Моҳи латукӯби даъватшавандагону солмандон

Моҳи латукӯби даъватшавандагону солмандон

Давоми моҳи ноябри соли 2014 саҳифаҳои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон моломол аз ахбори ҳангомабарангез дар мавриди латукӯби даъватшавандагон ба сафи артиш ва ҳатто шаҳрвандони солманд гардид. Ин ҳам дар ҳоле, ки аллакай аз аввалҳои моҳ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи сокинон зиёд гуфта мешуд.

Нахуст, санаи 3-юми ноябр хабаргузории «Озодагон» хабаре бо номи «Талаби 50 ҳазор евро аз ВКД барои табобати ноболиғи ҷабрдида» пахш карда, навишт: «Вакилони мудофеи як сокини ноболиғи Ёвон, ки ду сол қабл аз сӯйи Машраф Алиев, корманди собиқи ШВКД-и ноҳияи Ёвон мавриди шиканҷа қарор гирифта буд, ният доранд аз Вазорати умури дохилии кишвар зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб кунанд».

Дар идома, хабаргузорӣ аз қавли ҳомиёни ҳуқуқ маълумот медиҳад, ки тайи се соли охир дар Тоҷикистон дастикам 6 нафар - Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ва ё дар зиндон бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд. Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои Вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз Вазорати корҳои дохилӣ 46 000 сомонӣ ва модари Баҳромиддин Шодиев аз ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 14 000 сомонӣ товони зарари маънавӣ рӯёнанд.

Чун масъалаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҳанӯз ҳам бахусус дар мавриди шиканҷашудагон як масъалаи доғ ва то андозае ҳассос қаламдод мешавад, таваҷҷӯҳи мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсонро ба худ ҷалб кардааст. Дар ин замина, санаи 5-уми ноябр торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Дар Душанбе варақаҳои тиббии марбут ба шиканҷаро муаррифӣ карданд» гузориши муфассале пахш кард. Дар гузориш хабар дода мешавад, ки маросими муаррифии чунин варақаҳо рӯзи 4-уми ноябр бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони назди президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, духтурҳои равоншинос, ташхисгарони судӣ-тиббӣ, аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа, намояндагони ВАО ва дигарон иштирок кардаанд.

Дар ҳамин маврид рӯзномаи «ИмрӯзNews» низ бо номи «Ташхисгарон оё мустақиланд?» (№202 (967) аз 5-уми ноябри соли 2014) мақолаи таҳлилие нашр намуд ва таҳти зерсарлавҳаи «Вақте коршиносони ташхиси судии тиббӣ умеди охиринанд... » навишт, ки «мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустӣ масъалаҳои марбут ба ташхиси тиббӣ-судӣ ва меъёрҳои Протоколи истамбулиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд».

Ба иттилои нашрия, Яҳё Одинаев, директори Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ гуфтааст, ки дар аксар ҳолат аз ҷониби вакилони дифоъ дархост барои гузаронидаи экспертизаи такрорӣ пешниҳод намешавад. Вай иттилоъ медиҳад, ки айни замон 5 маркази ташхиси тиббӣ-судӣ ва 24 шуъбаи ноҳиявӣ ва байниноҳиявӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Парвина Наврӯзова, аз ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” ва ҳамзамон узви гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар “Оид ба ворид намудани меъёрҳои Протоколи Истамбул дар фаъолияти “коршиносони тиббӣ-судӣ ва табибони ёрии аввалия” хабар додааст, ки 70 нафар судэкспертҳо тайи ду соли ахир ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Вале ӯ изҳори нигаронӣ кардааст, ки то кунун шиканҷа вуҷуд дошта, вакилони дифоъ сари вақт зерҳимояашонро дида наметавонанд. Ҳамчунин, мутахассис барои ташхиси тиббӣ дар кишвар кофӣ набуда, бар замми ин, аксари онҳо меъёрҳоро намедонистаанд.

