Аз Рӯзи ҳуқуқи инсон то шиканҷаву барканории комиссар

Аз Рӯзи ҳуқуқи инсон то шиканҷаву барканории комиссар

Чун 10-уми декабр Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар аст, дар ин моҳи ҷамъбастии соли 2014 расонаҳо оид ба баргузории нишасту чорабиниҳо дар мавриди вазъи риояи ҳуқуқи инсон матолиби мухталифро пахшу нашр карданд.

Санаи 10-уми декабри соли 2014 торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Изҳороти Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон» баёнияи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонро пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Имрӯз мо Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башарро ба хотири 66 сол пеш аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қабул гардидани Эъломияи ҳуқуқи башар қайд менамоем. Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои ҳимояи ҳуқуқҳо талош хоҳад кард. Ду сол пеш ИА Барномаи стратегии ҳуқуқи башар ва демократияро ҳамзамон бо Нақшаи амал қабул ва намояндаи махсуси ИА-ро оид ба масоили ҳуқуқи башар таъин намуд. Аз он вақт то ба ҳол бо дастгирии давлатҳои аъзои ИА, мо дар беш аз 40 муколамаҳо бо кишварҳои сеюм оид ба ҳуқуқи башар ширкат варзида, бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ҳамкории наздик ба роҳ мондем. Яке аз бахшҳои фаъолияти мо масъалаи шиканҷа аст. Конвенсияи зидди шиканҷа аз ҷониби СММ 30 сол пеш аз ин қабул гардида буд, вале шиканҷа ҳанӯз ҳам дар саросари олам истифода мешавад. Ин аз мо тақозо менамояд, ки ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи хос зоҳир намоем».

Аммо худи ҳамин рӯз, яъне 10-уми декабр, хабаргузории TojNews бо пахши як хабар таҳти унвони «Наргис Зокирова: Қазияи шиканҷашудаҳо пӯшида баррасӣ мешавад» навишт, ки «Тоҷикистон ба ташкилотҳои мубориза алайҳи шиканҷа иҷозат додааст, то аз муассисаҳои пӯшидаи ислоҳӣ дидан намоянд, аммо ҳанӯз ҳам мушкилот дар ин самт кам нест. Дар ин бора Наргис Зокирова, раҳбари Коалитсияи зидди шиканҷа дар мизи гирде ба унвони "Садои ҷомеаи маҳаллӣ дар раванди мубориза бо шиканҷа", ки ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Душанбе баргузор шуд, суҳбат кард».

Хабаргузорӣ аз қавли хонум Зокирова менависад, ки бо ворид шудан ба муассисаҳои пӯшидаи ислоҳӣ онҳо имкон пайдо кардаанд аз вазъи бошандагони онҷо огоҳӣ пайдо кунанд. Вале, ба иддаои ӯ, асоситарин мушкилии ташкилотҳои зидди шиканҷа - ин ғайрисамарабахш тафтиш шудани қазияи гирифторони шиканҷа мебошад. Зеро, «аксар вақт шиканҷашудагон бо ҳимоятчиёни худ робитаи дуруст надоранд ва баррасии қазияи онҳо асосан пушти дарҳои баста ҷараён мегирад».

Як рӯз баъд аз ин, 11-уми декабри соли 2014, торнамои NoTorture.Tj  матлаби чандрасонаии муфассалеро пахш кард, ки аз ҷараёни ҳамоиши «Садои ҷомеаи маҳаллӣ дар раванди мубориза бо шиканҷа» таҳия шудааст. Дар ин матлаб, ки «Мубориза бо шиканҷа дар меҳвари муколамаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ» унвон дорад, хабар дода мешавад: «Дар Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр дар Душанбе мизи гирд бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятию байнулмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ доир гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар оғози ҳамоиш Дилшод Сафаров, муовини мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа воқеан аз ҷумлаи масъалаҳои бениҳоят мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Аҳамияти масъалаи мазкур пеш аз ҳама аз табиати ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа маншаъ мегирад, зеро он дар радифи ҳуқуқ ба озодӣ аз ғуломӣ ҳамчун ҳуқуқи мутлақ муаррифӣ шудааст ва маҳдуд кардани ин ҳуқуқ дар ягон маврид раво нест. Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати ҶТ аз хатарҳое, ки ба ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа таҳдид мекунанд, ба хубӣ огоҳ аст ва чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ асноди муҳими байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷаро ба тасвиб расонидааст».

