Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар баъзе муассисаҳои ислоҳӣ мушкилоти нокифоягии ҳолати санитарӣ, вентилятсияи нокифоя, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва набудани фазои нокифоя дар камераҳо вуҷуд дорад. Набудан ё нокифоя будани ҳоҷатхонаҳо дар баъзе муассисаҳои ислоҳӣ, ки ба эҳтиёҷоти пиронсолон ва нафарони дорои маъюбият мутобиқ карда шуда бошанд; миқдори нокифояи ҳуҷраи шустушӯй ва ҳоҷатхонаҳо. Ёрии тиббӣ, ки на ҳамеша сари вақт мерасад.
Чунин манзараи зиндагии рӯзмарраро дар ҳашт зиндони Тоҷикистон бори нахуст мониторинги мустақиле, ки дар ҳамкорӣ бо давлат ва дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронида шуд, маълум намуд.
Ин мониторинг як мисоли воқеӣ гардид: барои аввалин бор дар таърих ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо коршиносони байналмилалӣ ба муассисаҳои пенитенсиарии Тоҷикистон дастрасии расмӣ пайдо карданд.
Ташкилкунандагон Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) буданд. Лоиҳа ба шарофати Ёддошти ҳамкорӣ ва дастгирии Ҳукумати Швейтсария, Фонди демократияи СММ ва Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ имконпазир гардид.
Таваҷҷуҳ ба инсон аст
Қайд кардан зарур аст, ки эҳтироми ҳуқуқи инсон дар маҳбасҳо яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ мебошад. Ҳадафи стратегии мониторинги маҳбасҳо таъмини ҳуқуқи маҳкумшудагон ба саломатӣ ва шароити инсонии нигоҳдорӣ, инчунин фароҳам овардани шароити муносиби меҳнати кормандони муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мониторинг бо мақсади омӯзиши вазъ ва пешниҳоди тавсияҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи кӯшишҳои давлат оид ба татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ барои давраи то соли 2030, ки ба беҳбуди вазъи умумии ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои ислоҳии кишвар нигаронида шудааст, гузаронида шуд.
Мониторинг ҳашт муассисаи ислоҳиро (МИ) фаро гирифт. Ин гурӯҳ, ки ба он ҳам коршиносони тоҷик ва ҳам байналмилалӣ шомил буданд, бо 138 маҳбус, аз ҷумла 17 зан ва 106 корманди системаи пенитенсиарӣ мусоҳиба анҷом дод.
Назди иштирокдорон се вазифаи асосӣ меистод:
- баҳодиҳии дастрасӣ ва сифати ёрии тиббӣ;
- омӯзиши инсондӯстии шароити нигоҳдории маҳбусон;
- таҳлили шароити меҳнати кормандон.
Кор бо истифода аз усулҳои шаффоф, аз ҷумла мусоҳиба, мушоҳида ва таҳлили заминаи меъёрӣ амалӣ карда шуд. Принсипҳои асосӣ мустақилият, объективият ва махфият мебошанд.
Набзи тиби зиндон: миёни УЗИ ва аптечкаҳои холӣ
Мониторинги хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ дар Тоҷикистон манзараеро мунъакис кард, ки дар он тағйироти мусбат бо мушкилоти доимии системавӣ вуҷуд доранд. Сарфи назар аз нобарории умумӣ, дар баъзе муассисаҳо барои беҳтар кардани шароити муолиҷаи маҳбусон қадамҳои муҳим гузошта шудаанд.
Ҳамин тариқ, дар баъзе муассисаҳои ислоҳӣ, аз қабили 3/1, 3/3 ва 3/4 барои табобати статсионарӣ бахшҳои махсусгардонидашуда ташкил карда шуданд. Ин биноҳо бо утоқҳои муосири УЗИ, рентген, стоматологӣ ва табобатӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Кормандони тиббӣ, ки аз духтур ва фелдшер иборатанд, вазъи беморонро мунтазам назорат мекунанд. Чунин дигаргуниҳо фазоеро фароҳам меоранд, ки маҳбусон метавонанд дар шароити муносибтар, наздиктар ба стандартҳои шаҳрвандӣ табобат гиранд.
