Май: Нигаронӣ аз ҳолатҳои латукўби сарбозон

Дар моҳи майи соли 2018 мавзуи будубоши сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ ва шароити зиндагии онҳо дигарбора дар расонаҳо ба таври васеъ инъикос гардид.

Санаи 14-уми май торнамои радиои «Озодӣ» таҳти унвони «Дар марги сарбоз Ҳасан Каримов ҳамхидматаш айбдор шуд»  матлабе пахш карда, аз ҷумла навишт: «Додгоҳи низомии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон рўзи 15-уми май ба баррасии парвандаи ҷиноии як сарбози қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Норак оғоз мекунад, ки ба марги ҳамхизматаш айбдор шудааст. Дар курсии айбдоршаванда - Муҳсинхўҷа Султонов, сарбози 21-сола аз вилояти Суғд нишастааст, ки ба гуфтаи тафтишот ҳамхизматашро шадидан латукўб ва оинномаи артишро нақз кардааст».

- Абдурашид Юсуфзода, додситони низомии вилояти Хатлон дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки алайҳи сарбоз Муҳсинхўҷа Султонов бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳи низомӣ фиристода шудааст. Юсуфзода аз гуфтани ҷузъиёти бештар худдорӣ карда, танҳо гуфт, ки нафари гумонбар “сардори қатор буд”. Як мақоми додгоҳи низомӣ гуфт, ки нисбати Султонов дар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - “расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва “вайрон кардани оиннома дар муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо” гумонбар дониста мешавад. Дар моҳи март мақомоти интизомӣ дар шаҳри Норак гуфта буданд, ки дар заминаи марги Ҳасан Каримов ду сарбоз гумонбар мешавад, вале дар ниҳоят танҳо як нафар ба ҳайси гумонбар ба курсии ҷавобгарӣ нишаст,- навишт торнамои мазкур.

Санаи 15-уми май бошад, торнамои NoTorture.Tj бо бознашри мақолае аз рўзномаи «Имрўз - Нюс» таҳти унвони «Бо гурдаи бемору дасти шикаста - ба хизмати ҳарбӣ. Дар бораи ин ки дар Суғд сафи Артишро чӣ гуна пур мекунанд?» навишт, ки «ҳар сол дар мавсими даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сарусадоҳо дар мавриди “облава” ё ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба сафи артиш зиёд мегардад. Ин дар ҳолест, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсан ин амалро мавриди интиқод қарор дода, ба масъулон дастур дода буданд, ки набояд ба чунин шева ҷавононро ба Артиш ҷалб намуд. Аммо дида мешавад, ки ин ҳолат на танҳо аз байн нарафтааст, балки дар вилояти Суғд бо шеваҳои дағалтар идома дорад. Яке аз чунин нафароне, ки ҳамин гуна дағалона боздошт шудаву теъдоди аскарони бемор дар Артиши Тоҷикистонро як нафар зиёд кард, Муродалӣ Авезов, сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ мебошад. Муродалӣ рўзи 10-уми апрел дар яке аз беморхонаҳои вилояти Суғд, дар ҳоле ки бояд аз ташхиси табибон мегузашт, аз тарафи кормандони комиссиариати ҳарбии вилоятӣ ба тариқи “облава” дастгир гардида, танҳо баъди 22 рўзи боздошт шуданаш ба қисми ҳарбӣ равона карда шуд. Воҳида Худойбердиева, модари ин ҷавон, мегўяд, фарзандаш ба дарди гурда гирифтор буд ва ба ҳамин хотир ба беморхона рафт, то аз ташхис гузарад. То замони гузаштани ташхис ўро дар беморхона бистарӣ карданд».

Тавре модар афзудааст, «замоне ки фарзандамро дастгир карданд, ў дар беморхона бистарӣ буд. Дидаву дониста, ки бемор асту қуввати ҳаракат ё фирор кардан надорад, барои бурданаш омада буданд. Ҳатто баъди он ҳам, ки дастгир карданд, ба зудӣ ба қисми ҳарбӣ нафиристоданд, ўро 22 рўз дар комиссиариати ҳарбӣ нигоҳ доштанд. Давоми ин муддат, ки рўйи замини қоқ нигоҳдорӣ мешуд, чанд маротиба дардаш хурўҷ кард, аммо касе кўмакаш нарасонд».

Ба ғайр аз ин, ба гуфтаи модари наваскар, як дасти Муродалӣ шикаста буда, аз дигараш фарқ дорад: “Чанд сол пеш аз болои дарахт ба замин афтида, дасташ шикаста буд. Аз сабаби беаҳамиятӣ ҳамон дасташ каҷ шуда, қувват надорад. Дасти шикаста аз дигараш хеле фарқ дорад ва бо он ҳол ба хизмат бурдан мумкин нест”.

Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки ин қазияро пайгирӣ дорад, гуфтааст, дар ҳолате ки Муродалӣ Авезов дошт, набояд ўро дастгир кардаву ба хизмати ҳарбӣ мебурданд: “Дар асоси муҳтавои муроҷиати даъватшаванда Авезов М. Н., соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи деҳаи Хушекат ҷамоати Айнии ноҳияи Айнӣ, санаи 27.03.2018 ўро ба комиссияи тиббии даъватии ноҳияи Айнӣ даъват карда, аз муоинаи тиббӣ гузарониданд. Зимни гузаронидани муоинаи тиббӣ, ки бо иштироки 4 табиб гузаштааст, Авезов М. Н. ҳамаи ҳуҷҷатҳои бемориашро пешниҳод кардааст, аммо ваҷҳҳо ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи ў оид ба бемориаш умуман ба инобат гирифта нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, торнамои Faraj.tj санаи 28-уми май матлабе бо номи «Падари аскари ҷавонмарг: Ба сараш бисёр задаанд»  пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Сокини деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ Ҳасан Оев, падари Сайидакбари Ҳасан - наваскари 22-солае, ки як моҳ қабл аз шаҳри Кўлоб ба хизмати ҳарбӣ бурданду дирўз, 27-уми май, ҷасадашро дар зодгоҳ ба волидон супурданд, мегўяд, писараш мавриди латукўб ва шиканҷаи “дедҳо”-и қисми низомӣ қарор гирифтааст. Номбурда, ки омўзгори собиқадор аст, имрўз дар суҳбат бо faraj.tj замоне, ки гиря гулўгираш мекарду сухан гуфтанаш душвор буд, гуфт Сайидакбар дар оила фарзанди чорумаш буд ва 8 моҳ қабл оиладораш карда буду акнун интизории фарзанди нахустинашро мекашид. Бино ба гуфтаи падар, Сайидакбар донишҷўйи соли охири шуъбаи ғоибонаи Коллеҷи омўзгории шаҳри Кўлоб буд ва ҳамроҳаш як соли охир дар мактаби миёнаи рақами 46-и деҳаи Элмурод Хоҷаеви ноҳияи Восеъ ба ҳайси муаллими фанни таърих ба хонандагон дарс медод».

- Сайидакбар хеле паҳлавону қадбаланд буд. Баландии қадаш ба 185-190 см мерасид. Ўро замоне “облава” карда, ба хизмат бурданд, ки барои идомаи таҳсил ба Кўлоб рафта буд. Субҳи барвақт, вақте аз ҳуҷраи иҷорааш мебарояд, ўро кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Кўлоб “облава” мекунанду рост ба маркази вилояти Хатлон мебаранд. Вақте мо бохабар шудем, аллакай ўро ба Душанбе бурда буданд. Баъдтар фаҳмидем, ўро тарсонида гуфтаанд, ки агар бо хоҳиши худ ариза нанависад, ба Помир равонаш мекунанд ва он ҷо азоб мекашад. Писарам тўли як моҳи дар қисми низомии комендантӣ, воқеъ дар фурудгоҳи Душанбе, пайваста аз дасти “демблшавандаҳо” азоб мекашидааст, ўро шиканҷа мекардаанд. Осори латукўб ва шиканҷаро ҳангоме, ки тани ҷасадро мешўстем, дар сараш мушоҳида кардам. Писари тағояш, ки донишҷўи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аст ва бародараш чанд бор барои хабаргирияш рафтаанд. Ин ҳолатҳоро медонистаанд, вале як маротиба ба ман нагуфтанд. Шояд то ин ҳад бад будани ҳолатро эҳсос намекарданд. Бовар намекунам, фармондеҳони қисми ҳарбӣ, ки тани беҷони фарзандамро оварда буданд, гуфтанд, ки дилаш шамол кашида, бемор шудааст, вале ман ба ин сафсаттаҳо бовар намекунам. Ў ягон бор аз дилаш шикоят намекард, - гуфтааст падари Сайидакбар.

Зимнан, торнамои NoTorture.Tj санаи 25-уми май таҳти унвони «Умрия Латипова: шояд бародари маро шиканҷа карданд»  матлабе пахш кардаву аз қазияи нав хабар дод: «Сокини Кўлоб Умрия Латипова ба Эътилофи зидди шиканҷа бо хоҳиши кўмак расонидан ба бародараш Файзалӣ Латипов вобаста ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ дар боздоштгоҳ муроҷиат кард. Дар ин бора адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки аз ҷониби ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» таъмин карда шудааст, иттилоъ медиҳад».

Тавре Умрия Латипова гуфтааст, бародари 25-солааш Файзалӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия буд ва бо маблағи аз меҳнаташ ба даст оварда волидонашро таъмин мекард. «Бо дархости кормандони милитсияи РВКД-и минтақаи Кўлоб Файзалӣ барои нишондод додан оид ба парвандае, ки дар он ба иштирок дар гуруҳи террористӣ дар ҳудуди Сурия ва ташкили ҷангҳои ғайриқонунии зиддиҳукуматӣ гумонбар дониста мешуд, ба Тоҷикистон даъват карда шуд».