Дар ин ҳамоиш сардори шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандии Дафтари ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Раҷабмо Бадриддинова низ зимни суханронӣ вобаста ба иҷрои тааҳҳудоти байнулмилалӣ дар бахши ҳуқуқи инсон тавассути мақомоти кишвар изҳор дошт доштааст, ки тибқи Сарқонуни ҶТ (банди 3 моддаи 18) «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад». Ба гуфтаи ӯ, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмҳо ба парлумони кишвар ва вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ борҳо изҳор доштааст, ки истифода аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар фаъолияти кормандони ин ниҳодҳо ҷоиз нест.

Вакили дифоъ Гулчеҳра Холматова бошад, зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти таҳқиқи мавридҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷалб кардааст. Тибқи ёдоварии ӯ, гузоришгари вижаи СММ дар умури мубориза алайҳи шиканҷа Хуан Мендес дар авоили соли 2014 пас аз боздид аз Тоҷикистон изҳор доштааст, ки шиканҷа ҳангоми тафтишот бештар истифода мешавад. Чунки ин як усули хеле осони водоштани айбдоршаванда ба иқрори содир кардани ҷиноят аст.

Ба иттилои додраси Суди Олии ҶТ Шавкат Абдулхайров, ки аз иштирокдорони дигари нишаст будааст, дар шаш моҳи аввали соли 2014 дар вилояти Хатлон нисбати 3 ҳолат, дар Суди шаҳри Турсунзода - 1 ҳолат ва дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаста ба 1 ҳолати шиканҷа қарори судӣ қабул карда шудааст.

Дар шумораҳои 11-уми декабрияшон нашрияҳои «Азия-Плюс» ва «СССР» низ ба мавзӯи ҳуқуқи инсон ва шиканҷа таваҷҷуҳ зоҳир карданд. «Азия-Плюс» бо номи «Вазифаи фахрӣ ё фаъолияти ҷосусӣ?» (№95 (978), аз 11-уми декабри соли 2014) мақолаи таҳлилиеро ба табъ расонид, ки дар бораи ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон баҳс мекунад. Ба навиштаи ин нашрия, имрӯз дар Тоҷикистон зиёд чунин ташкилотҳо мавҷуд буда, аллакай пешгоманд, вале ҳанӯз ҳам миёни онҳову мақомот нофаҳмӣ вуҷуд дошта, аз ҳамдигар норозиянд ва ҳатто ба фаъолтаринҳо «айбчаспонӣ» сурат мегирад.

Сергей Романов, раҳбари Маркази мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон дар суҳбат бо нашрия изҳори боварӣ кардааст, ки ҳарчанд бо сабабҳои гуногун шумораи ҷавонони дар самти ҳуқуқҳои инсон фаъолиятбаранда кам шудааст, вале дар баъзе самтҳои фаъолият сифати кор беҳтар гардидааст.

- Дар доираи фаъолиятҳои Эътилофи ташкилотҳои зидди шиканҷа тӯли солҳои охир корҳои зиёд анҷом дода шуда, натиҷа оварданд. Бояд иқрор шуд, ки муттаҳидшавии ташкилотҳо барои мубориза бо шиканҷа бурди ин ташкилотҳо ва ҳамчунин нафароне буд, ки манфиати онҳоро ин созмонҳои ҳимоятгари ҳуқуқ ҳимоя мекунанд,- афзудааст ӯ.

Ба андешаи Сергей Романов, давлат бояд қуввашро барои дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона созад, зеро ин обрӯи баланди давлат дар сатҳи байнулмилалӣ, дар назди бахшҳои СММ ва мардуми кишвар хоҳад буд.

Ҳафтаномаи «СССР» бошад, таҳти унвони «Ҳуқуқ ба шиканҷаро дорем?» (№50 (327), аз 11-уми декабри соли 2014) посухеро ба суоли як хонандаи худ ба табъ расонид.

- Оё кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳақ доранд, ки ҳангоми бозпурсии шахси гумонбаршуда барои ба гуноҳаш иқрор намудан ӯро мавриди азобу шиканҷа қарор бидиҳанд?,- суол гузоштааст хонанда.