Яке аз қазияҳое, ки моҳҳо боз сарусадо атрофи он идома дорад, сарнавишти сарбози маъюбшуда Шаҳбол Мирзоев аст. Санаи 3-юми ноябр хабаргузории «Озодӣ» бо пахши матлабе таҳти унвони «Раиси Суғд хароҷоти табобати Шаҳболро ба дӯш гирифт хабар дод, ки раиси вилояти Суғд хароҷоти табобати Шаҳбол Мирзоев - сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки моҳи март бар асари бадрафторӣ дар қисми низомӣ маъюб шуда буд, бар ӯҳда гирифтааст.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол гуфтааст, ки Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд рӯзи шанбеи якуми ноябр хонаводаи онҳоро ба ҳузур пазируфт ва изҳори омодагӣ кард, ки пас аз анҷоми давраи табобати Шаҳбол дар беморхона, ба ноҳия бурда намешавад ва дар Маркази реабилитатсионии Хуҷанд то анҷоми пурраи табобат бистарӣ хоҳад шуд.

- Акнун Шаҳбол дар фасли зимистон бо шароити беҳтар дар Маркази реабилитатсионӣ нигоҳдорӣ мешавад ва раиси вилоят ваъда дод, ки ҳамаи сарфу харҷи табобат ва рӯзҳои бистарӣ буданашро пӯшиш хоҳад дод,- афзудааст Н. Мирзоев.

Чанд муддат баъд аз пахши ин матлаб ҳафтаномаи «Озодагон» бо номи «Талаби 241 ҳазор ҷуброн аз генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ» (№43 (352), аз 19-уми нобри соли 2014) хабари дигареро интишор дод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Наздикони Шаҳбол Мирзоев, сарбози латукӯбшуда ва маъюби тоҷик, аз Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба раҳбарии генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 241 ҳазор сомонӣ зарари маънавию моддӣ талаб доранд».

Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо гуфтааст, ки далели талаби ҷубронпулӣ аз Сарраёсат ба он хотир аст, ки фарзанди зерҳимояи ӯ аз сӯи хидматчии ин ниҳод латукӯб гардидааст. Вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо аз он нигаронӣ намудааст, ки маротибаи дуввум барои рӯёндани ин ҷуброн ба мақомоти суди ҳарбӣ дар Хуҷанду Душанбе шикоят мебаранд, вале аризаи даъвогии онҳо то кунун бо ҳар баҳона қабул нашудааст. Ӯ афзудааст, ки аризаи даъвогии онҳо дар рӯзҳои наздик баъд аз комил кардан дубора ба Додгоҳи гарнизони пойтахт ирсол карда мешавад.

Дере нагузашта, санаи 22-юми ноябр хабаргузории «Азия-Плюс» бо пахши хабар таҳти унвони «Суд даъвои наздикони Шаҳбол Мирзоев оид ба пардохти ҷубронро қабул кард» навишт: «Наздикони сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки бар асари латукӯб аз ҷониби фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, бори дуюм ба Суди гарнизони ҳарбии Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод намуданд, ки дар он ба сифати ҷавобгар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон зикр шудааст. Дилшод Ҷӯраев, адвокати Ш. Мирзоев дар ин робита изҳор намуд, ки дар ариза аз сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ пардохти ҷуброн дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ талаб карда шудааст, ки аз ин миқдор 97 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ ва 144 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ аст.

- Аризаи даъвогии аввал моҳи сентябр ба Суди ҳарбии гарнизони Душанбе пешниҳод гардида буд, вале суд бинобар сабаби як қатор камбудиҳо дар матни ариза, онро қабул накард, акнун мо тамоми камбудиҳоро ислоҳ намуда, бори дуюм - 20-уми ноябр аризаро пешниҳод кардем,- гуфтааст адвокат.

Илова бар ин ҳама хабарҳо, ҳафтаномаи «Самак» мақолаи судяи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, подполковники адлия Шарафҷони Нарзуллозода бо номи «Оқибати худсарӣ ва натиҷаи бемасъулиятӣ» (№48 (160), аз 26-уми ноябри соли 2014) ба табъ расонд. Ш. Нарзуллозода бори дигар аз ҳолатҳои ҷудогонаи қазияи Шаҳбол Мирзоев ёдовар шуда, дар хулосаи матлаби худ менависад: «Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 19-уми июни соли 2014 Ғайратов Усмоналӣ Мамашарифович бо моддаҳои 373, қисми 2 ва 127, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба мӯҳлати 8 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҷарима ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисоботҳо таъин карда шуд. Ширинова Гулрухсор Қувватовна бо моддаи 392, қисми 1 ва моддаи 380 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67, қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ ба мӯҳлати як солу шаш моҳ ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ бо нигоҳ доштани 15 фоиз аз таъминоти пулиаш ба фоидаи давлат таъин карда шуд».

