Article Pages

Рўзи 27-уми октябр, аз соати 9:00 то 12:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор мегардад. Мизи гирд аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Маркази таълими судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои лоиҳаи «Боло...

22.10.2016 - 18:55

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба баррасии далели лату кӯби як зан, сокини шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёти «Нелегал» рӯзи 2 октябр оғоз кард.   Зани ҷабрдида, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ мекунад ва адвокати ӯ Дилшод Ҷӯраев ҳанӯз санаи 10 октябр аз болои рафтори бераҳмонаи кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ба прокуратураи шаҳр шикоят бурдаанд.   «Мо...

20.10.2016 - 11:25

Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 17-уми октябр дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштаанд, ки ҷуброни зарари моддию маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи ин ниҳод бояд гунаҳкор дар латукӯб, куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов пардохт кунад.  Дар ин бора Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ҷониби Шаҳбол ин даъвои мақомоти марзбониро мухолифи...

18.10.2016 - 15:20

Додситонии шаҳри Душанбе то ба ҳол дар робита ба амалкарди кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур дар нисбати зане, ки иддао дорад, ғайриқонунӣ ба манзилаш ворид шуда ва ӯ ва меҳмонҳои хориҷиашро лату куб кардаанд, парванда боз накардааст ва ин қазия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Аз додситонии шаҳри Душанбе рӯзи душанбеи 17 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “дар ҳақиқат нисбати...

17.10.2016 - 10:17

Аз лату кӯби як зани сокини шаҳри Душанбе дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз васоити ахбори умум огаҳ шудаанд. Дар Вазорат итминон доданд, ки санҷиши ин ҳодиса оғоз гардида, дар сурати ошкор шудани гунаҳкорон, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.   «Аз ҳодисае, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст, мо аз васоити ахбори умум огаҳ шудем. Ба мо бевосита дар ин хусус касе...

14.10.2016 - 15:40

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ боз як далели муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба қайд гирифт. Ба эътилоф зани 34-сола, корманди як созмони байналмилалӣ бо шикоят аз муносибати бераҳмонаи кормандони ШВКД ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат кард. Ба гуфтаи ӯ, воқеа ҳангоми рейди тафтиши шиносномаҳои шаҳрвандон, аввали моҳи...

14.10.2016 - 10:18

Додситонии Шаҳритус мегӯяд, нисбати қазияи латту кӯби як ҷавони 17-cола бо моддаи “майдаавбошӣ” парванда боз шуда, аз ҷониби Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ҳоли баррасӣ аст.  Бахтовар Маҳмадиев сешанбеи 11 октябр дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, ӯро кормандони комисариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус мавриди латту кӯб қарор додаанд. Ба иддаои ӯ, рӯзи 7 октябр кормандони комисариат ба...

12.10.2016 - 14:45

Гулчеҳра Холматова, адвокати Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои рӯзноманигори латукӯбшуда Доро Маҳкамов ёрии ҳуқуқии худро идома медиҳад. 18-уми сентябр ба рӯзноманигор супориш дода мешавад, ки рафти сохтмон ва савдои кӯчагиро инъикос кунад ва ӯ ба ҳамин хотир ба...

12.10.2016 - 14:33

Як ҷавони 17-сола иддао дорад, мавриди латту кӯби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус қарор гирифтааст.  Бахтовар Маҳмадиев имрӯз, 11 октябр дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, панҷ рӯз мешавад, ки дар беморхона бистарӣ аст. Ӯ гуфт, ҳодисаи латту кӯбаш 7 октябр сурат гирифт: “Ҳамон рӯз дар хона набудам, кормандони “военикомат” омада, дидаанд, ки касе нест, аз...

11.10.2016 - 10:19

Созмонҳои хабарнигорӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дидори навбатии худ дар робита ба қазияи латту кӯби рӯзноманигори Маркази тадқиқоти журналистӣ иттилоияи Вазорати корҳои дохилиро ба баррасӣ гирифтанд.  Дар ин ҳамоиш, ки баъд аз зуҳри имрӯз, 10 октябр дар шаҳри Душанбе сурат пазируфт, аз таъйиди далели латту кӯби журналист аз сӯи ВКД изҳори қаноатмандӣ шуд, аммо иштирокдорон...

11.10.2016 - 08:58

Страницы