Ба суоли ӯ ҳуқуқшиноси нашрия чунин посух додааст:

- Тибқи банди 3-и моддаи 18-и Конститутсияи ҶТ, дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва дигар муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Инчунин, тибқи моддаи 9-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, ҷазо ё чораи дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда истифода мешавад, мақсади озори ҷисмонӣ, таҳқири шаъну эътибори инсонро надорад. Шумо 1 чизи дигарро ҳам доимо дар хотир дошта бошед: 2 ҳуқуқе ҳаст, ки дар ягон ҳолат маҳдуд карда намешавад, яъне инҳо ҳуқуқҳои мутлақанд: 1. Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа. 2. Ҳуқуқ ба озодӣ аз ғуломӣ. Ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки ҳақатон поймол гардад. Ҳатто мақсади ҷазо додани ҷинояткорон ҳам ислоҳ кардани эшон аст, на мавриди шиканҷа қарор доданашон!

Аммо санаи 12-уми декабри соли 2014 хабаргузории «Озодагон» бо номи “Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таври тоқатнопазир риоя намегардад” нуқтаи назари ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидоаваро пахш кард, ки ӯ бахусус чунин иддао дорад: «Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таври тоқатнопазир риоя намегардад. Дар сохторҳои ҳуқуқии мамлакат то ҳанӯз шиканҷа мавриди истифода қарор мегирад, ҳодисаҳои боздошти ғайриқонунӣ мавҷуданд. Сохтакории парвандаҳои ҷиноӣ, набудани дастрасӣ ба адолати судӣ, “облава” ҳангоми даъвати наваскарон ба сафи Артиши миллӣ, мушкилоти гендерӣ, маҳдуд сохтани ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар муассисаҳои таълимӣ, набудани озодӣ барои гирифтани таълими ройгон, маҳдудияти некӯаҳволии иҷтимоӣ, набудани интихоботи озоду шаффоф ва ҳуқуқи интихоб шудан ва инчунин яқ қатор мушкилоти дигарест, ки сабаби риоя нашудани ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар мегардад».

Тавре аз баррасии матолиби мазкур бармеояд, дар ҳамаи онҳо мавзӯи шиканҷа нақши аввалия доштааст. Дар ҳоле, ки ҳанӯз ҳам инъикоси чанд қазияи латукӯб дар расонаҳо идома дорад. Бахусус қазияи сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев.

Аллакай аввали моҳ, 1-уми декабри соли 2014, хабаргузории «Азия-Плюс» бо пахши як хабар таҳти унвони «Давлат ба Шаҳбол Мирзоев 130 сомонӣ нафақа таъин кард» навишт: «Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки аз латукӯби фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ маъюб шуд, тибқи маъбии гурӯҳи I дар ҳаҷми 130 сомонӣ нафақа таъин намуд».

- Ман чунин мешуморам, ки барои маъюби гурӯҳи I нафақа дар ҳаҷми 130 сомонӣ хеле маблағи ночиз аст. Агар Шаҳбол комилан шифо ёбад, ман ин нафақаро ба давлат бармегардонам,- гуфтааст падари сарбоз.

Торнамои Pressa.tj низ санаи 1-уми декабр хабаре бо номи «Ба Шаҳбол 130 сомонӣ нафақа медиҳанд» пахш карда, иловатан афзуд: «Хонаводаи сарбоз бар ин аст, ки чунин маблағ ночиз буда, ҳифзи иҷтимоии сарбози Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятии миллиро, ки ҳангоми хидмат маъюб шудааст, таъмин намекунад. Падари Шаҳбол гуфтааст, ки барои зиёд кардани нафақаи ӯ дар доираи қонунҳои ҷории кишвар чораҷӯӣ хоҳад кард».

Чанде баъд, санаи 22-юми декабри соли 2014 хабаргузории «Азия-Плюс» хабар дод, ки «наздикони Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ 241 ҳазор сомонӣ талаб доранд».

- Суди ҳарбии гарнизони Душанбе санаи 24-уми декабр даъвои наздикони сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоевро, ки бар асари латукӯб аз ҷониби фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, баррасӣ мекунад. Дар ариза аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ пардохти ҷуброн дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ талаб карда шудааст, ки аз ин миқдор 97 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ ва 144 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ аст,- навишт хабаргузорӣ.

