Ёдовар намудан дар бораи ҳимояи ҳуқуқи инсон муҳим аст

Чаро Рӯзи ҳуқуқи инсон муҳим аст?

То имрӯз ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки дар матни Эъломия инъикос ёфтаанд, дар он чун риштаи сурх мегузарад ва бетағйир боқӣ мондааст, инро ҳомиёни ҳуқуқи башари тоҷик, ки дар самтҳои гуногун ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро дар Тоҷикистонр тарғиб ва ҳимоя мекунанд низ мегӯянд. Инак назари онҳоро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон пешкаши шумо менамоем...

Шоира Давлатова, директори Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон": “Дар Рӯзи ҳуқуқи инсон ёдовар намудан дар бораи ҳимояи ҳуқуқи инсон муҳим аст. Пеш аз хама, ин кори муҳим барои тамоми аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Яке аз ҳуқуқҳои ҷудонопази инсон ҳуқуқ ба манзил мебошад, ки дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоию иқтисодии инсон эътироф шудааст, ки дарҷи он дар як қатор санадҳои муҳими байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳад. Дар навбати аввал, ин моддаи 25 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мебошад, ки дар он барои ҳар як инсон ҳуқуқ ба манзил ҳамчун қисми ҷудонопазири ҳуқуқ ба сатҳи зарурии зиндагӣ барои нигоҳ доштани саломатӣ ва некӯаҳволии худ ва оилаи худ дарҷ гардидааст. Ташкилоти мо на танҳо оиди ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил фаъолона кор мекунанд, балки боз бо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ оиди ҳуқуқ ба манзили кофӣ машғул мебошанд”.

Рақамҳои телефони боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:

Вилояти Суғд: 98 787 33 33

Вилояти Хатлон ва ВМКБ: 98 787 66 66

Шаҳри Душанбе ва ШНТҶ: 98 708 76 76

Почтаи электронӣ: Notorturetjk@gmail.com

Сомона: www.notorturetj.org

Оид ба масъалаҳои поймолшавии ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон тариқи телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 933331803 муроҷиат намоед. Телефонҳо инчунин берун аз соатҳои корӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид дастрасанд.

NoTorture.Tj