Ника Кварачелия: Механизми миллии пешгирикунанда - калиди пешгирии шиканҷа

- Механизми миллии пешгирикунанда (ММП) воситаи калидии пешгирии шиканҷа ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аст,- гуфт коршинос аз Гурҷистон Ника Кварачелия зимни суханронӣ дар Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Ба гуфтаи ӯ, моддаи 2(1)-и Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ пешбинӣ намудааст, ки ҳар як давлати узв барои пешгирии далелҳои шиканҷа дар дилхоҳ ҳудуди таҳти тобеияти худ чораҳои муассири қонунгузорӣ, маъмурӣ, судӣ ва дигар чораҳоро меандешад.

Тавре коршинос зикр намуд, инҳо метавонанд ҳама гуна тадбирҳое бошанд, ки хатари шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро коҳиш медиҳанд ва бояд ба он масъалаҳое таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад, ки ба назар фаврӣ, муҳимтарин ва ҳалшавандаанд.

"То имрӯз 94 давлати ҷаҳон Протоколи факултативӣ ба ММП-ро ба тасвиб расонидаанд ва 74 давлати иштирокчӣ ММП-ро таъин карда ва ё таъсис додаанд", - зикр намуд ӯ ва афзуд, ки кишварҳои гуногун моделҳои гуногуни ММП доранд: бо институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон ё институтҳои ваколатдор (Қазоқистон), муассисаи алоҳида (Қирғизистон) ё якчанд муассисаҳо, аз ҷумла федералӣ ва маҳаллӣ (Бразилия).

Ба гуфтаи Ника Кварачелия, ММП бояд бо роҳи раванди ошкоро, шаффоф ва намояндагӣ таъсис дода шавад, мандат ва ваколатҳо бояд дар матни конститутсионӣ ё қонунгузорӣ муайян карда шаванд, интихоби аъзо мувофиқи меъёрҳои нашршуда сурат гирад, ҳайати бисёрсоҳавӣ ва иштироки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори ММП муҳим аст ва мустақилияти ММП (молиявӣ ва фаврӣ) бояд кафолат дода шуда, захираҳои зарурӣ таъмин карда шаванд.

Дар мавриди мандат ва ваколатҳои ММП, дастрасии озод ба ҳама ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, дастрасии озод ба иттилоот, дастрасии озод ба шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, мусоҳибаҳои хусусӣ ва иртиботи мустақим бо Зеркумита оид ба пешгирии шиканҷа ҳангоми таъсиси ММП бояд таъмин карда шуда, оид ба қонунгузории амалкунанда ё лоиҳаи қонунҳо пешниҳоду эродҳо пешниҳод гарданд ва муколамаи созанда бо мақомот сурат гирад.

Коршинос оид ба унсурҳои асосии кори ММП сухан ронда, аз боздидҳои пешгирикунанда, пешниҳоди гузоришу тавсияҳо, муколамаи пайгирона ва созанда, боло бурдани огоҳӣ ва маълумотнокӣ ёдовар шуд.

Ба бовари ӯ, ММП муассир буда, дар пешгирии шиканҷа нақши калидӣ дорад.

Муколама аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва бунёди ҳолландии «Perspectivity Challenge» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бунёди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI), дар доираи лоиҳаҳои дахлдори ҳуқуқи инсон гузаронида шуд: https://notorturetj.org/news/dialog-gosudarstva-i-grazhdanskogo-obshchestva-po-pravam-cheloveka-v-tadzhikistane

NotortureTj