Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Генерал Искандар Раҷабов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар як конфронси илмӣ-назариявӣ дар Хуҷанд аз тасдиқи ҳолатҳое ёдовар шуд, ки дар он рафтори ғайриқонунии кормандони милиса тасдиқ шудааст.
Искандар Раҷабов дар як конфронсе дар мавзўи «Андешидани чораҳои мушаххас оид ба пешгирӣ ва огоҳикунонии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон» дар толори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд суханронӣ мекард, гуфт, сарфи назар аз чораҳои пешгирикунанда то ҳол даст задан ба ҳодисаҳои номатлуб (шиканҷа) аз ҷониби баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳ дода мешавад.
- Мутаассифона, ин ҳол обрўи мақомотро дар миёни мардум коста ва нуфузи кишварро дар миёни дигар ҷумҳуриҳои ҳампаймони пешгирикунандаи шиканҷа дар Созмони Милали Муттаҳид мерезонад, - гуфт генерал Раҷабов.
- Дар соли гузаштаи 2013 тариқи телефони боварӣ ба вазорати корҳои дохилӣ дар умум 327 занги арзу шикояти мардум дар бораи рафтори ғайриқонунии кормандони милиса ворид гардидааст. Аз ин шумор, баъди таҳқиқ ва санҷиш 53 ҳолати онҳо пурра тасдиқ ва ошкор шудааст. Ин қариб 20 фисади муроҷиатҳоро дар бар мегирад, - таъкид кард генерал Раҷабов.
Афзоиши мизони шиканҷа дар миёни кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ин авохир дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 узви Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат, ҷазои бераҳмонаи ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф мебошад ва сар аз соли 1993 то ин ҷониб беш аз ҳафт Конвенсия ва ду паймонҳои муҳими байнулмиллалӣ дар самти дифоъ аз ҳуқуқи инсонро имзо кардааст.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегӯянд, мушоҳидаҳо собит намудаанд, ки талошҳои давлат барои иҷрои санадҳое, ки мақсадашон пешгирӣ аз шиканҷа мебошад, камнатиҷаанд.
Зеро ҳамоно зуроварӣ ва латукӯби боздоштшудагону гумонбарон ва судшавандаҳову маҳбусон дар шуъбаҳо ва боздоштгоҳҳои тафтишотӣ аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ раво дида мешавад.