Сентябр: Шиканҷа ба хотири гирифтани имзо?

Дар моҳи сентябри соли 2018 чанд ҳолати марбут ба шиканҷа дар расонаҳо инъикос гардиданд, ки пурсарусадотирини онҳо қазияи сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов буд.

Санаи 26-уми сентябр торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Прокуратураи генералӣ қарори ғайриқонунии рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати милисаҳоро бекор кард» (http://notorturetj.org/tj/news/prokuraturai-generali-karori-gayrikonunii-rad-namudan-az-ogozi-parvandai-chinoyati-nisbati) матлаб пахш кардаву хабар дод: «Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба шиканҷаро, ки аз ҷониби сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов шикоят шуда буд, бекор кард. Мақомоти назоратӣ Прокуратураи ноҳияи Ёвонро уҳдадор кард, ки санҷиши иловагии далелҳои сокини маҳаллиро гузаронад».

- 31-уми июли соли 2018 сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов барои дастрас кардани ёрии ҳуқуқӣ ба Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат намуд. Ба гуфтаи номбурда, ӯ аз 16 то 20-уми июли соли 2018 дар ШВКД-и ноҳияи Ёвон ғайриқонунӣ нигоҳ дошта шуда, ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор гардидааст. Муроҷиаткунанда тасдиқ намуд, ки ӯро бо дасту пой зада ва бо қувваи барқ шиканҷааш додаанд. Ба гуфтааш, дарди сахти ҷисмониро тоқат накарда, ба он иқрор кардааст, ки барқасдона бо корд шахсро зада, ба ӯ зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст,- аз ҷумла омадааст дар ин матлаб.

Торнамои Радиои «Озодӣ» ҳам рӯзи 26-уми сентябр дар ин маврид бо номи «Дастури додситони кулл барои таҳқиқи "шиканҷаи Шаҳбоз"» (https://www.ozodi.org/a/tajik-torture-case-to-be-reviewed-again/29510336.html) матлаб пахш кард.

- Шаҳбоз Аҳмадов, як сокини ноҳияи Ёвон моҳи июли имсол аз шиканҷа шуданаш дар идораи пулис ба додситонӣ шикоят бурд. Аммо додситонии ноҳияи Ёвон оғози парвандаи ҷиноятиро нисбат ба амалкардҳои пулис рад кард. Додситонии кулл дастур додааст, ки қазияи мазкур аз нав санҷида шавад,- навишт торнамои мазкур.

Ҳамин торнамо, яъне Радиои «Озодӣ» санаи 27-уми сентябр гузориши муфассале таҳти унвони «Гуфтанд, ки гуноҳро ба гардан нагирӣ, таҷовузат мекунем» (https://www.ozodi.org/a/torture-yovon-tajikistan/29511527.html) пахш карда, аз ҷумла навишт: «Шаҳбоз Аҳмадов, сокини 26-солаи ноҳияи Ёвон мегӯяд, шиканҷаи ӯ дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳия чаҳор рӯз идома кард. Ӯ гуфт, билохира тоб наовард ва "гуноҳи накардаро бар дӯш гирифт". Ба нақли Аҳмадов, кормандони пулис аз ӯ талаб мекарданд, ҳамла ба як сокини ин ноҳияро дар назди Қасри фарҳанг, ки бо корд захмӣ шуда буд, бар дӯш бигирад. Шаҳбоз Аҳмадовро 16-уми июл боздошт карданд ва ӯ рӯзи 20-уми июл, баъди ба даст афтидани ҷинояткори воқеӣ, озод шуд. Ин сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, танҳо дар зери шиканҷаи гӯшношунид маҷбур шуд, ба хотири халосии ҷонаш гуноҳи нокардаро ба дӯш гирад. “Баъди он, ки бо роҳи сӯзанзанӣ ва “Мерседес” гуноҳро ба гардан нагирифтам, кормандони милиса гуфтанд, ки танҳо як роҳ аст: Қувваи барқ. Онҳо маро ба шикам хобониданд ва ноқилро ба ангуштонам пайваст карданд. Як латтаи фаршшӯиро оварда, сарамро маҳкам бастанд ва бо «скотч» маҳкам карданд. Аз қувваи барқ такон хӯрдам, аммо боз ҳам бо ишораи сар гуфтам, ки гуноҳ надорам. Шиддати барқро баландтар карданд ва боз ҳам не гуфтам. Аммо бори сеюм шиддати барқ ба андозае буд, ки ду-се дақиқа такон хӯрдам. Гиря кардам, ҷонам ширинӣ кард, маҷбур шудам ва бо ишораи сар гуфтам, ки ба гардан мегирам. Боз ба миёнам бо лагад заданд, ки ё ба гардан мегирӣ ё "петух" (манзур таҷовуз)-ат мекунем”,- гуфт Аҳмадов».