Ҳамин хабаргузорӣ санаи 24-уми декабр дар асоси вокуниши мақомот хабар дод, ки «Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ба қисман ҷуброн кардани зиёни Ш. Мирзоев омода аст». Ба навиштаи хабаргузорӣ, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон изҳор намудааст, ки ба қисман ҷуброн намудани маблағи зиёни дар аризаи даъвогии сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-сола зикршуда омода аст. Ҳуқуқшиноси ин ниҳод Зоиршоҳ Назиров дар мурофиаи судии баррасии аризаи даъвогӣ оид ба пардохти зарари маънавӣ ва моддӣ дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Сарраёсат ба ҷабрдида зикр кардааст, ки «ба суд муроҷмат намудан шарт набуд». Ба мо расман муроҷиат кунед ва мо ба пардохти 97 ҳазор сомонӣ ба сифати зиёни моддӣ омодаем, вале ба пардохти 144 ҳазор сомонӣ зиёни маънавӣ мо уҳдадор нестем, зеро мо ба сарбоз зиёни маънавӣ нарасонидаем. Бигзор пардохти маблағи зиёни маънавиро аз фелдшер Усмон Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова талаб кунанд».

Аммо, ғайриинтизор, санаи 26-уми декабри соли 2014 хабаргузории «Азия-Плюс» матлаби дигаре бо номи «Дархости нерӯҳои марзбонӣ аз суд оид ба рад кардани даъвои наздикони Шаҳбол Мирзоев» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ аз суд дархост намуд, ки даъвои наздикони сарбоз Шаҳбол Мирзоеви аз ҷониби ҳамхизматаш латукӯбшуда оид ба ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 241 ҳазор сомонӣ рад карда шавад. Зимни мурофиаи идомадошта оид ба ин парванда ҳуқуқшиноси нерӯҳои марзбонӣ Зоиршоҳ Назиров дар ин робита изҳор кард, ки барои пардохти ҷуброни зарар гунаҳкорони бевоситаи ҳодиса - Усмон Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова ҷалб шуда буданд».

Аммо санаи 30-юми декабр хабаргузории «Озодагон» матлабе таҳти унвони «Радди ду дархости Кумитаи амният дар Додгоҳи низомии Душанбе» пахш карда, хабар дод, ки «Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе дархости Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои радди даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷикро қонеъ накард».

Ёдовар мешавем, ки Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8-уми марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латтукӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, ки “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гӯштӣ гирондани ӯ бо куҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст”.

19-уми июни соли 2014 Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латукӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова - навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнида хоҳад шуд.

Дигар аз қазияҳое пурбаҳс, ки моҳи декабри соли 2014 расонаӣ шуд, латукӯби волидон буд. Санаи 2-юми декабр торнамои Faraj.tj бо пахши як матлаб таҳти унвони «Панҷакент: Латукӯби як модар» хабар дод, ки ба гуфтаи модари 54-сола - Бибимарям Ҳамроева, сокини рустои Чорбоғи ҷамоати Косатароши шаҳри Панҷакент, бар асари латукӯби кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ӯ дар беморхонаи амрози қалби шаҳр бистарӣ шудааст. Ба қавли ӯ, ин ҳодиса рӯзи 20-уми ноябри соли 2014 рух додааст. Дар ҳамин рӯз фарзанди 3-юми ӯ Шоҳимардон Аллаёровро кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент тариқи «облава» дастгир намуда, ба нуқтаи даъват овардаанд. Агарчи, ба гуфтаи Бибимарям, фарзанди дуюмаш Турсуналӣ Аллаёровро санаи 2-юми ноябр бо хоҳиши худаш ба хидмати аскарӣ фиристода будааст. Ба нақли ин модар, ӯ пас аз овардани писраш ба комиссариат рӯзи 21-уми ноябр ба инҷо омада, бо як азобе вориди нуқтаи даъват гардидааст. Баъди писарашро дидан аз кормандони комиссариат хоҳиш кардааст, ки ӯро ба назди комиссар баранд.

- Ҷои он, ки як модари муштипарро ба назди комиссар баранд, ҳангоми гусели фарзандам дастони маро пахш намуда, латукӯб карданд, ки яке аз онҳоро Далер ном мебурданд. Баъд аз ин ман дар ҳолати беҳушӣ будам. Хоҳаронам ин ҳолатро дида, маро аз зери пойи ин нафарон халос кардаанд. Пас аз он ба беморхона рафтам, фишорам боло рафта, сарам чарх мезад. Оид ба ин қазия ба прокуратура бо ариза муроҷиат кардам. Онҳо аризаи маро қабул карданд. Ба ҳукумати шаҳр низ муроҷиат кардам. Раиси шаҳр Хисрав Абдуназар, ки он рӯз рӯзи қабулаш буд,  баъди шунидани арзи ман супориш дод, то масъаларо баррасӣ кунанд. Аммо то ба имрӯз чорае наандешидаанд,- гуфтааст ин зан.