Тавре дар оғоз зикр кардем, қазияҳои латукӯби шаҳрвандон аз ҷониби намояндагони комиссариати ҳарбӣ тӯли моҳи ноябр дар сархати ахбори расонаҳои ватанӣ қарор доштанд. Санаи 7-уми ноябр хабаргузории «Озодӣ» матлабе бо номи «Ду рӯз беҳушии як ҷавон аз латукӯб ҳини «облава»» пахш карда, навишт: «Бар асари латукӯби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷакент сокини деҳаи Яккахонаи ноҳия Саидалӣ Ҳақбердиеви 24-сола ду рӯз беҳуш дар беморхона бистарӣ шуда, пардаи гӯшаш даридааст. Мирзоалӣ Ҳақбердиев, сокини деҳаи Яккахонаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент гуфт, ки писараш Саидалӣ Ҳақбердиевро чоруми ноябр кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия бидуни даъватнома ва огоҳии пешакӣ аз даруни хона ба зӯр гирифта, дар роҳ то маркази ноҳия латукӯб кардаанд, ки бар асари он вай беҳуш шуда, пас аз ду рӯз дар беморхона ба худ омадааст. Саидалӣ Ҳақбердиев ҳамин сол Донишгоҳи Хуҷандро хатм карда, ба деҳааш барои кор баргаштааст».

Аммо санаи 10-уми ноябр худи «Озодӣ» бо пахши матлаби дигар таҳти унвони «Шаҳрдории Панҷакент: "Касе Саидалиро назадааст" чунин иттилоъ дод: «Ҳукумати шаҳри Панҷакент дар посухи расмиаш ба матлаби «Озодӣ» бо номи “Ду рӯз беҳушии як ҷавон аз латукӯб ҳини облава” навишт, ки Саидалӣ Ҳақбердиев худашро аз мошини кормандони комиссариат берун андохтааст».

Тибқи ин посухи расмӣ ва мувофиқи маълумоти корманди комиссариати ҳарбӣ Тошев Урунбек, даъватшаванда Ҳақбердиев Саидалӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Яккахона, бинобар аз хизмат ба Ватан саркашӣ намудан, дар гардишгоҳи роҳ худро аз мошин ба берун партофтааст. Нисбати ӯ кормандони комиссариати ҳарбӣ зӯроварӣ ва латукӯб накардаанд.

- Аммо Исматулло Юсуфов, раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент рӯзи 7-уми ноябр ба «Озодӣ» гуфта буд, ки чаҳор рӯз қабл вай дар ситоди ҳукумати ноҳия навбатдор буд ва аз комиссариати ҳарбӣ ӯро аз вазъи Саидалӣ Ҳақбердиев бохабар кардаанд,- менависад хабаргузорӣ.

- Вақте ки маро бохабар карданд, зуд мошини ёрии таъҷилиро даъват кардем ва Саидалиро, ки беҳуш буд, ба беморхона овардем, вазъияти бача бисёр бад буд, аз гӯшаш хун мерафт. Ман ба кормандони комиссариат гуфтам, ки бисёр рафтори номатлуб кардаанд,- гуфта буд он вақт И. Юсуфов.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳафтаномаи «Чархи гардун» низ хабаре бо номи «Облава дар Панҷакент: Аз комиссариати ҳарбӣ бо замбар ба беморхона» (№46 (950), аз 12-уми ноябри соли 2014) ба нашр расонида, аз қавли табибони Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент навишта буд, ки Саидалӣ Ҳақбердиевро аз комиссариати ҳарбии шаҳрӣ бо замбар, бо як дасти шикаста, дар ҳолати беҳушӣ овардаанд.

