Стандартҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии нигоҳдории шахсони якумра маҳкумшуда

Масоили шароити нигоҳдории афроде, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд, дар механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон мавқеи махсусро ишғол мекунанд. Ин категорияи маҳбусон бо маҳдудиятҳои шадид ва тӯлонии ҳуқуқҳо рӯ ба рӯ мегарданд, ки таваҷҷуҳи бештарро ба риояи стандартҳои муносибати инсондӯстона талаб мекунад.

Уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт аз иштирок дар шартномаҳои калидии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо, инчунин Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бармеоянд.

Давлат мунтазам дар доираи Шарҳи даврии универсалӣ ва Нақшаи миллии амалҳо оид ба ҳуқуқи инсон иасъулияти худро ба ин уҳдадориҳо тасдиқ мекунад. Дар баробари ин, тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ (бандҳои 37-38) ба зарурати беҳтар кардани амалияи муносибат бо маҳбусони якумрӣ ишора мекунанд. Таҳлили ин масъала имкон медиҳад, ки самаранокии ислоҳоти анҷомдодашуда ва дараҷаи мутобиқати амалияҳои миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ баҳогузорӣ гардад.

Стандартҳои байналмилалӣ

Ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ талаботи муносибати инсондӯстона бо шахсони аз озодӣ маҳрумшударо ба таври возеҳ муқаррар мекунанд. Моддаи 5-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон шиканҷа ва ҳама гуна муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазоро манъ мекунад, моддаи 3 бошад, ҳуқуқи ҳар як шахсро ба ҳаёт, озодӣ ва амнияти шахсӣ кафолат медиҳад.

Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ин муқарраротро мушаххас мекунад: моддаи 7 шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро манъ мекунад, моддаи 10 бошад, давлатҳоро вазифадор месозад, ки муносибати инсондӯстона ва эҳтироми шаъну шарафи ҳамаи шахсони аз озодӣ маҳрумшударо таъмин намоянд. Конвенсияи зидди шиканҷа хусусияти мутлақи манъи шиканҷаро (моддаи 2) таъкид мекунад, онро ба дигар шаклҳои муносибати бераҳмона ва пастзанандаи шаъну шараф (моддаи 16) татбиқ менамояд ва давлатҳоро вазифадор месозад, ки қоидаҳо ва амалияҳои муносибат бо маҳбусонро мунтазам аз нав дида бароянд (моддаи 11).

Стандартҳои иловагӣ дар Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии СММ оид ба муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела) мавҷуданд. Аз ҷумла, қоидаи 1 эҳтиром ба шаъну шарафи инсонро таъкид медорад, қоидаҳои 24-27 уҳдадории таъмини ёрии тиббии дастрас ва босифатро муқаррар месозанд, қоидаҳои 43-45 ҷудосозии тӯлонӣ (зиёда аз 15 рӯз) ва номуайянро манъ менамоянд ва қоидаи 58 робитаи мунтазами байни маҳбусон ва ҷаҳони берунаро талаб мекунад.

Маҷмуи принсипҳо оид ба ҳифзи ҳамаи шахсони ба боздошт ё ҳабс дучоргардида манъи муносибати пастзанандаи шаъну шараф (принсипи 6), ҳуқуқ ба хизматгузории тиббӣ (принсипи 24) ва зарурати механизмҳои муассири шикоят бо кафолатҳои ҳимоя аз фишор (принсипи 33)-ро муқаррар мекунанд. Принсипҳои асосии муносибат бо маҳбусон тасдиқ менамоянд, ки шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ҳамаи ҳуқуқҳои инсонро доранд, ба истиснои ҳуқуқҳое, ки ба таври возеҳ ва қонунӣ маҳдуд карда шудаанд.

Қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии СММ ва гузоришҳои расмиёти махсус инчунин талаботро барои шароити нигоҳдории афроде, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, аз ҷумла онҳое, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардидаанд, дақиқ менамоянд. Аз ҷумла, қарорҳои Ассамблеяи Генералии СММ оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона уҳдадории давлатҳоро барои таъмини шароити муносиби нигоҳдорӣ ва гузаронидани мониторинги мунтазами ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ таъкид мекунанд. Гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа борҳо ба хатарҳои афзояндаи афроде, ки дар шароити ҷудои тӯлонӣ, дастрасии маҳдуд ба ёрии тиббӣ ва набудани тамосҳои иҷтимоӣ нигоҳ дошта мешаванд, ишора кардааст. Гурӯҳи корӣ оид ба боздоштҳои худсарона қайд намудааст, ки режимҳои аз ҳад зиёд сахти нигоҳдорӣ ва набудани механизмҳои муассири шикоятҳо метавонанд ҳамчун нақзи стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ гарданд.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва Кумитаи ҳуқуқи инсон борҳо таъкид кардаанд, ки изолятсияи аз ҳад зиёд, набудани ёрии тиббии муносиб, тамоси маҳдуд бо ҷаҳони беруна ва шароити ғайри қаноатбахши маишӣ метавонанд ҳамчун нақзи моддаҳои 7 ва 10-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин моддаҳои 2 ва 16-и Конвенсияи зидди шиканҷа ҳисобида шаванд.