Дар муассисаи 3/5 ҳуҷраҳои алоҳида амал мекунад, ки дар онҳо сарфи назар аз имкониятҳои маҳдуд барои ёрии тиббӣ шароитҳои асосӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар баъзе колонияҳо, масалан, 3/1, 3/5 ва 3/6, ҳуҷраҳо бо утоқи шустушӯй ва ҳоҷатхона муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки ин барои таъмини меъёрҳои санитарии маҳбусон махсусан муҳим аст.
Аммо намунаҳои мусбат мушкилоти системавиеро, ки гурӯҳи мониторингӣ ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд, пинҳон карда наметавонанд. Вайронкуниҳои ҷиддитарин ба нокифоя будани маблағгузорӣ ва кӯҳна шудани базаи моддию техникӣ дахл дорад. Дар муассисаи ислоҳии 3/2 масалан утоқҳои табобатӣ ба таъмири асосӣ ниёз доранд, дар муассисаи ислоҳии 3/8 бошад, утоқҳо на танҳо дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд, балки ба талаботи асосии нигоҳдории доруҳо низ ҷавобгӯ нестанд.
Аз ҳама чизҳои зарурӣ кофӣ нестанд: табибон, доруҳои махсусгардонидашуда, антисептикҳо, асбобҳои тиббӣ. Дар баъзе муассисаҳо ҳатто асбобҳои ҷарроҳӣ вуҷуд надоранд. Тавре яке аз табибон иқрор шуд, дар ҳолати фавқулода ӯ наметавонад пас аз ҷарроҳӣ ба бемор перевязкаи оддиро анҷом диҳад - мавод ва таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд нест.
Яке аз ҳолатҳои сабтшуда мизони мушкилотро равшан нишон медиҳад: маҳкумшуда ба судорог дучор шуд, аммо табибон натавонистанд фавран ёрӣ расонанд. Ёрии таъҷилӣ даъват шуд, аммо он танҳо пас аз як-ду соат расид ва зан дар ин муддат дар ҳолати вазнин боқӣ монд. Низоми расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ миёни СРИҶҶ ва Вазорати тандурустӣ ба роҳ монда нашудааст.
Дигар камбудиҳо низ ба қайд гирифта мешаванд. Дар як қатор муассисаҳо дар бораи муроҷиатҳои маҳбусон оид ба ёрии тиббӣ қайди аниқ мавҷуд нест. Дар муассисаҳои ислоҳии 3/1 ва 3/3 дафтарҳои қабул нигоҳ дошта мешаванд, дар 3/2, 3/6 ва 3/8 бошад, кормандон танҳо дар дафтарчаи тиббӣ қайд мегузоранд. Ин назорати сифати ёрии тиббиро душвор гардонида, принсипи шаффофиятро вайрон мекунад.
Вазъияти риояи сирри тиббӣ ташвишовар аст. Дар муассисаи ислоҳии 3/3, масалан, ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар ҳуҷраи табобатӣ ҷойгир карда шудаанд, ки на танҳо барои табибон, балки барои маҳкумшудагон, ки ба кумак ҷалб шудаанд, дастрас аст. Чунин ҳолатҳо дар муассисаи ислоҳии 3/5 низ ба қайд гирифта шудаанд. Дарвоқеъ, сухан дар бораи вайрон кардани махфияти маълумоти шахсии мизоҷон меравад.
Дар ҳоле, ки Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мавҷудияти мушкилотро эътироф намуда, кӯшиш мекунад роҳи ҳалро пайдо намояд: маҳкумшудагони дорои маълумоти тиббӣ ҷалб карда мешаванд, барои ҳамкорӣ бо табибони беруна шароит фароҳам оварда мешавад, инчунин аз ҳисоби хешовандон гирифтани доруворӣ иҷозат дода мешавад.
Серодам ва шароити антисанитарӣ: озмоиши инсондӯстӣ
Яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва ҳаллаш душвор серодамии муассиҳои ислоҳӣ боқӣ мемонад. Ин на танҳо масъалаи кайфият аст - он бар дӯши муносибати инсондӯстона нисбат ба шахс аст, ҳатто агар ӯ маҳкумшуда бошад.