Ҳамзамон, кормандони милитсия таҳдид кардаанд, ки агар Латипов дар РВКД-и минтақаи Кўлоб ҳозир нашавад, нисбаташ ҷустуҷў эълон карда, ўро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд. Онҳо ваъда додаанд, ки баъди посух дарёфт кардан ба суолҳояшон ўро раҳо менамоянд. «Ба кормандони милитсия бовар карда, рўзи 25-уми ҳамин сол бародари ман аз Москва ба Кўлоб парвоз кард. Аз фурудгоҳи маҳаллӣ ҳамроҳ бо модарам, ки ўро пешвоз мегирифт, ҳамон замон ба бинои РВКД-и минтақаи Кўлоб рафт»,- мегўяд Умрия Латипова.

Ба гуфтаи адвокат Абдураҳмон Шарипов, худи ҳамон рўз, тахминан соати 10:00 Файзалӣ Латиповро боздошт карда, бо нақзи банди 11-и Дастурамал «Дар бораи боздошт» дар утоқҳои хизматии бинои РВКД-и минтақаи Кўлоб нигоҳ дошта, бо гузашти як шабонарўз ба ШВКД-и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон месупоранд. «Ба хешовандон асосҳои боздошти Файзалиро намефаҳмонанд, ки сабаби пайдо шудани гумонҳо оид ба шиканҷаи эҳтимолӣ нисбати ў гардидааст»,- зикр намуд адвокат.

Адвокат инчунин илова намуд, ки дар ин маврид ба Прокуратураи генералии ҶТ ариза пешниҳод карда шудааст. Дар он дархост карда шудааст, ки далели нақзи қонун ҳангоми боздошти Латипов ва далели имконпазирии истифодаи шиканҷа санҷида шавад.

«Зерҳимояи ман дар суд оид ба далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати ў бо мақсади ба даст овардани худиқрорӣ эълон дошт, яъне ў барои худ ҳукм кардааст. Исботи далели мазкур маълумотномаи тиббии духтури асаби Беморхонаи клиникавии ноҳиявии шаҳри Кўлоб аст, ки дар он ташхиси «бемории неврологӣ дар шакли депрессия, шизофрения» гузошта шудааст,- гуфт Абдураҳмон Шарипов.

Ба гуфтаи ў, ҳамаи аризаҳо оид ба далелҳои истифодаи эҳтимолии шиканҷа аз Прокуратураи генералӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон, сипас ба муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб барои баррасӣ равона карда шудаанд. «Аммо баъдтар ҳамаи аризаҳо аз мақомоти прокуратура барои баррасӣ ба суд ирсол гардиданд»,- мегўяд Абдураҳмон Шарипов.

Дар мурофиаи судие, ки рўзи 23-юми майи соли 2018 баргузор гардид, суд дархости адвокат Шарипов А.-ро дар бораи таъини санҷиши прокурорӣ оид ба далели истифодаи имконпазири шиканҷа қонеъ кард. Аз ҷониби Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб гузаронидани санҷиши прокурорӣ аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ оид ба далели истифодаи имконпазири шиканҷа нисбати судшаванда Ф. Латипов таъин карда шуд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки санаи 11-уми май торнамои NoTorture.Tj бо пахши матлабе бо номи «Ташкилотҳои ҷамъиятӣ омодасозии маводҳои таҳлилӣ дар самти ҳуқуқи инсонро меомўзанд»  аз ҷумла навишта буд: «Фонди ҷамъиятии «Нотабене» дар доираи лоиҳаи «Муттаҳидсозии кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги иҷроиши уҳдадориҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон», ки бо дастгирии Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Сафорати Финляндия дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, рўзҳои 10-11-уми майи соли 2018 оид ба масоили пешбурди ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тренинги дурўза мегузаронад. Тренинг ба масоили омодасозии ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ дар самти ҳуқуқи инсон, маводҳо барои брифингҳо, инчунин стратегияи ҳимоя дар СММ, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА бахшида шудааст».

- Аксари ТҒД дар самти расонидани хизматрасонӣ, ба мисли кўмаки ҳуқуқӣ, дастгирии қурбониён ва ғайра кор мебаранд. Ин яке аз самтҳои хеле муҳими фаъолиятҳо ба шумор меравад. Ҳамзамон, дар сатҳи системавӣ кор кардан ва пеш бурдани қонунгузорӣ ва ислоҳот дар самти ҳуқуқи инсон низ зарур аст,- асоснок карда буд гузаронидани чунин чорабиниҳоро директори ФҶ «Нотабене» Фавзия Назарова.

NoTorture.Tj