Аз «қаҳрамонӣ»-и подполковник то шикояти адвокат аз «барқзаниҳо»

Аз «қаҳрамонӣ»-и подполковник то шикояти адвокат аз «барқзаниҳо»

Таври маълум, қазияи латукӯби даъватшавандаҳо ба хизмати ҳарбӣ ва волидон мавзӯи пурсарусадои охири соли 2014 дар саҳифаҳои расонаҳои Тоҷикистон буд. Аммо ин баҳс ба соли 2015 ҳам кӯчид.

Ҳафтаномаи «СССР» бо номи «Браво, вазир! Метавонед!!!» (№1 (330), аз 1-уми январи соли 2015) мақолае ба табъ расонида, аз барканории комиссари Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент Хуршед Қобилов, ки дар латукӯби падари як даъватшаванда гунаҳгор дониста мешуд, ёдоварӣ кард.

- Дар баробари «қаҳрамонӣ»-и подполковник ҳамзамон рафтори кормандонаш низ расонаӣ шуд, ки зердастонаш дар дар латукӯби даъватшаванда - Саидалӣ Ҳақбердиев аз деҳаи Яккахонаи шаҳри Панҷакент гунаҳгор дониста мешуданд. Вай он замон гуфта буд, ки ду нафар аз кормандони комиссариат ӯро ҳини облава дар дохили мошин латукӯб кардаанд ва ахиран маълум шуд, ки ин нафарон Урунбек Тошев ва Икром Нодиров мебошанд. Маротибаи сеюм як модар, Бибимарям Ҳамроева, сокини деҳаи Чорбоғи ҷамоати Косатарош низ ба рӯзноманигорон шикоят аз он намуд, ки ӯро ҳам кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент латукӯб кардаанд ва дар натиҷа ин зан дар беморхонаи амрози қалб бистарӣ мешавад. Ӯ он замон латукӯб шудани хешро аз ҷониби корманди дигари комиссариат бо номи Далер Мирватов ном мебурд. Хулоса, ин се тан ҷабрдидагон ба прокуратура шикоят мебаранд ва санҷиш оғоз меёбад. Ҳамзамон, аз тарафи худи вазири мудофиа Шералӣ Мирзо гуруҳи вежа барои пайгирии қазияҳо таъсис меёбад ва ин гуруҳ ба Панҷакент ташриф оварда, бо ҷабрдидагон суҳбат ва шикояти онҳоро баррасӣ мекунанд. Дар натиҷа Х. Қобилов ва Д. Мирватовро вазир аз вазифаҳояшон барканор намуд. Браво, Шералӣ Мирзо!!! Зеро кам касон бовар доштанд, ки Хуршед Қобилов барканор гардад. Чунки хабарҳо ва миш-мишҳое ҷой доштанд, ки собиқ комиссар гӯё «тағо»-и зӯре доштаасту пишакашро касе пишт гуфта наметавонистааст,- муфассалтар менависад нашрия.

Ҳамзамон, ҳафтанома иттилоъ медиҳад: «Ахиран ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», ки намояндаи онҳо ҷабрдидагонро ҳимоя мекард, хабар дод, ки Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд нисбати 2 корманди комиссариат Икром Нодиров тибқи моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (сӯйистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият) ва нисбати Тошев Урунбек бо моддаи 316, қисми 1-и КҶ ҶТ (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парванда оғоз карда, тафтишот идома дорад».

Ҳафтаномаи «Фараж» бошад, мақолаи таҳлилие таҳти унвони «2014: Ҷанг дар сарҳаду Хоруғ» (№1 (422), аз 1-уми январи соли 2015) ба нашр расонид, ки як боби он «Шаҳбол Мирзоев соли 2015-ро маҷруҳ ҷашн мегирад» ном дорад.

- Баъд аз ҳодисаҳои пурсарусадои сиёсӣ ҳодисае оғоз шуд, ки як нафарро то ба ҳол маҷруҳу маъюб намудааст. Ин ҳодисаи Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт мебошад, ки баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд довталабона ба хидмати артиш рафта, шаби 8-уми марти соли 2014 баъди «гӯштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии нерӯҳои марзбонӣ маъюб шуд. Ҳарчанд дар аввал Сарраёсати неруҳои марзбонии Тоҷикистон ваъда дода буд, ки тамоми харҷи ҷарроҳӣ ва табобати Шаҳболро мепардозад, аммо ин ваъда иҷро нагардид ва падари сарбоз Нӯъмон Мирзоев хонаашро фурӯхта, писарашро дар Русия ҷарроҳӣ кард,- менависад ҳафтанома.

