Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон 26-27-уми апрели соли 2019 бидуни огоҳии пешакӣ гузаронида шуд.
Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Нидоев Ҳ. ва Низомов А., инчунин ду намояндаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ - Мӯсоев Ш. ва Сафаров Х. ворид гардида буданд.
Ҳангоми дохил шудан ба РАНММ дар Хатлон гуруҳро кормандони қисми навбатдорӣ пешвоз гирифта, роҳбариятро хабардор намуданд ва ба утоқи сардори РАНММ Тағойзода Сабзаалӣ роҳнамоӣ карданд. Баъд аз суҳбати кӯтоҳ ба гуруҳ иҷозаи боздид аз муассиса дода шуд.
Дар вақти мониторинг дар камераҳои ТМ РАНМ боздоштшудаҳо набуданд ва бо ҳамин сабаб гуруҳи мониторингӣ имконияти пурсиш гузаронидан бо шахсони боздоштшударо надошт. Боздоштшудаи охирин ба ТМ 21-уми апрели соли 2019 ворид гардида, 24-уми апрели соли 2019 ба СИЗО интиқол ёфтааст.
Охирин таъмири косметикӣ дар ТМ соли 2018 гузаронида шудааст. Худи бинои РАНММ дар вилояти Хатлон аз соли 2000-ум фаъол аст. То ин вақт ҷойи муассисаи мазкур мактаби миёнаи №2-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) будааст, ки соли 1956 сохта шудааст. Бинои ТМ дар дохили бинои маъмурии РАНММ ҷойгир аст. ТМ аз ду камера иборат аст. Ҳарду камераҳо барои шахсони гумонбар дар содир кардани ҷиноят пешбинӣ гардидаанд.
Ба иттилои сардори РАНММ, охири соли 2018 дар муассиса якчанд корманди Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронидаанд, ки онҷо масъалаи банақшагирии таъмири пурраи бинои ТМ РАНММ баррасӣ гардидааст. Дар натиҷаи ин вохӯрӣ Созишнома оид ба ҷудо кардани воситаҳои бурсиявӣ барои таъмири пурраи ТМ РАНММ ба имзо расидааст. Интизор меравад, ки то охири моҳи сентябри соли 2019 таъмири пурраи муассиса анҷом дода шавад.
Дар ТМ 1 камераи назорати видеоӣ мавҷуд аст. Ин камера дар тарафи рости даромадгоҳи ТМ насб карда шудааст. Видеокамера ҳаракатҳоро сабт мекунад, аммо вазифаи сабти садоро надорад. Ҳар моҳ он коркард мешавад. Сабтҳо дар хазинаи сардори РАНММ ва сардори қисми навбатдории РАНММ ҳифз карда мешаванд.
Дар даромадгоҳи РАНММ дар вилояти Хатлон қуттӣ барои мактубҳо ва арзу шикоятҳо вуҷуд дорад. Боздоштшудаҳо бо қаламу қоғаз таъмин карда мешаванд. Дар ТМ дафтари қайди аризаву шикоятҳо мавҷуд аст. Дафтар ба гуруҳ пешниҳод карда шуд, аммо дар он ягон хел ариза ё шикоят қайд нагардида буд.
Аз воситаҳои махсус кормандони Агентӣ завлонаҳоро барои аз ТМ баровардан ва ба ТМ баргардонидани шахсони боздоштшуда истифода мебаранд.
Кормандони пурсидашуда зикр намуданд, ки дар давраи аз соли 2018 то моҳи марти соли 2019 ҳолатҳои муайян кардани зарарҳои ҷисмонӣ дар бадани шахсони дар ТМ нигоҳдоришаванда вуҷуд надошт. Дар ҳолати зарурат кӯмаки тиббиро табиби «Ёрии таъҷилӣ» мерасонад, зеро РАНММ дар вилояти Хатлон бо беморхонаи шаҳрии шаҳри Бохтар дар мавриди расонидани ёрии аввалияи тиббӣ шартнома дорад.