Гузориши дигари торнамои Радиои «Озодӣ» дар ҳамин мавзуъ бо номи «Шаҳбоз vs милисаҳои Ёвон. Тарозуи адл тарафи кист?» (https://www.ozodi.org/a/torture-yovon/29515186.html) санаи 28-уми сентябр пахш шуд.

- Ду корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон, ки барои боздошт ва шиканҷаи як сокини 26-солаи ин ноҳия таҳти бозҷӯӣ қарор доранд, истифодаи зӯр алайҳи Шаҳбоз Аҳмадовро “дурӯғу буҳтон” номиданд. Муҳаммад Толибзода ва Сайёд Қодиров - ду лейтенанти калони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон рӯзи 28-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карданд, ки Шаҳбоз Аҳмадовро танҳо ҳамчун гумонбар дар ҷиноят бозпурсӣ карданд ва касе ба сӯяш даст набардошт,- навишт ин торнамо.

Яке аз мавзуҳои дигари доғ, ки дар моҳи сентябр расонаӣ гардид, қазияи шикоят аз шиканҷа дар ноҳияи Рашт буд. Дар ин маврид торнамои NoTorture.Tj санаи 1-уми сентябр бо номи «Чизе мехоҳед, имзо мекунем, то дигар шиканҷаро нисбати мо истифода набаред» (http://notorturetj.org/tj/news/chize-mehokhed-imzo-mekunem-digar-shikancharo-nisbati-mo-istifoda-nabared) хабар пахш карда, аз ҷумла навишт: «Адвокат Ориф Султонов аз номи судшаванда Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич, ки айни замон дар тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9\1-и СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз болои қарор оиди рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят бурдааст».

Ба навиштаи ин торнамо, адвокат Ориф Султонов иттилоъ додааст, ки «санаи 13-уми январи соли 2018 Прокуратураи ноҳияи Рашт нисбати Абдураҳмонов Саидмурод Сайраҳмонович, Ятимов Мададшо Искандарович ва Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 186 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Нисбати гумонбаршудагон нозирони минтақавӣ, кормандони кофтукови ҷиноятии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт латукӯбро раво дидаанд. Шиканҷа дар намуди латукӯб дар қисмати поёнии бадан ва дар қисмати болои сар сурат гирифта, аз он ҷумла, дар натиҷа Абдураҳмонов Саидмурод ношунаво шудааст. Муовини сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар қисмати сар латукӯби бераҳмона карда, забони ӯро аз даҳонаш кашида бароварда, розӣ кунониданӣ шудааст, ки гуноҳро ба гардан гирифта, имзо гузорад. Гӯё кушторро дар санаи 19-уми сентябри соли 1998, ки мудири фермаи деҳаи Ялдамичи ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт Маҳмадов Акбар (соли таваллудаш 1942)-ро шахсони номаълум ба қатл расонидаанд, инҳо содир карда бошанд. Ин нафарон ба сифати гумонбаршуда дар курсии ҷиноятӣ нишаста ҷавоб дода истодаанд. Шиканҷа нисбати онҳо аз ҷониби кормандони милиса раво дида шуда, дар натиҷаи латукӯб безор шуда ва ҳамаро ба гардан гирифта, гуфтаанд, ки «чизе мехоҳед, имзо мекунем, то дигар шиканҷаро нисбати мо истифода набаред»».

