бино ба гуфтаи торнамо, «сухан дар бораи марги Исмонбой Бобоев, як сокини Исфара меравад. Ӯ моҳи феврали соли 2010 бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Ҳизб-ут-таҳрир" дар ҳамин ноҳия боздошт шуд, аммо баъди чанде ҷасадашро ба падараш супурданд. Падараш Ҷӯрабой Бобоев ҳоло барҳаёт нест, вале солҳои пеш мегуфт, писарашро муфаттишони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров ба нерӯи барқ мондаанд, то гуноҳи нокардаро ба гардан бигирад ва дар натиҷаи истифода аз ин навъи шиканҷа нафасгир шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳарчанд Додситонии вилояти Суғд бар зидди муфаттишон бо иттиҳоми фаро рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ, қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ парванда боз кард, баъдан бо ин баҳона, ки ҳарду беморанд, тафтишот қатъ шуд. Пас аз муроҷиатҳои батакрор, тафтишот дигарбора аз сар гирифта шуд ва ҳафт сол давом кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ин парвандаро то ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал бурданд ва ин кумита аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки гунаҳкорони марги Исмонбой Бобоевро ҷазои муносиб дода, ба падари ӯ, барои азобҳои равонии кашидааш, ҷуброни молӣ бипардозад. Вале ҳукумат ин тавсияҳоро иҷро накард».
Яке аз қазияҳои дигари пуровоза, ки дар моҳи март низ инъикос ёфт, мурофиаи варзишгар Чоршанбе Чоршанбиев буд. Дар ин маврид торнамои Радиои “Озодӣ” рӯзи 14-уми март матлабе бо номи “Мурофиаи боз, вале маҳдуди Чоршанбе Чоршанбиев. Тарафҳо дар боздоштгоҳ чӣ гуфтанд?» (https://www.ozodi.org/a/31752423.html) пахш кард.
- Муҳокимаи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари муҳорибаҳои омехта, рӯзи 14-уми март дар боздоштгоҳе дар Душанбе идома кард. Сарфи назар аз боз будани мурофиа, ба хабарнигори Радиои «Озодӣ» ин бор ҳам иҷозаи иштирок надоданд. Иштирокдорони мурофиа гуфтанд, миёни вакилони мудофеъ ва додситон баҳси зиёд шуд. Додситон бар асоси як навори суханронии Чоршанбиев дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон, ӯро ба даъват ба сарнагунии ҳокимият муттаҳам кардааст. Вакилони мудофеъ ба бегуноҳии варзишгар пойфишорӣ доранд,- менависад торнамо.
Торнамо хабар медиҳад, ки «дар назар аст мурофиаи навбатӣ аз рӯи парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 18-уми март баргузор шавад. Эҳтимол дар мурофиаи баъдӣ додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Чоршанбиев ҷазо талаб кунад».
Санаи 29-уми март бошад, худи ҳамин торнамо, яъне Радиои “Озодӣ” бо пахши матлаб таҳти унвони «Суҳбати Чоршанбе Чоршанбиевро дар бораи Бадахшон аз нав «месанҷанд»» (https://www.ozodi.org/a/31775713.html) навишт, ки «додгоҳ қарор кардааст, то суҳбати Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари боздоштшударо дар мавриди ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Бадахшон аз нав бисанҷанд».
- Муҳокимаи навбатии Чоршанбиев рӯзи 29-уми март дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия баргузор шуд, вале ба хабарнигорон иҷозаи иштирок надоданд. Танҳо вакилони мудофеъ ва пайвандонаш ба он роҳ ёфтанд. Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 29-уми март ба Радиои «Озодӣ» гуфт, додгоҳ хостааст, ки ташхисро Вазорати адлия гузаронад. Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар вақти санҷиш мутахассиси забони русиро даъват карда, ширкати Чоршанбиев ва вакилони мудофеъро таъмин кунанд,- навишт торнамо.
Инчунин, торнамои Радиои «Озодӣ» рӯзи 31-уми март матлабе бо номи “Ба ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик 24 шикоят аз шиканҷа расидааст» (https://www.ozodi.org/a/31779382.html) пахш кард.
- Эътилофи гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки соли 2021 аз 24 нафар дар бораи бадрафторӣ ва ё шиканҷа ба онҳову хешовандонашон шикоят гирифтаанд. Дар як иттилоияи Эътилоф ба зидди шиканҷа, ки рӯзи 30-юми март нашр шуд, омадааст, аз миёни 24 шикояте, ки гирифтаанд, 5 нафари онҳо занон ҳастанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, шиканҷаву бадрафторӣ ҳангоми боздошти муттаҳамон ба ҷиноят ва тафтиши парванда сурат мегирад ва “латукӯб, ба барқ мондани муттаҳам ва ё узви оилаи онҳо, тарсонидан” аз шеваҳоест, ки муфаттишони тоҷик барои ҳосил кардани эътироф ба кор мебаранд,- аз ҷумла омадааст дар матлаби торнамо.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан, 23-юми март торнамои NoTorture.Tj матлабе таҳти унвони “Эътилофи зидди шиканҷа: ду нафар - волидони қурбониёни эҳтимолии муносибати бераҳмона дар офиятбахшӣ қарор доранд” (https://notorturetj.org/tj/news/etilofi-ziddi-shikancha-du-nafar-volidoni-kurboniyoni-ekhtimolii-munosibati-berakhmona-dar) пахш карда, аз ҷумла навишта буд: “Айни замон Гуруҳ оид ба офиятбахшии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабиниҳои офиятбахширо барои ду нафар гузаронида истодааст, ки онҳо волидони қурбониёни эҳтимолии муносибати бераҳмона мебошанд. Онҳо аз санҷишу ташхис гузаштаву айни замон табобати амбулаторӣ гирифта истодаанд ва баъдтар, пас аз баҳогузории аввалияи равонӣ офиятбахшии равонӣ хоҳанд гузашт”.
Зимнан, бояд гуфт, санаи 11-уми март торнамои NoTorture.Tj бо номи “Эътилофи зидди шиканҷа барои прокурорҳо дар мавриди муайянсозӣ ва тафтиши далелҳои шиканҷа тренингҳо гузаронид”
(https://notorturetj.org/tj/news/etilofi-ziddi-shikancha-baroi-prokurorkho-dar-mavridi-muayyansozi-va-taftishi-dalelkhoi) хабар пахш карда буд.
Дар ин хабар гуфта мешуд, ки “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Институти омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва боло бурдани касбияти кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон тренингҳоро дар мавзуи “Усул ва методикаи санҷиши прокурории риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба огоҳнамоӣ, муайянсозӣ ва тафтиши шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо” баргузор намуданд”.
Мақсади омӯзиш боло бурдани таҷрибаҳои касбии муфаттишони мақомоти прокуратура дар мавриди муайянсозӣ ва тафтиши далелҳои шиканҷа гуфта шудааст.