Аммо комиссари Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент подполковник Хуршед Қобилов зимни суҳбат бо корманди торнамо гуфтааст: «Магар шумо адвокат ҳастед? Барои ин қазияро рӯшан сохтан на шумо, балки адвокатҳо ё суду прокуратура машғул шаванд! Шумо наметавонед ин қазияро баррасӣ кунед!».

Ин торнамо дар анҷом ваъда додааст, ки «қазия айни замон дар ҳолати пайгирист ва дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Фараж» интишор хоҳад шуд».

Тибқи ваъда, ҳафтаномаи «Фараж» гузориши муфассалеро бо номи «Даҳшат: Латукӯби модар дар Панҷакент» (№50 (419), аз 10-уми декабри соли 2014) ба табъ расонидааст. Баъди инъикоси паҳлуҳои зиёди қазияи латукӯб нашрия ёдовар шудааст, ки «Бибимарям Ҳамроева танҳо нафаре нест, ки тайи 2 моҳи охир аз сӯйи кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент мавриди латукӯб қарор мегирад. Ба ҷуз ин модари муштипар, хонаводаи Саидалӣ Ҳақбердиев ва Абдуҷаббор Рустамов нисбат ба латукӯб шуданашон на танҳо аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ, балки худи комиссар Хуршед Қобилов ба додситонӣ шикоят бурдаанд. Прокурори шаҳри Панҷакент Авазҷон Назарзода низ гуфт, ки дар ҳақиқат аз ҷониби ин нафарон аризаи шикоятӣ ворид шудаву онҳо ин аризаҳоро аз рӯи салоҳият ба Прокуратураи ҳарбии вилоят равон кардаанд».

Ба навиштаи нашрия, афроди ҷабрдида ҳамчунин барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқӣ ба Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар шаҳри Хуҷанд низ муроҷиат кардаанд. Як тан аз вакилони мудофеъи ин созмон ба Панҷакент омадаву бо ҷабрдидагон суҳбат доштааст ва гуфтааст, ки ба онҳо тибқи дархосташон кӯмакҳои ҳуқуқии ройгон аз ҷониби «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» расонида мешавад.

Ҳафтаномаи «Чархи гардун» ҳам гузориши мухтасаре бо номи «Даъватшудагон ва волидайнро дар комиссариати ҳарбӣ мезананд?» (№50 (954), аз 10-уми декабри соли 2014) ба табъ расонида, хабар дод, ки дар Панҷакент як модар ва як падар дар робита ба "облава"-и писаронашон дар Комиссариати ҳарбии ноҳия мавриди таҳқир ва латукӯби кормандони он қарор гирифтаанд.

- Бибимарям Ҳамроева, сокини деҳаи Чорбоғи Шӯрои деҳоти "Косатарош" мегӯяд, барои он ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷакент рафта буд, то ба кормандони он бигӯяд, ки чашмони писараш Шоҳимардон нуқс доранд ва ба ин иллат натавонистааст дар мактаби миёна то охир таҳсил кунад. Аммо дар комиссариат касе омода набуд арзи вайро шунавад. Баръакс, дар дохили утоқи корӣ ба баданаш даст зада, вайро таҳқир ва латукӯб кардаанд,- менависад ҳафтанома.

Нашрия дар навбати худ аз нафари дигари латукӯбшуда - Саидалӣ Ҳақбердиев ёдовар мешавад ва менависад: «Туҳфа Сӯфиева, модари Саидалӣ мегӯяд, ки писараш ҳамин сол донишгоҳро хатм карда буд ва ҷои кор суроғ дошт. Ба гуфтаи вай, намедонад, ки чӣ гуна кормандони комиссариати ҳарбӣ фарзандашро бурдаанд ва фақат раиси ҷамоат онҳоро бохабар кардааст, ки ба беморхона ба аёдати фарзандашон бираванд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки хабаргузории TojNews санаи 8-уми декабр хабар дода буд: «Вазорати мудофиа “облава” дар Панҷакентро таҳқиқ мекунад».

- Бино ба иттилои як манбаъ аз Вазорати мудофиа, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, Вазорати мудофиа таҳқиқи қазияи латукӯби се сокини шаҳри Панҷакентро оғоз кардааст,- навишта буд хабаргузорӣ.