Дар моҳи сентябр қазияи то ба худкушӣ расидани сокини ноҳияи Восеъ низ дигарбора расонаӣ гардид. Санаи 27-уми сентябр торнамои NoTorture.Tj бо пахши хабар таҳти унвони «Прокуратураи Хатлон тафтиши парвандаи то ба худкушӣ расонидани сокини ноҳияи Восеъро аз сар гирифт» (http://notorturetj.org/tj/news/prokuraturai-hatlon-taftishi-parvandai-ba-hudkushi-rasonidani-sokini-nokhiyai-vosero-az-sar) аз ҷумла навишт: «Прокуратураи вилояти Хатлон қарори Прокуратураи ноҳияи Восеъро дар бораи боздоштани тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели то ба худкушӣ расонидани сокини маҳаллӣ Сайдамир Сӯфиев бекор кард. Ҳимоятгарони ҳуқуқ умедворанд, ки ин маротиба гунаҳгорон муайян гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд».

Дар ҳамин ҳол, торнамои Радиои «Озодӣ» ҳам рӯзи 29-уми сентябр гузорише бо номи «Додситонии Хатлон номаи пеш аз худкушии сокини Восеъро аз нав таҳқиқ мекунад» (https://www.ozodi.org/a/tajik-prosecutor-to-investigate-suicide-of-man-who-left-a-note-about-police/29516045.html) пахш кард.

- Додситонии вилояти Хатлон дастур додааст, ки парвандаи худкушии Сайдамир Сӯфиев, як сокини ноҳияи Восеъ, ки дар номаи қабл аз марг муфаттишонро гунаҳкор карда буд, аз нав таҳқиқ шавад,- хабар дод ин торнамо.

Саидамир Сӯфиев, сокини 53-солаи деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ аст, ки қабл аз худкушӣ дар номаи ҳаштсаҳифа кормандони милисаро ба беадолатӣ муттаҳам карда ва гуфтааст, ки гунаҳкори марги ӯ ноҳақӣ ва ҷабри муфаттишон аст.

Ҷасади Саидамир Сӯфиеро рӯзи 30-юми ноябри соли 2017 дар оғилхона ва дар банди доре ёфтанд, ки аз бозор харида овардааст.

Саидамир Сӯфиевро мақомоти интизомии ноҳияи Восеъ барои бозпурсӣ дар бораи марги Суҳроб Нуров даъват кардаанд, ки зери чархи мошине монда ҳалок шудааст. Азбаски Саидамир Сӯфиев соли 2016 як дафъа ин ҷавонро бо мошин зада будааст, мақомоти милиса ӯро ба ҳайси гумонбар дар ҷиноят барои бозпурсӣ даъват кардаанд. Он дафъа ҷавон баъди муолиҷа сиҳат шуда ва шикояте ҳам дигар аз Саидамир Сӯфиев накардааст.

Сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ дар номаи пеш аз маргаш навиштааст, ки “маро Баҳром гуфтанӣ шахс, уголовник (муфаттиш) аз Душанбе фарёд кард. Баёноти бардурӯғ навишта угражат мекунад, ки гӯё Суҳробро ман зада кушта бошам. Суҳробро кадом мошин зада гурехта рафтааст, қасдашонро аз ман гирифта истодаанд. Агар коркунони милитсия ҳақ кор мекарданд...”.

Вале худи Баҳром Ҳикматуллоев, муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ дар гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар воқеъ Саидамир Сӯфиеро бозпурсӣ кард, вале ҳеҷ “ноҳақие нисбати ӯ раво надидааст“.

