Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар намоишгоҳи имсола созмондиҳандагон 3 саргузашти нави сарбозони ҷавони қӯшунҳои сарҳадиро манзур сохтанд, ки қурбонии зӯроварӣ ва муносибати бераҳмонаи ҳамхизматони баландрутба гардидаанд. Аз ҷумла, саргузаштҳои сарбози маъюбшуда Шаҳбол Мирзоев, ки алъон дар ҳолати вазнин бистарии бемористон аст, инчунин Акмал Давлатов ва Мақсуд Носиров, ки бар асари латукӯб дар артиш ба ҳалокат расиданд. Ҳамзамон бинандагони ин намоишгоҳ чун соли пеш бо 6 таърихномаи аксии дигар низ шинос шуданд. Асоси онҳоро қазияҳои пурсарусадои Ҳамзаалӣ Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов ташкил дод, ки зимни боздошт ё дар маҳбас фавтидаанд.
Чорабинии мазкур дар толори Маркази тиҷоратии “Вафо”-и пойтахт бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Шуъбаи тоҷикистонии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад созмон дода шуд. Тафсилоти бештари ин иқдомотро метавонед дар гузориши видеоии NoTorture.Tj тамошо кунед.