Санаи 9-уми декабри соли 2014 хабаргузории «Азия-Плюс» ҳам хабар дод, ки «Комиссияи махсус ҳодисаи рухдода дар Панчакент ҳангоми «облава»-ро таҳқиқ мекунад». Ба иттилои ин хабаргузорӣ, «бо супориши вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо комиссияи махсуси ситоди кулли вазорат чанде қабл ба Панҷакент сафарбар шуд. Тавре котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалив хабар дод, афсарони шомил ба ҳайати комиссия қазияи рухдода бо даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ Саидалӣ Ҳақбердиев рӯзи 4-уми ноябр дар Панҷакентро дар маҳалли ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд».

Дар ҳамин замина, хабаргузории TojNews санаи 10-уми декабр хабари дигаре бо номи «Ваколатдор латукӯб дар комиссариати Панҷакентро таҳқиқ мекунад» пахш кард.

- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон қазияи латукӯби 3 сокини шаҳри Панҷакент аз ҷониби комиссариати ҳарбии ин шаҳрро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Tojnews гуфт, ки аллакай якчанд корманди ин ниҳод ба омӯзиши қазияи латукӯби шаҳрвандон  машғуланд,- менависад хабаргузорӣ.

Дере нагузашта, санаи 15-уми феврал, ҳамин расона хабар дод, ки «Вазорати дифоъ натиҷаи таҳқиқи латукӯб дар Панҷакентро расонаӣ мекунад».

- Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҳқиқи қазияи латукӯби 3 сокини шаҳри Панҷакент дар комиссариати ҳарбиро ба анҷом расонидааст. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати мудофиа, гуруҳи корӣ бо сардории Меҳваршо Донаёров, сардори Раёсат оид ба корҳои тарбиявӣ-сиёсӣ аз шаҳри Панҷакент ба пойтахт баргаштаанд. Ба иттилои манбаъ, дар 2 рӯзи оянда Вазорати мудофиаи бо нашри як изҳорот натиҷаҳои таҳқиқро эълон хоҳад кард,- навишт хабаргузорӣ.

Ду рӯз баъд аз ин, санаи 17-уми декабр торнамои Рressa.tj таҳти унвони «Парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони комиссариати ҳарбии Панҷакент» хабар пахш карда, чунин иттилоъ дод: «Гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд алайҳи 2 корманди Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент барои латукӯб ва “облава”-и Саидалӣ Ҳақбердиев парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Дар Гарнизони ҳарбии Хуҷанд мегӯянд, ки нисбати прапоршик Икром Нодиров бо моддаи 316 ва нисбати Урунбой Тошев бо моддаи 391 (баромадан аз масъулият ҳангоми иҷрои вазифа) парванда кушодаанд».

Баъдан, санаи 18-уми декабри соли 2014, хабаргузории «Азия-Плюс» хабаре бо номи «Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хуҷанд нисбати комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент, подполковник Хуршед Қобилов барои латукӯби Абдуҷаббор Рустамов, падари яке аз даъватшавандагон парвандаи ҷиноӣ боз кард».

Дилшод Ҷӯраев, адвокати ҷабрдида ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ додааст, ки парванда мутобиқи моддаи 391-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Сӯйистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият) оғоз гардидааст.

Дар пайи ин хабар, хабаргузории «Озодӣ» санаи 18-уми декабр навишт, ки «комиссари ҳарбии Панҷакент аз ҷабрдида узр хостааст».

- Комиссари пешини ҳарбии Панҷакент, ки акнун зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, барои латукӯби падари як даъватшаванда узр хоста, харҷи табобати ӯро ба зимма гирифтааст. Хуршед Қобилов, собиқ комиссари пешини ҳарбии Панҷакент, баъд аз барканорияш аз ин мақом ва ҳам боз шудани парвандаи ҷиноӣ барои латукӯби падари як даъватшаванда аз ҷабрдида Абдуҷаббор Рустамов аёдат кард. Рустамов, ки аз зарби мушти комиссар 7 дандонаш шикаста, муддате дар бемористони шаҳри Панҷакент бистарӣ буд, мегӯяд, ки комиссар ҳамаи хароҷоти табобат дар бемористонро пардохт кард ва аз вай барои воқеае, ки сар зад, бахшиш пурсидааст,- менависад ин расона.