Мавзуи вобаста ба сарбозон низ дар моҳи сентябр инъикос ёфт. Санаи 19-уми сентябр торнамои Радиои «Озодӣ» бо пахши гузориши муфассал таҳти унвони «Моҷарои ротаҳои низомӣ 5 сарбозро ба зиндон бурд» (https://www.ozodi.org/a/five-solders-accused-in-bulling-/29497670.html) аз ҷумла навишт: «Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе панҷ сарбози тоҷикро барои бадрафторӣ бо ҳамхидматонашон ва риоя накардани ойинномаи ҳарбӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Нусхаи ҳукми Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми сентябр дастраси Радиои Озодӣ шуд. Бино ба он, панҷ сарбоз бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибати байниҳамдигарии хидматчиёни ҳарбӣ” ва “шарикӣ дар ҷиноят” муҷрим шинохта шуда, ҳар кадом ба 2-солии зиндон маҳкум гардидаанд. Дар ҳоли ҳозир назари хонавода ва вакилони мудофеи маҳкумшудаҳо дастрас нестанд. Вале дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми сарбозон ба иҷро даромад. Мақомоти Додгоҳи низомии Душанбе гуфтанд, ҳодиса баҳори имсол, пас аз он рух дод, ки сарбози “ротаи тирандози савора” Фарид Мунавваров ҳамхидматаш Муҳибулло Билоловро аз “ротаи батареяи омехта” ба фаршшӯӣ маҷбур кардааст. “Мунавваров, ки барои анҷоми хидматаш як моҳ монда буд, аз ин тариқ мехост, бартарии худро нишон бидиҳад. Аммо иҷро нашудани супориш аз тарафи дувумӣ хашми ӯро барангехтааст”, - гуфтанд дар додгоҳ».

- Фарид Мунавваров зодаи шаҳри Турсунзода буда, баҳори соли 2016 ба хидмати сарбозӣ рафтааст. Вай бояд моҳи апрели соли 2018 аз хидмат озод ва ба хонаашон бармегашт. Аммо бархӯрд бо сарбозони аз худаш хурдтар ӯро ба мушкил печонд. Бино ба санаде, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, “Фарид Мунавваров чанд дафъа ба пои чап ва пушти Билолов зада, баъдан бо шариконаш Исмоил Раҳматов ва Неъмат Ишматов ба қафаси синаи Нурмуҳаммад Сафаров аз “ротаи батареяи омехта” чанд мушт фаровардаанд. Онҳо, ҳамчунин, ба пову қафаси синаи Баҳром Аланазаров ва сари Ромиз Раҳмонов бо камарбанд зада, таҳдид кардаанд, ки “шумо танҳо ҳамин шаб ҳаёт доред”. Хусрав Давлатзода, муовини раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе дар шарҳи ҳукми додрас гуфтааст, ин ҳолат хусумати байни “ротаи батареяи омехта” ва “ротаи тирандози савора”-ро ба вуҷуд овардааст. Ба қавли ӯ, Сайфиддин Раҳимов ва Шаҳбоз Ёрматов, намояндагони “ротаи батареяи омехта” барои ситондани қасоси ҳамхидматони худ бо корд ба қафаси синаи Фарид Мунавваров се зарба задаанд. Дар паи ин моҷаро кор ба додгоҳ рафт ва моҳи июли имсол додгоҳи низомии Душанбе Садриддин Раҳимову Шаҳбоз Ёрматов аз ротаи батареяи омехта ва Фарид Мунавваров, Неъмат Ишматов ва Исмоил Раҳматовро аз ротаи тирандози савора айбдор донист ва ба зиндон маҳкум кард,- афзудааст торнамои мазкур.

Ин ҳама дар ҳолест, ки оид ба кӯшишҳои маълумотноксозӣ бо мақсади пешгирии шиканҷа хабар мерасад. Дар ҳамин маврид торнамои NoTorture.Tj санаи 7-уми сентябр бо номи «Дар Тоҷикистон чорабиниҳои маълумотноксозӣ баргузор гардиданд» (http://notorturetj.org/tj/news/dar-tochikiston-chorabinikhoi-malumotnoksozi-barguzor-gardidand) хабар пахш кард.

- Чорабиниҳои маълумотноксозӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ моҳҳои июл ва августи соли 2018 дар минтақаҳое аз қабили Файзобод, Лахш, Ашт, Ховалинг, Балҷувон, Дарвоз ва Хоруғ дар сатҳи баланд гузаштанд. Чорабиниҳои маълумотноксозӣ ба якчанд рӯйдодҳои ба пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвар алоқаманд бахшида шуда буданд. Аз ҷумла, муҳимияти иҷрои тавсияҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфташуда дар доираи Гузориши даврии универсалӣ (ГДУ), ки моҳи майи соли 2016 қабул гардида буд, зарурати тасдиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва таъсиси Механизми миллии пешгирикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки соли ҷорӣ дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад,- аз ҷумла омадааст дар ин хабар.

NoTorture.Tj