Аксияву чорабиниҳо

Аксияву чорабиниҳо бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн[1]

Аз 26-уми май то 26-уми июни соли 2020 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа чорабинии якмоҳа гузаронид.

Давоми як моҳ дар мониторҳои супермаркетҳо, марказҳои савдо, марказҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷойҳо дар тамоми Душанбе наворҳо бахшида ба озодӣ аз шиканҷа намоиш дода шуданд.

Дар торнамои Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби иттилоотӣ дар мавриди амалисозии Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 ҷой дода шуданд. Нақшаи миллӣ ҳамагӣ аз 22 банд иборат аст ва мо аз рўйи ҳар кадоми онҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, ки соли 2019 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард ва қабул шуда буданд, матолиби иттилоотӣ таҳия намудем.

Ба ғайр аз ин, ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа китоби «Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта» (муаллифон - Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррири адабӣ - Наргис Ҳамробоева ва муҳаррир Фазлиддин Хоҷаев)-ро омода намуд, ки дар бораи тақдири фоҷиавии 13 сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ва “меҳтарсолорӣ” гардида ҳикоят мекунад. 

Дар доираи аксия матолиби иттилоотӣ оид ба мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шуд:

- Шиканҷа - вируси даҳшатнок, ваксина муқобили он - ошкорбаёнӣ. Хомўш наист![2]

- Офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо[3]

- Муроҷиатнома бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа[4]

 - Муаррифии китоб: "Ҳикояи 13 сарбоз ё орзуҳои гумшуда"[5]

- Ҳисоботдиҳии нопурра дар сатҳи расмӣ, ё маълумот дар бораи шиканҷа дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ то кадом андоза дастрас аст[6]

- Инфографика[7]

4-уми июни соли 2020 аз соати 11:00 то 12:00 дар радиои «Азия-Плюс» дар барномаи навбатии «Фурсати донистан»[8] бо радиошунавандагон дар мавзуи “Мо ба қурбониёни шиканҷа, хешовандони онҳо ва нафароне, ки адолат мехоҳанд, кумак мерасонем. Шумо бошед, метавонед ба мо кумак расонед” гуфтугўи мустақим сурат гирифт, ки шунавандагон оид ба масъалаи озодӣ аз шиканҷа ба ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - Абдураҳмон Шарипов (ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон») ва Хушбахт Исоев (ТҶ «Дунёи ҳуқуқ») саволҳои худро пешниҳод намудаву посух гирифтанд. Барномаи радиоӣ дар Душанбе, НТМ, Бохтар, Леваканд (Сарбанд), Кўшониён, Румӣ ва Вахши вилояти Хатлон рўйи мавҷи 107.0 FM, дар Хуҷанди вилояти Суғд рўйи мавҷи 104.4 FM, инчунин дар www.asiaplusradio.tjwww.asiaplustj.info пахш гардид.

26-уми июн чӣ гуна рӯз қайд карда мешавад? [9]

Аз 22 то 25-уми июндар доираи аксия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа ГТҶ - ҲРУ (Гуруҳи ташаббускори ҷавон - Ҳадафи рушди устувор)-и назди ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, миёни ҷавонони кишвар ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа аксия гузаронид.

Саволҳо ба доираи ҷавонон нигаронида шуда буданд. Мақсади асосии гузаронидани аксия иттилоъноксозии ҷавонон буд, то бидонанд, ки 26-уми июн чӣ гуна рӯз қайд карда мешавад, дар кадом ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мафҳуми «шиканҷа» ва манъи истифодаи он зикр гардидааст, кадом ташкилотҳо дар ҳудуди кишвари мо ба масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона сарукор доранд.

Дар натиҷа, дар аксия 31 нафар иштирок намуданд, ки ба онҳо ба сифати туҳфа футболка (31 дона) тақдим карда шуд. Иштирокчиён барои гирифтани маълумоти нав таваҷҷуҳи зиёд доштанд.

Навгониҳои моро дар торнамои http://notorturetj.org/ ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоии зерин пайгирӣ намоед:

Дар Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Дар Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Дар Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Дар Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Дар Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Дар Телеграм: http://t.me/notorturetj

Дар Инстаграм: notorture.tj

 

[1] Гузаронидани чорабинињо бахшида ба Рўзи байналмилалии њимояи ќурбониёни шиканља дар доираи лоињаи “Пурзўр намудани фаъолият барои пешгирии шиканља ва дастгирии ташкилотњои њимоятгари њуќуќ дар Тољикистон” бо сарпарастии Иттињоди Аврупо имконпазир гардид.   

NoTorture.Tj