Вобаста ба ин қазия ҳафтаномаи "Фараж" мақолаи таҳлилиеро таҳти унвони «Облава: Саидалиро кӣ бистарӣ кард?» (, №46 (415), аз 12-уми ноябри соли 2014) ба табъ расонд, ки дар он аз қавли падари ин ҷавон Мирзоалӣ Ҳақбердиев аз ҷумла гуфта мешавад: «Саидалӣ фарзанди бузурги хонадон буда, соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси фаъолият дар соҳаи гумрук хатм намуд. 4-уми ноябри соли равон ман ба коре ба деҳаи дигар рафта будам. Тақрибан соатҳои 16:30 ё 17 як ҳамсояамон ба ман занг зада, гуфт, ки бачаатро бо «облавла» 2-3 нафар кормандони Комиссариати ҳарбӣ барои хизмати аскарӣ бурданд. Гуфтам, ки боке нест. Чунки фарзанди ман бояд 1 сол хизмат кунад. Ҳамчунин, фаҳмонидам, ки пагоҳ, насиб бошад, ҳамроҳи модараш ба военкомат рафта, писарам Саидалиро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мефиристем. Аммо бегоҳирӯзӣ як тан аз ҳамдеҳагонам - Набишоҳ, ки вакили мо аст, телефонӣ гуфт, ки писарат дар беморхона дар ҳолати мадҳушӣ бистарист, зуд биё! Замоне, ки ман ба беморхона расидам, бо раиси ҷамоати деҳот Исматулло Юсупов, ки ба тозагӣ ба ин ҷамоат раис таъин шудааст, вохӯрдам. Вай гуфт, ки бачаатро баъди ба Комиссариати ҳарбӣ овардан дидам, ки аз гӯшаш хун меомад ва саломатиаш чандон хуб нест. Аз ин рӯ, мо бо мошини ёрии таъҷилӣ ӯро ба беморхона овардем. Бо шунидани ин суханон дасту поям суст шуду ба чашмонам торикӣ дамид. Ба палатаи бачаам, ки он ҷо духтурон буданд, даромадам. Писарам Саидалӣ беҳуш буду аз гӯшаш хун метаровид ва сараш низ захмӣ буд». Модари Саидалӣ, ки сӯҳбати хабарнигори нашрияро дар палата мешунидааст, гуфтааст: «Марги чунин облаваи касофат, ки як бачаи гул баринамро дар тӯли чанд соат маъюбу маслуқ кард! Кӣ ба ин бояд ҷавоб гӯяд?...».

Ҳафтаномаи «СССР» низ дар ин мавзӯъ мақолаи таҳлилӣ таҳти унвони ««Облава»-и набуда дар Панҷакент» (№46 (323), аз 13-уми ноябри соли 2014) ба чоп дода, дар баробари назари ҷабрдидаҳо хулосаи суҳбат бо намояндаи комиссариатро ҳам овардааст: «Дар ҳамин ҳол, комиссари комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент Хуршед Қобилов ҳини суҳбат гуфт, ки хабари латукӯби Ҳақбердиев Саидалӣ ба мантиқ рост нест. Зеро агар кормандони мо ӯро зада бошанд, чаро ягон нафар надидааст? Дар мо ҳама одамони соҳибмаълумот кор мекунанд. Аслан воқеа ин тавр рух додааст: - Ҳангоми овардани ин нафар аз деҳа, мошин дар гардиши деҳаи Колхозчиён суст мешавад ва Ҳақбериев Саидалӣ худашро аз мошин мепартояд ва ҷароҳат мебардорад. Ин ҷо боз саволе пайдо мешавад, ки агар ӯро кормандони мо зада бошанд, чаро дигар мавзеъаш неву танҳо ҳамон тарафаш, ки худро аз мошин партофтааст, ҷароҳат ёфт? Корманди мо дар ҳамон ҷамоат, ки Урунбек Тошев аст, аз дигар кормандон дида бачаи беозор мебошад ва ман боварӣ надорам, ки ӯ ба ин амал даст занад».

Ниҳоят, санаи 19-уми ноябр хабаргузории «Озодӣ» бо номи «Оғози санҷиши қазияи латукӯби Саидалӣ ҳини «облава»» хабар пахш карда, чунин иттилоъ дод: «Додситонии низомии шаҳри Панҷакент ба санҷиши қазияи латукӯби бераҳмонаи Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми “облава” шурӯъ кардааст, ки ӯ баъди ин ҳодиса ду рӯз дар бемористон беҳуш буд. Падари Саидалии 24-сола гуфт, ки аз рӯи се маъмури Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ба додситонии шаҳр шикоят бурдааст ва дар додситонӣ ваъда додаанд, ки ин қазияро тафтиш мекунанд».