Худи ҳамин рӯз, 18-уми декабр торнамои Рressa.tj хабари дигаре таҳти унвони «Саидалӣ комиссари ҳарбиро аз вазифа озод кард» пахш кард. Ба иттилои торнамо, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакент ва сардори шуъбаи даъвати ҷавонони ин комиссариатро барои бадрафторӣ нисбати падари яке аз даъватшавандагон аз вазифа барканор кардааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки ҷаласаи вазорат оид ба баррасии фаъолияти комиссаириатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар баргузор шуд, дар он камбудиҳои кори комиссариатҳои ҳарбӣ ҳангоми даъвати ҷавонон, наомӯхтани вазъи сиҳатии онҳо ва надоштани иттилоъ оид ба қайди ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаномаи «СССР» низ бо номи «Буққагариҳо дар Панҷакент» (№51 (328), аз 18-уми декабри соли 2014) мақолаи таҳлилие ба табъ расонида, баъди баррасии ҳолатҳои пай дар пайи латукӯбу шиканҷа дар як гӯшаи кишвар ба чунин хулосаи суоломезу посухталаб расида буд:

- Суоле инҷо «овезон» мемонад, ки чаро маҳз дар Панҷакент чунин ҳолатҳо афзудан доранд? Ё ин «муштзӯрон» гумон доранд, ки Панҷакент дур аз марказ ва вилоят ҷойгир асту зӯри касе ба эшон намерасаду ҳар амалеро, ки муғойири қонун аст, анҷом медиҳанд? Ё дар фикри онанд, ки ба доди мардуми ҷабрдида бинбар дури роҳ касе намерасаду қазияҳо пинҳон мемонанд?!

Қазияи дигари хабарсоз дар моҳи феврали соли 2014 иддаои латукӯб шудани ҷавоне аз ҷониби кормандони пулис буд. Дар ин маврид санаи 6-уми декабр хабаргузории «Озодӣ» гузорише таҳти унвони «Панҷакент: Латукӯби як ҷавон аз сӯи пулис» пахш кардаву навишт, ки «волидайни як ҷавони 22-солаи сокини Панҷакент аз латукӯби писарашон аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳр ба Додситонии вилояти Суғд шикоят бурдаанд».

Нигора Раҳмонова, модари Ҷалолзода Самандар ба «Озодӣ» гуфтааст, ки соати 10-и шаби рӯзи 4-уми декабр писарашро ду корманди милиса, ки насаби якеаш Арбобов мебошад, аз дохили мошини сабукраваш берун кашида, ба бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданӣ мешаванд. Ба гуфтаи ин модар, писараш дар соати 10-и шаб ба назди бобояш, ки ронандаи мошини боркаш аст, рафта будааст.

- Ӯро аз мошинаш берун кашида, ба мошини худашон савор мекунанд. Бобояш аз ақибаш мехоҳад дари мошинро боз кунад, ки мошин ҳаракат мекунад ва ӯ афтода, сару рӯяш хуншор мегардад. Мо бо падараш ба ШКД рафтем, ки аз дохили яке аз утоқҳо садои доду фарёди писарам баланд мешуд. Овози писарамро шинохтем, ки дод мезад, маро назанед,- мегӯяд ӯ.

Ин модар мегӯяд, ки нисфишабӣ дар ҳолати нимҳушӣ аз ШКД-и Панҷакент фарзандашонро ба беморхона барои ташхис бурдаанд, вале дар Панҷакент ягон пизишк барои ташхиси фарзандаш розӣ нашудааст. Аз ин сабаб, Ҷалолзода Самандарро ба Хуҷанд мебаранд ва ба гуфтаи модар, ӯ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд бистарӣ мешавад. Ташхиси пизишки собит кардааст, ки сар, гурдаҳо ва пойҳои ин ҷавон аз зарб осеб дидаанд.

Худи Ҷалолзода Самандар гуфтааст, ду корманди милиса, ки агар рӯ ба рӯ бинад, онҳоро мешиносад, ӯро тариқи зарфи пласмасии обгирӣ ба сару шикамаш задаанд. Ҷалол Камолов, падарбузурги ин ҷавон мегӯяд, ки рафтори кормандони милиса нисбат ба наберааш хушунатбор ва ғайриқонунӣ буд.

Аммо Мирзо Исоматов, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД-и шаҳри Панҷакент ба «Озодӣ» гуфтааст, ки иддаои ин волидайн дар мавриди латукӯб шудани фарзандашон асос надорад.

- Ин як кори маъмулии кормандони милиса аст, ки шахсони шубҳанокро пурсуҷӯ мекунад. Ӯро касе назадааст ва инро агар санҷиш кунанд, маълум мешавад,- афзудааст ӯ.