Нашрия ҳамзамон ёдовар мешавад, ки гунаҳкори ҷароҳати Шаҳбол - Усмоналӣ Ғайратов дар моҳи июни соли 2014 барои расондани осеб ба саломатии Шаҳбол Мирзоев ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо тибқи қонуни авф, ҳукми Усмоналӣ Ғайратов аз 9 то ба 7 солу 9 моҳ кам карда шуд. Ҷавобгари дигар дар парванда Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи қисми низомии Шаҳбол Мирзоев, ки барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани ойиномаи хидматӣ ба 1,5 соли кори иҷборӣ маҳкум шуда буд, комилан авф шуд.

Аммо чанде баъд ҳодисаи нохуше ба миён омад, ки саҳифаҳои расонаҳоро моломол аз хабару гузориш кард. Хабаргузории «Озодагон» санаи 17-уми январи соли 2015 бо пахши як хабар таҳти унвони «Ҳалокати хонандаи интернат аз дасти директор ва муҳофизони бозор» чунин иттилоъ дод: «Мақомоти пулиси вилояти Суғд мегӯянд, дар пайи латукӯб аз ҷониби директор ва муҳофизони бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, як хонандаи ноболиғи мактаб-интернат, ки дар мағозаи хӯроквории бозор даст ба дуздӣ задааст, ба ҳалокат расидааст. Манбаъ мегӯяд, ки тахминан соати 01:30-и 15-уми январ ноболиғон Исоев Эраҷи 16-сола ва Ҷӯраев Зиёдбеки 17-сола, хонандагони мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои «Сабрина», воқеъ дар бозори «Назари Нек»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтаанд».

Ба навиштаи хабаргузорӣ, ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огоҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтидан ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд.

- Мақомоти пулис мегӯянд, ки директори бозори «Назари Нек» Ҷӯраев Рустамҷони 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор - Юсуфов Бобурҷони 29-сола ва Файзиев Аҳлиддини 37-сола ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, бо истифода аз мушту лагад ва пояи мизи пластмассӣ онҳоро зери латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷа, ноболиғ Ҷӯраев Зиёдбеки 17-сола, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардидааст,- меафзояд хабаргузорӣ.

Дар ин маврид хабаргузории «Азия-Плюс» бо номи «Cуғд: Латукӯби то марги як тарбиятгирандаи интернат» ва торнамои Faraj.tj низ таҳти унвони «Дар пайи латукӯби раиси бозор Зиёдбек фавтиду Эраҷ бистарӣ шуд»  хабар пахш карда, иттилоъ доданд, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 110, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошад) нисбати директори бозор, сардори хадамоти посбонӣ ва як посбон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хабаргузории «Озодӣ» ҳам дар бахши видеоии худ «Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 22-юми январи соли 2015-ум»  иқрори раиси бозори "Назари нек"-ро дар мавриди он, ки ятими муттаҳам ба дуздиро то мурдан латукӯб кардааст, ба намоиш гузошт.

Чунин як навори васеътаре бо хабар таҳти унвони «Иқрори Ҳоҷӣ Рустам: Аз карда пушаймонам» рӯзи 22-юми январ дар торнамои «Озодагон» пахш шуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Рустам Ҷӯраев, директори бозори “Назари Нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки дар марги Зиёдбек Ҷӯраев ва латукӯби Эраҷ Исоев - донишомӯзони ноболиғ муттаҳам мешуд, ба айби худ иқрор карда, гуфт, ки сахт пушаймон аст».

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ӯ зимни барномае тавассути телевизиони "Симои мустақали якуми Хуҷанд" изҳор доштааст, ки ин амал барқасдона не, балки тасодуфӣ буда, фикр мекарданд, ин ду ноболиғ дузди ҳирфаӣ мебошанд: “Худамонро идора карда натавонистем ва ҳамакаса онҳоро латукӯб кардем. Аз ин кори кардаи худ сахт пушаймон ҳастем”.

Як рӯз баъд аз ин, 23-юми январ, торнамои Faraj.tj хабар дод, ки «Дар пайи қатли Зиёдбек директори мактаб-интернат барканор шуд».

- Гулнора Мадаминова, директори мактаб-интернати шаҳри Чкалов дар пайи латукӯби наврасони ятим дар бозори «Назари нек», ки яке ба ҳалокат расид ва дигаре ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт, аз вазифа сабукдӯш шудааст. Муҳаббат Маҷидзода, мудири Раёсати маорифи вилояти Суғд дар сӯҳбат бо хабарнигори Faraj.tj ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ба ҷои Гулнора Мадаминова Қаҳрамон Умаров таъин шудааст,- навишт торнамо.

