Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Чанде қабл ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқи Тоҷикистон натиҷаҳои мониторингҳои доиргардида дар бораи озодӣ аз шиканҷа дар муассисаҳои пӯшида ва нимапӯшидаи кишварро пешниҳод намуданд.
«Ҳадаф аз баргузории мониторинг огаҳии вазъи риояи ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа дар ин муассисаҳо ва пешниҳоди маълумоти мазкур ба ҷомеа ва мақомоти давлатӣ аст, то ки ба онҳо вазъи воқеӣ дар ин бахш маълум гардад», - зикр кард Қаҳрамон Сангинов, ҳамоҳангсози барномаи ҳуқуқии Шуъбаи Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ, мониторинг бо мақсади таҳияи гузориши алтернативӣ ба Кумитаи СММ зидди шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳӣ ва бемориҳои равонӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, муассисаҳои таълимии махсус барои кӯдакон, муассисаҳои ислоҳии кӯдакон, муассисаҳои тиббӣ ва қисмҳои низомӣ доир гардид.
Иштирокчиёни вохӯрӣ мавҷудияти монеъаҳои зиёд оид ба муайян кардани миқёси истифодаи шиканҷаву кирдори бераҳмона дар Тоҷикистонро зикр намуда, аз мушкилоти ҷой надоштани маълумоти оморӣ оид ба ҳодисаҳои шиканҷа, боздиди ҳомиёни ҳуқуқ, ҳимоятгарон ва хешовандон аз муассисаҳои ислоҳӣ ҳарф заданд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ба чунин хулоса расиданд, ки натиҷаҳои мониторинг ва ҳамчунин ҳодисаҳои ахири истифодаи шиканҷаи аз ҷониби ВАО инъикосшуда гувоҳи онанд, ки мушкилоти шиканҷа вуҷуд дорад ва онро мебояд ҳал намуд.
Дар мониторинги Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ин робита, ки дар муассисаҳои марбутаи Душанбе, навоҳии тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ВМКБ гузаронида шуд, андешаи ҳудуди 150 нафар, аз ҷумла 51 тан аз боздоштшудагон дар тавқифгоҳ, 5 нафар маҳбусон, 21 тан наздикони маҳбусону боздоштшудагон, 50 нафар ҳимоятгарон ва 23 тан аз афроди аз маҳбасҳо озодшуда дар ин маврид пурсида шуд.
Намояндаи Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Абдураҳмон Шарифов дар бораи нақзи ҳуқуқҳои ошкоршудаи маҳбусон зимни мониторинг сухан ронда, изҳор намуд, ки ҳангоми вайрон кардани реҷаи дохилии муассиса онҳо мавриди ҷазо, аз ҷумла фишори равониву ҷисмонӣ, муддати зиёд нигоҳ доштан дар ҳуҷраи ҷаримавӣ, шиканҷаву таҳқир ва лату кӯб қарор мегирифтаанд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, ҳайати шахсии муассисаҳои ислоҳӣ маҳкумшудагонро дар асоси мансубият ба мазҳабу минтақа, вазъи иҷтимоӣ ва дар робита ба ҷинояти содиркардаашон низ мавриди ҷазо қарор медодааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ доир ба ифтитоҳи муассисаи ислоҳӣ барои назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳияи ва қабули қонуни алоҳида «Дар бораи назорати ҷамъиятӣ ба риояи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои ислоҳӣ», таъмини дастрасии маҳкумшудагон ба ҳимоятгару кӯмаки ҳуқуқӣ, такмили тартиби баррасии арзу шикояти маҳбусон ва ғайра тавсияҳо доданд.
Ҳайдар Шодиев, Азия-Плюс