Санаи 11-уми декабр бошад, торнамои Faraj.tj хабаре таҳти унвони «Суд парвандаи шахси латукӯбшударо ба баррасӣ гирифт»  пахш карда, чунин иттилоъ дод: «Cуди вилояти Суғд парвандаи пурсарусадои сокини 22-солаи шаҳри Панҷакент Самандар Ҷалолзодаро, ки рӯзи 4-уми декабри соли ҷорӣ аз ҷониби ду корманди милисаи ҳамин ноҳия мавриди латукӯби шадид қарор гирифта, то ҳол дар бемористони вилоятӣ бистарӣ аст, ба баррасӣ гирифтааст».

Модари Самандар гуфтааст, ки фарзанди ӯро ду корманди милисаи ШКД-и Панҷакент Арбобов Мустафо, додарзодаи додситони вилояти Бадахшон Муҳаммад Арбобов ва Илҳом Қосимов бераҳмона латукӯбу маъюб кардаанд.

Самар Ҷалолов - падари Самандар Ҷалолзода гуфтааст, ки «вақте ин хабарро шунида, ба шӯъбаи милиса расидам, овози писарамро шунидам, ки мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор дошт ва дарҳол талаб кардам, то сардори шӯъбаро фарёд кунанд, аммо ба шӯъба муовини сардори шӯъба - Раҳимов Ҷамшед ҳозир шуд. Ӯ ҳолати писарамро дида, гуфт, ки ҳамаи хароҷоту доруҳои табобатиро таъмин мекунад ва моро аз шӯъба ҷавоб дод. Масъулини милиса аз мо хостанд ба ҷое даъво набарем, зеро кормандони милиса «ҷавонӣ» кардаанд. Охир, ин муносибати ваҳшиёна аст ва гунаҳкорон бояд ҷавоб диҳанд. Писари ман ягон ҷинояткор нест ва ӯро ҳамаи ноҳия мешиносад, ки як камаз дораду ба кашонидани кумур ва фурӯши латта машғул аст».

Чанд рӯз баъд ҳафтаномаи «Тоҷикистон» низ дар мавриди ин қазия бо номи «Бархӯрди ваҳшиёна: Милисаҳои Панҷакент пирамардро ба замин андохтанду набераашро кӯфтанд» мақолаи таҳлилӣ нашр кард.

Нашрия бо истинод ба гуфтаҳои яке аз хешовандони ҷабрдидаҳо Умия Камолова менависад, ки «кормандони милитсияи шаҳри Панҷакент Самандар Ҷалолзодаро шаби 4-уми декабр беасос латукӯб карда, бобои 64-солаашро бо мошинашон даҳҳо метр кашола карда, захмӣ намудаанд».

Ҳафтанома ҳамзамон аксҳои зарбу латхӯрдаи падарбузурги Самандар Ҷалолзода - Ҷалол Камоловро нашр кардаву дар хулосаи матлабаш навиштааст: «Ҳанӯз тафтиши ин қазия идома дорад ва мо низ умед мебандем, ки дар сурати пурра собит шудани гуфтаҳо гунаҳгорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт».

Бояд гуфт, Самандар Ҷалолзода, ҷавоне, ки наздиконаш дар бораи латукӯб шуданаш иддао доранд, 22-сола буда, дар бозори “Гулистон”-и Панҷакент ба тиҷорат машғул аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаномаи «Чархи гардун» таҳти унвони «ВКД ба Хушвақт 300 ҳазор сомонӣ мепардозад?» (№51 (955), аз 17-уми декабри соли 2014) гузорише ба табъ расонида, хабар дод: «Додгоҳе дар Душанбе Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро муваззаф сохтааст, ки ба хонаводаи як сокини ноҳияи Ёвон, ки аз сӯи маъмурони пулис мавриди озор қарор гирифта буд, 300 ҳазор сомонӣ пардохт намояд».

Ёдовар мешавем, ки ду сол қабл Машраф Алиев - корманди милисаи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёваон бо гумони дуздӣ Хушвақтро боздошт карда, мавриди таҳқиру озор қарор дода буд. Дар натиҷа, рӯзи 29-уми апрели соли 2012 ин ноболиғ дар каҳдони ҳавлиашон худро ба дор овехт ва дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуд.

3-юми майи соли 2012 Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Машраф Алиев тибқи моддаҳои 1431 (шиканҷа), 109 (ба худкушӣ расонидани ноболиғ) ва 316 (баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Баъдтар, дар моҳи сентябри хамон сол Суди ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро ба 7 соли зиндон маҳкум кард ва бар иловаи он, ӯро барои се соли дигар аз ҳуқуқи кор дар мақомоти давлатӣ маҳрум сохт.

NoТorture.Тj