Дар қонунгузории Тоҷикистон чӣ пешбинӣ шудааст?

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шахс ҳуқуқ ба ҳаёт, дахлнопазирии шахсӣ ва ҳимоя аз муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шарафро кафолат медиҳад (моддаҳои 17 ва 22). Моддаи 25-и Конститутсия ҳуқуқи ҳар як шахсро ба ҳифзи саломатӣ ва гирифтани ёрии тиббӣ, аз ҷумла дар шароити маҳрумият аз озодӣ муқаррар мекунад.

Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби нигоҳдории шахсонеро, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷумла онҳое, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардидаанд, танзим мекунад. Дар моддаҳои 69-74 шароити нигоҳдорӣ, низоми изолятсия, тартиби расонидани ёрии тиббӣ, масоили ғизо ва таъмини шароити минималии маишӣ муайян карда шудааст.

Қонун "Дар бораи системаи пенитенсиарӣ" (соли 2012) стандартҳои умумии фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ ва масъулиятҳои маъмуриятро барои таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи саломатии маҳбусон муқаррар мекунад. Қонун "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" барои шахсони дорои маъюбӣ кафолатҳои иловагӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва офиятбахширо пешбинӣ мекунад, ки барои нафарони дорои маъюбияти якумрӣ маҳкумгардида низ муҳим аст.

Дар маҷмуъ, ин меъёрҳо заминаи ҳуқуқии миллиро ташкил медиҳанд, ки ба таъмини ҳуқуқҳои маҳбусони якумра аз озодӣ маҳрумшуда мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, имконияти тамосҳои иҷтимоӣ ва мавҷудияти механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳо равона гардидааст.

Тавсияҳои СММ

Пас аз баррасии вазъият дар Тоҷикистон дар соли 2018 Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба шароити нигоҳдории афроди аз озодӣ маҳрумшуда, аз ҷумла онҳое, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, изҳори нигаронӣ карда, ба ҳукуматҳо тавсия дод, ки:

- дастрасии маҳбусонро ба ёрии тиббии тахассусӣ, бахусус барои онҳое, ки бемориҳои музмин ва маъюбият доранд, таъмин намоянд;

- аз изолятсияи аз ҳад зиёд ва дарозмуддат пешгирӣ намоянд;

- шароити маишӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ, меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ, инчунин дастрасӣ ба барномаҳои таълимӣ ва шуғлро беҳтар созанд;

- механизмҳои муассир ва мустақили пешниҳоди шикоятҳо ва назорати фаъолияти маъмуриятро таъсис диҳанд;

- риояи ҳуқуқҳои шахсони ба ҳабси якумра маҳкумшуда, аз ҷумла роҳ надодан ба табъиз, дастрасӣ ба адвокатҳо ва имконияти нигоҳ доштани робитаҳои иҷтимоиро таъмин намоянд.

Нақшаи миллии амал барои солҳои 2019-2022

Дар посух ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи миллии амалро тасдиқ кард, ки аз ҷумла пешбинӣ мекунад:

- андешидани чораҳо оид ба тарҳрезӣ ва сохтмони тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1 ва муассисаи ислоҳии низоми махсус дар ноҳияи Рӯдакӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ;

- баррасии имконияти ҷалби шахсони ба ҳабси якумра маҳкумшуда ба меҳнат;

- таҳлили масъалаи нигоҳдории якҷояи дигар категорияҳои маҳкумшудагон бо якумрӣ ҳабсшудагон;

- омӯзиши зарурати амалисозии қонунгузории ҷиноятӣ-иҷроӣ бо назардошти тавсияҳои мақомоти байналмилалӣ.

Натиҷаҳо ва хулосаҳо

Таҳлили стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон баҳри риояи ҳуқуқи инсон чораҳоро барои беҳтар кардани шароити нигоҳдории афроде, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд, андешида истодааст. Конститутсия ва қонунҳои дахлдор ҳуқуқи онҳоро ба ҳаёт, ҳифзи саломатӣ ва шароити муносиби нигоҳдорӣ муқаррар кардаанд.

Ҳамзамон, дар амалия баъзе мушкилот боқӣ мемонанд, аз ҷумла дастрасии маҳдуд ба ёрии тиббӣ, изолятсияи аз ҳад зиёд ва назорати нокифояи риояи ҳуқуқҳои маҳбусон. Беҳтар намудани вазъ тақвияти мониторинги мустақили ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, таъмини ёрии тиббии дастрас ва босифат, маҳдуд кардани амалияи изолятсияи тӯлонӣ ва рушди минбаъдаи механизмҳои муассири пешниҳоди шикоятҳоро талаб мекунад.

ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» ва А. Бурҳонова