Аммо санаи 26-уми ноябр хабаргузори «Тojnews» бо пахши матлабе таҳти унвони «Ҷабрдидаи латукӯб вақти"облава" ба табобат ниёз дорад» навишт, ки волидайни Саидалӣ Ҳақбердиев ӯро барои ташхис ба Душанбе овардаанд.

Мирзоалӣ Ҳақбердиев, падари ҷавон гуфтааст, ки барои табобати фарзандаш беш аз 2 ҳазор 500 сомонӣ харҷ кардааст ва ҳоло барои ташхиси томографӣ ва такмил додани муолиҷа Саидалиро ба шаҳри Душанбе овардааст. Ба қавли ӯ, «то ин вақт касе аз масъулини Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ва ягон намояндаи дигар аз ҳоли писараш хабар нагирифтааст».

Дар ҳамин замина, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳам бо номи «Мирзоалӣ Ҳақбердиев: «Писарамро «облава» маъюб кард»» (№48 (1090), аз 27-уми ноябри соли 2014) суҳбати муфассале бо падару писар интишор додааст.

- Пас аз огоҳ шудан, ки Саидалӣ ҳамроҳи падараш ба Душанбе барои табобат омадааст ва аз ташхиси тиббӣ мегузарад, онҳоро ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» даъват намудем, то аз наздик қазияро бифаҳмем,- менависад нашрия.

М. Ҳақбердиев дар суҳбат бо ҳафтанома аз ҳолатҳои қазия ёдовар шуда, дар мавриди ҳуқуқҳои худ ва писараш гуфтааст, ки «аввал ба прокуратураи шаҳр арз кардем. Дар он ҷо ба ман гуфтанд, ки ин қазияро бояд гарнизони ҳарбӣ тафтиш кунад. Барои ҳамин мо ҳуҷҷатҳоро ба Хуҷанд фиристодем, то дида бароянд. Баъде, ки дар ВАО дар ин бора хабар чоп шуд, адвокат Ҷӯраев Дилшод омад ва бо мо шартнома баст. Баъди он, ки адвокат ба прокуратураи ҳарбии вилоят аризаи моро расонд, прокуратураи ҳарбӣ ба тафтишот оғоз кард. То ҳозир тафтишот идома дорад ва ман аз натиҷаи он хабар надорам».

Дар моҳи ноябр қазияи хеле ҳангомадор шикояти як нафар сокини шаҳри Панҷакент аз латукӯб буд. Санаи 25-уми ноябр торнамои Faraj.tj хабаре пахш кард бо номи «Дандони шаҳрванд аз латукӯби комиссар шикаст. Ба иттилои ин торнамо, «сокини деҳаи Сӯҷинаи ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент Абдуҷаббор Рустамов, ки дар беморхона бистарӣ мебошад, мегӯяд аз тарафи комиссари Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент мавриди латукӯб қарор гирифта, дандонаш шикастааст. Аз рӯи нақли ҷабрдида, комиссари комиссариати ҳарбӣ Хуршед Қобилов ӯро барои он латукӯб намудааст, ки гӯё писараш аз хизмат гурехта бошад».

Дар ин маврид ҳафтаномаи «СССР» мақолаи муфассале бо номи «Тӯҳфа дар рӯзи ид» (№48 (325), аз 27уми ноябри соли 2014) ба табъ расонд. Тибқи иттилои ҳафтанома, ҳодиса 24-уми ноябр, вақте ки ҳама ҷашни яке аз муқаддасоти миллӣ - Иди парчамро таҷлил мекардаанд, рух медиҳад. Абдуҷаббор Рустамов ҳангоми сӯҳбат ҳодисаро чунин шарҳ додааст: «Комиссари шаҳри Панҷакент ба раиси ҷамоат занг зада, мегӯяд, ки фарзандам Акбар Рустамовро, ки дар Русия буд, бояд ҷеғ зада, ба военкомат барои хизмати ҳарбӣ барам. Ман ба комиссар гуфтам, ки фарзандам нав ба Русия рафтаву ҳоло кор накардааст. Комиссар гуфт, ки агар писарат ба хизмат наравад, 14 000 сомонӣ туро ҷарима карда, боз писаратро ба хизмат мебарем. Ман маҷбур писарамро ба ватан даъват кардам. Чунки, ӯ гуфт, ки писаратро ба ягон ҷои наздик мефиристем. Бовар доштам, ки фарзандам ба ягон ҷои нағз, ҳадди ақал дар қисми низомии худи Панҷакент ҷой мегирад. Ҳамин тавр, худам писарамро барои хизмат гусел кардам».