Дере нагузашта, 29-уми январ, хабаргузории «Озодагон» бо номи «Ализода: Марги Зиёдбек ба мо як ҳушдор буд»  ва 30-юми январ торнамои «Азия-Плюс» таҳти унвони «Омбудсмен: Марги кӯдаки латукӯбшуда дар бозор барои мо як ҳушдор аст» хабар пахш карданд.

«Азия-Плюс» дар ин маврид аз ҷумла навишт: «Зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода дар робита ба латукӯби то марги навраси 17-сола Зиёдбек Ҷӯраев, тарбиятгирандаи мактаб-интернати шаҳри Чкаловск дар бозори «Назари нек»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби директори бозор ва посбонони он изҳор дошт, ки ин ҳодиса барои онҳо як ҳушдор аст. Зариф Ализода ин ҳодисаро «даҳшат» хонда, зикр кард, ки минбаъд зимни санҷиш дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ мебояд ба кӯдакони дар онҳо тарбиятгиранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд».

Дигар аз мавзуҳое, ки моҳи январи соли 2015 расонаӣ шуд, муроҷиати ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Санаи 22-юми январ хабаргузории «Озодагон» хабаре бо номи «Воҳидова аз генерал Раҳимзода хост ба "барқзаниҳо"-и кормандонаш хотима бахшад»  пахш карда, навишт: «Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик бо навиштани як нома аз Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хостааст, аз зиёдаравӣ ва “амалҳои ваҳшиёна”-и кормандони ниҳодаш ҷилавгирӣ кунад. Хонум Воҳидова иддао дорад, зерҳимояи ӯ Фурқат Охунов, ки дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам мешавад, аз ҷониби кормандони Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил гӯиё дар ноҳияи Исфара шиканҷа шуда, ба баданаш нерӯи барқ пайваст карда шудааст».

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик гуфтааст, ки чунин номаеро унвонии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон ба додситони кулли Тоҷикистон низ ирсол кардааст.

- Умедворам, ки барои аз мақомот дур кардани чунин афроди тасодуфӣ, ки обрӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро коста мегардонанд, фавран чораҳои қатъӣ меандешед,- навиштааст ҳуқуқшинос.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи таҳлилие бо номи «AI: Чин барои шиканҷа калтак истеҳсол мекунад!» (№5 (426), аз 28-уми январи соли 2015) чоп карда, нахуст чунин хабар дод: «Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар - Amnesty International ширкатҳои чиниро дар истеҳсол намудани таҷҳизот барои шиканҷа айбдор кард. Бино ба як гузориши ин созмон, дар Чин тақрибан 130 ширкат ба истеҳсоли ин гуна таҷҳизот, аз ҷумла калтакҳо бо нерӯи барқ, калтакҳои оҳанини мехдор ва дастбанду гарданбанди оҳанини бо занҷир васлшуда машғуланд».

Баъдан, нашрия суол гузоштааст, ки «маҳсулоти чунин ширкатҳо ба ҳаёти башарият чӣ хатар дошта метавонад ва оё имкон дорад, ки фаъолияти чунин ширкатҳои истеҳсолӣ дар доираи қонунгузорӣ манъ карда шавад?».

Дар посух ба ин суол Маҳмадалӣ Ватанов - раиси Кумитаи қонунгузории Маҷлиси намояндагони МО ҶТ гуфтааст, ки таҷҳизот василае барои содир намудани ҷиноят аст, аммо бе чунин таҷҳизот низ шиканҷа вуҷуд дошта метавонад.

- Пеш аз ҳама гуфтан мумкин аст, он шахсе, ки бо ин гуна калтакҳо ҷиноятро содир мекунад, ин гуна таҷҳизот албатта асбоби кӯмакрасони ӯ шуда метавонад. Албатта, ин бисёр гуноҳи бузург аст. Дар бораи он, ки чӣ миқдор чунин таҷҳизот истеҳсол мешавад, иттилоъ надорам ва дар хусуси айбдор донистани корхонае чизе гуфта наметавонам. Лекин мо аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таҷрибаи давлатҳое, ки онҳоро омӯхтаему дар ВАО-и онҳо гуфта мешавад, огоҳем, ки барои шиканҷа на танҳо асбобҳои дар корхонаҳо истеҳсолшуда истифода мегарданд. Мутаассифона, барои шиканҷа ҳатто дасти холӣ кифоя аст,- гуфтааст ӯ.

