Гуруҳи офиятбахшӣ: 14 қурбонии эҳтимолии шиканҷа ва оилаҳои онҳо офиятбахшӣ гузаштанд

Аз моҳи январ то августи соли ҷорӣ Гуруҳи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо ба 14 муроҷиаткунанда барои гузаштан аз офиятбахшӣ кумак расонд, ки аз онҳо 1 нафар мард, 7 нафар зан ва 6 писарбачаи ноболиғ мебошанд.

Аз шумораи умумии қурбониён 9 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 5 нафар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона мебошанд. Ҳамаи онҳо дар марҳилаи гузаштани курси офиятбахшӣ қарор доранд.

Нисбати нуҳ қурбонӣ шиканҷаи ҷисмонӣ истифода бурда шудааст: латукӯб бо бастани пойҳо ва дастҳо, пайваст кардани ҷараёни барқ дар нохунҳо ва қисми узвҳои таносул, зарба ба шикам ва сутунмуҳра, зарба ба зонуҳо бо калтак, зарба бо мушт ба сар ва рӯй, таҳдиди таҷовуз ба номус, инчунин фишори равонӣ.

Ҳамаи қурбониёни муроҷиаткарда, инчунин хешовандони онҳо ҷароҳат бардошта, дар натиҷа мушкилоти дорои хусусияти тиббию равонӣ доштанд, ки мутаносибан ба онҳо кумаки тиббию равонӣ расонида шуд.

Дар натиҷаи ташхис дар қурбониён ва наздикони онҳо ҷароҳатҳои зерини тиббӣ муайян карда шуданд: баланд шудани фишори хун, дарди дил, дарди сутунмуҳра, зиёд шудани қанди хун, сактаи мағзи сар, дарди зону, дарди гурда. Пас аз муоинаи терапевт, невропатолог, кардиолог, ортопед ва эндокринолог тавсияҳо дар шакли табобати амбулаторӣ ва статсионарӣ дода шуданд.

Ҳамин тавр, ба 11 нафар табобати амбулаторӣ, ба 3 нафар табобати статсионарӣ, ба 14 нафар муоинаи тиббӣ, ба 2 нафар физиотерапия ва маҳс, ба 14 нафар доруворӣ, ба 2 нафар табобати санаторӣ таъмин карда шуд.

Қурбониён ва наздикони онҳо бар асари шиканҷа осеби равониро ҳам аз сар гузаронидаанд. Онҳо давра ба давра ҳодисаҳои осебпазирро аз шиканҷа ба хотир меоварданд, ки дар натиҷа дамдуздӣ, хоҳиши танҳоӣ, бехобӣ ё камхобӣ, асабоният, изтироб, хашмгинӣ, худбаҳодиҳии паст, эҳсоси бепарвоӣ, кам шудани иштиҳову фаромӯшхотирияшон меафзуд. Шиканҷае, ки нисбати қурбониён истифода шуда буд, боиси ташаннуҷи равонӣ гардид ва аз ин рӯ, бархе аз қурбониён дар ҳолати изтироби баланд қарор доранд. Ҳамин тариқ, ба ҳамаи 14 нафар зарардидагон аз шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо кумаки равонӣ расонида шуд. Ғайр аз ин, ба онҳо кумаки иҷтимоӣ ҳам расонида шуд.

Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ ба 7 нафар қурбонии эҳтимолии шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо кумаки такрории тиббӣ расонида шуд. Аз ин шумора 4 нафар қурбонии бевосита ва 3 нафари боқимонда хешовандони онҳо мебошанд. Ҳамаи 7 нафар аз ташхису муоина гузашта, табобати амбулаторӣ гирифтанд. Кумак дар асоси қарори консилиум ва тавсияи табиб расонида шуд.

NoTorture.Tj