Аз комиссияи тиббии вилоят Акбар бо сабаби касалии гӯш бармегардад ва дар беморхона мехобад. Бори дуввум табобат ба охир нарасида, ӯро ба хизмат мефиристанд. Аммо дар комиссариати вилоят бо Акбар дағалона муносибат мекунанду ӯ мегурезад ва ин ҳолат боиси сар задани қазияи баъдӣ мегардад.

- Хостем фикри худи комиссарро пурсем, вале ӯро дар комиссариат пайдо карда натавонистем ва ба зангҳои пайдарпайи мо ҷавоб надод. Ба мо гуфтанд, ки ӯ дар Хуҷанд қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, иттилоъ пайдо намудем, ки Прокуратураи шаҳри Панҷакент оид ба ин амал парванда кушода, минбаъд онро аз рӯи салоҳият ба прокуратураи ҳарбӣ хоҳад супорид. Дар байни чанд рӯз аллакай як нафар пардаи гӯш ва дуюм нафар дандонашро барои иҷро кардани нақшаи дар назди Қобилов буда қурбон кард. Ин доду гирифт дар ҳолест, ки Вазорати мудофиа ҳамин ҳафта роҷеъ ба 100 % пур шудани даъвати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ иттилоъ пахш кардааст,- менависад нашрия.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи «Азия-Плюс» бо чопи як мақолаи муфассал таҳти унвони «Ба хизмат ҷавонро гусел кардӣ, акнун …-ро пешвоз мегирӣ» (№89 (972), аз 20-уми ноябри соли 2014) ба таҳлили қазияҳои ҳангомаангези марбут ба хизмати ҳарбӣ пардохтааст. Нашрия аз ҷумла қазияи Шаҳбол Мирзоев, Саидалӣ Ҳақбердиевро баррасӣ ва ҳамзамон ба сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Сухангӯи Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадалиев дар суҳбат гуфтааст, ки мақомоти мудофиаи кишвар дар ҳар кадом қисми низомии худ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ҳайати шахсӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

- Дар ҳар як қисми низомӣ рақамҳои телефони боварии прокуратураи ҳарбӣ насб шудааст. Сокинони кишвар метавонанд ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо тариқи почтаи электронии vaziri.mudofia@tajnet.tj муроҷиат кунанд. Кормандони масъули вазорат ба ҳар як муроҷиат, ҳатто ба муроҷиатҳои беном низ посух мегӯянд,- афзудааст ӯ.

Яке аз қазияҳои дигар, ки қаблан рух дода буд, дигарбора аз ҷониби ҳафтаномаи «Фараж» дар доираи як мақола бо номи «Бадахшон: Хоҳам мекушам, ман хеши раиси вилоят…» (№45 (414), аз 5-уми ноябри соли 2014) ба таҳлил кашида шуд.

- Шанбе Салимшоев, ҷабрдида аз деҳаи Вери ноҳияи Шуғнон, пас аз латукӯби нозири минтақавӣ Орзу Суриев, аз беморхонаи ҷамоат ҳам ронда шуда, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе бистарӣ гардид. Бо ҷабрдида мо дар беморхонаи Қарияи Боло вохӯрдем,- навишт ҳафтанома.