Мавсуф афзудааст, ки «шиканҷа зарбаест ҳам ба сиёсату давлату мардуми мо ва мебояд бар зидди он мубориза бурд. Новобаста аз он, ки шиканҷа ба кадом навъ ё шакл сурат мегирад, мо бояд бар зидди он мубориза барем. Набояд имконият диҳем, ки мақомот ва ҳатто як шахс асбобро нисбати шахси дигар истифода барад. Аммо, ба ҳар ҳол, чун сухан дар бораи шиканҷа меравад, дар кадом ҳолате, ки набошад, набояд он ҷой дошта бошад. Агар ман гӯям, ки чунин ширкатҳо дар давлати Чин тибқи қонун фаъолият мекунанд, шояд хато кунам. Ягон асбобе, ки барои шиканҷа истифода мешавад, расман иҷозатнома дошта наметавонад. Ҳеҷ кас иҷозат ҳам намедиҳад. Шояд роҳи дигари истеҳсоли чунин маҳсулот пайдо шуда бошад».

Аммо, тавре ҳуқуқшиноси дигари тоҷик Азимҷон Сайфиддинов изҳор доштааст, ин гуна таҷҳизот барои доираи махсуси одамон равона карда шудааст, ки амнияти мардумро таъмин мекунанд ва ҳуқуқи истифодаи онро доранд.

- Воситаҳои махсусе вуҷуд доранд, ки мақомоти қудратӣ ҳуқуқ доранд ҳангоми бетартибиҳо онро истифода баранд. Ба доираи муайяни шахсон равона карда шудааст он. Масалан шахсоне, ки амнияти мардумро таъмин мекунанд, дар гирдиҳамоӣ ё митингҳои аз ҷониби мардум ба миён омада метавонанд онро истифода кунанд. Ё барои тарсонидани ҷинояткорон. Яъне онҳоро намекушанду ба ҳолати шок меоранд. Дар чунин ҳолатҳо иҷозат ҳаст. Барои шаҳрвандони оддӣ, тибқи қонунгузорӣ, нигоҳ доштани чунин калтакҳо манъ карда шудааст. Агар шаҳрвандони оддӣ бигиранд, воқеан ҳам хатаровар аст. Ширкатҳои чинӣ барои истеҳсоли чунин таҷҳизот бояд аз ҷониби кишварҳои фармоишгар иҷозатномаи махсус дошта бошанд. Ин ҳам танҳо барои мақомоти қудратӣ иҷозат дода шудааст ва барои фурӯши озод иҷозат нест,- афзудааст ӯ.

- Ҳарчанд ҳомиёни ҳуқуқи башар иқрор мекунанд, ки чунин таҷҳизотро метавон дар фаъолияти қонунии полис истифода кард, аммо дар бархе кишварҳо онҳоро чун асбоби шиканҷаи маҳбусону боздоштшудаҳо ба кор мебаранд. Бояд гуфт, харидорони асосии маҳсулоти ширкатҳои чинӣ кишварҳои Африқо ва Осиёи Ҷанубу Шарқиянд, ки он ҷо ҳуқуқи башар пайваста нақз мешавад,- хулоса кардааст нашрия.

Ниҳоят, санаи 30-юми январ хабаргузории «Азия-Плюс» бо номи «HRW дар бораи бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», «Озодӣ» таҳти унвони «HRW: Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бадтар шудааст»  ва БиБиСӣ бо номи «HWR: Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бадтар шудааст» хабарҳоро пахш карданд, ки аз ҷумла, дар матлаби БиБиСӣ гуфта мешавад: «Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2014 бадтар шудааст. Дар ин бора Дидбони ҳуқуқи башар дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон иддао кардааст. Дар ин гузориш ба масоили ҳуқуқи башар дар робита ба озодии баён, саркӯби фаъолияти мухолифони сиёсӣ, маҳдудсозии озодиҳои мазҳабӣ ва озору шиканҷа дар боздоштгоҳҳо таваҷҷуҳи вижа шудааст. Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар ҳамчунин табъиз ва рафтори бад бо намояндагони ҳамҷинсгароёнро дар Тоҷикистон аз мушкилоти дигари ҳуқуқи башар дар кишвар хондааст. Дар ин гузориш аз ташкили гуруҳи вижаи иборат аз намоянагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва Омбудсмен барои дидбонӣ ва таҳқиқи масоили нақзи ҳуқуқи башар аз ҷумла дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо истиқбол карда, аммо афзудааст, ки ҳанӯз дар бораи мустақилияти ин гуруҳ мутмаин нестанд».

NoTorture.Tj