Шанбе Салимшоев, дар суҳбат ба «Фараж» латукӯбашро аз ҷониби нозири минтақавии деҳаи Вери ноҳияи Шуғнон чунин шарҳ додааст: «22-юми октябр барои анҷом додани корҳои шахсиам ба шаҳри Хоруғ рафта будам ва баъди бозгашт ба назди раиси ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон Носир Суриев даромадам. Аммо раиси ҷамоат дар ҷойи кораш набуд. Дар утоқи кории Носир Суриев, нозири минтақавӣ Орзу Суриев нишаста буд, ки ман мақсади омаданамро ба ӯ фаҳмонидам. Ман беш аз 5 моҳ мешавад, ки барои набераам шаҳодатнома гирифта наметавонам. Ва ҳар дафъае, ки барои ҳалли ин мушкил ба раиси ҷамоат муроҷиат мекардам, сухани рад мешунидам. Орзу Суриев низ ба ман гуфт: «Чаро барои як варақаи шаҳодатнома 10 бор меоед? Шаҳодатнома проблема аст, аз Душанбе ба мо равон намекунанд, мо чӣ кор кунем? Равед, аз Душанбе барои набераатон шаҳодатнома гиред». Ман ин сухани ӯро тоқат накарда, гуфтам: «Ман чунин маблағ надорам, ки барои як шаҳодатнома ба Душанбе равам. Баъдан, агар шумо ин корро накунед, пас идораи ҷамоат барои чӣ аст!?». Орзу Суриев гуфт, ки «ба ман бисёр гап назан, ман нозири минтақавӣ ҳастам, хоҳам мешиканам ҳозир туро». Ва бо қаҳр маро ба утоқи кориаш дароварда, дарро қулф карду аввал як мушт ба сарам фаровард, ки афтидам. Баъд бо қаҳр гуфт: «Садоятро набарор, ки мекушамат!». ӯ фармон дод, ки дубора дар курсӣ шинам ва баъд чанд лагади дигар зад, ки аз ҳуш рафтам. Дигар чизеро дар ёд надорам. Назди раиси ҷамот тақрибан соатҳои 11 даромадам, вале ронандаи раиси ҷамоат маро тақрибан соатҳои 3 ба назди хона оварда партофта, гурехта рафт. Сарам чарх мезад, худро идора карда наметавонистам. Чун ҳама ҷоям аз зарбаҳои бераҳмонаи Орзу Суриев ба дард омада, маро мисли девона карда буд. Тайи ду рӯз мисли девонаҳо будам ва танҳо мехостам, ки худкушӣ кунам. Лаҳзае, ки ба болои бом баромадаму худро овехтанӣ шудам, хешовандонам огоҳ шуда, маро аз марг наҷот доданд. Чун ба худ омадам, воқеаи рӯйдодаро ба аҳли хонаводаам нақл кардам».

Шанбе Салимшоев тӯли 43 сол ба ҳайси роҳтозакун (грейдерист) дар муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди Вазорати нақлиёт кор карда, айни замон нафақахӯр аст.

Пайвандони Салимшоев ба вазири тандурустӣ ва вазири корҳои дохилӣ оид ба бадрафторӣ ва муносибати хунукназаронаи зертобеонашон муроҷиат карда, хостори ҳалли масъала ҳастанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки минтақаҳои мухталифи кишвар низ таваҷҷуҳи ҳуқуқшиносонро ба худ ҷалб кардаанд. Масалан, санаи 26-уми ноябр хабаргузории NoTorture.Tj бо пахши як хабар таҳти унвони «Дар Турсунзода мушкилоти асосӣ оид ба истифодаи шиканҷа баррасӣ шуд» навишт, ки «иштирокдорони ҷамъомад бо гузориши фаъолияти Гуруҳи кӯмакҳои ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2014 шинос шудаанд.

Узви Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, мушовир оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷаи Гуруҳи кӯмакҳои ҳуқуқии ташкилоти «Маркази ҳуқуқи инсон» Ҷаъфарбек Юлдошев дар бораи мушкилоте, ки дар рафти фаъолияти Эътилоф пеш меоянд, сухан гуфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз мушкилот ин аст, ки қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо дар аввал ба Эътилоф муроҷиат мекунанд, вале баъдан бо омилҳои гуногун аз шикояти худ даст мекашанд. Аммо, сарфи назар аз ин мушкилот, дар самти кушодани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбате онҳое, ки аз шиканҷа кор бурдаанд, натиҷаҳои мусбат ба назар мерасад.

NoTorture.Tj