Сабабҳо на танҳо дар худи имкониятҳои муассисаҳост. Аз ҳад зиёд пуродам будани ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ҳамчун мушкили инсондӯстона, ки ба сиёсати давлат дар самти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъсири манфӣ мерасонад, яке аз мушкилоти ҷиддист. Чунин вазъият на танҳо боиси бад гардидани шароити нигоҳдории маҳкумшудагон мегардад, балки сарбории кормандонро зиёд намуда, ба нақзи ҳуқуқи маҳкумшудагон оварда мерасонад ва ҳолатҳои муноқишаро ба вуҷуд меорад. Аз рӯйи воқеият имконоти ҳалли ин мушкилро баҳогузорӣ намуда, ба тағйироти фаврӣ дар самти воридоти зиёди молиявӣ ба адолати судии ҷиноятӣ ва ислоҳот умед баста намешавад. Имрўз такя ба тадбиру барномаҳои нисбатан арзон, ки натиҷаҳои зуд ва назаррас медиҳанд, аз ҷумла ислоҳоти мурофиаи судии ҷиноятӣ дар маҷмуъ, аз боздошт то озод кардан ва сармоягузорӣ ба пешгирии ҷинояткорӣ ва паст кардани сатҳи он фоиданоктар аст. Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба он таъсир расонида наметавонад, ки ба колонияҳо чӣ қадар одамон фиристода шаванд. Фақат метавонад ба воқеият зуд мутобиқ шавад: шумораи бештари маҳкумшудагонро бо ҷойи хоб, хӯрок, либос ва шароити асосии санитарӣ таъмин намояд.
Аз соли 2008 инҷониб бошандагони маҳбасҳои кишвар мунтазам афзоиш меёбанд. Дар системаи пенитенсиарии ҶТ 19 муассисаи ислоҳии намудҳои гуногун[1] мавҷуд буда, шумораи умумии маҳкумшудагон дар тамоми муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми январи соли 2024-ум 13556 нафарро ташкил додааст, дар ҳоле ки то соли 2023 шумораи онҳо 12491 нафар будааст[2]. Ин чунин маъно дорад, ки танҳо дар давоми як сол шумораи умумии маҳбусон 1065 нафар (қариб 9 фоиз) афзудааст.
Ин ба система, ҳам одамон ва ҳам ба инфрасохтор фишори зиёд меорад. Дар чунин шароит ҳама чиз зарар мебинад: аз бехатарии худи маҳбусон ва кормандон то шароити зиндагонӣ, ки маҳбусон моҳҳо ва солҳо аз сар мегузаронанд.
Мониторинг нишон дод, ки дар муассисаҳо на танҳо ҷой нокофист. Дар муассисаҳои ислоҳии 3/2 ва 3/8 системаи шамолдиҳӣ вуҷуд надорад, кондитсионер мавҷуд нест: дар фасли тобистон камераҳо гарм, дамгир, имкони нафас гирифтан нест. Дар фасли зимистон вазъияти баръакс пеш меояд: дар ягон ҷо гармидиҳии мутамарказ нест, ҳар як МИ ба қадри имкон кор мекунад - гармкунакҳо, радиаторҳо, кондитсионерҳо насб карда мешаванд. Аммо, ба ҳар сурат, маҳкумшудагон аз хунукӣ шикоят мекунанд.
Ҳоҷатхонаҳо мавзӯи алоҳида боқӣ мемонанд. Онҳо кифоя нестанд, дар баъзе муассисаҳо вазъияти санитарӣ боиси ташвиши ҷиддӣ мегардад. Дар муассисаи ислоҳии 3/8, масалан канализатсия вуҷуд надорад, ҳоҷатхонаҳо сари вақт тоза карда намешаванд, ки боиси бадбӯйӣ ва пайдошавии пашшаҳо мегардад. Мошини ахлоткаш хеле кам меояд ва маҳбусон маҷбур мешаванд, ки худашон ин корро уҳда кунанд.
Ҳатто чизи ба назар оддӣ, шустани ашё душвор аст. Дар он ҷое, ки мошини ҷомашӯӣ нест, маҳбусон либосҳои худро дастӣ - дар тағораҳо, дар утоқҳои шустушӯй мешӯянд.
Ҳамаи ин мушкилот - шамолдиҳӣ, гармидиҳӣ, ҳоҷатхонаҳо, шароити ҷузъӣ барои шустушӯй - ба тасвири системаи аз ҳад зиёд вазнин ва фарсудае такя мезананд, ки дар гумон аст ба бори вазнин тоб оранд. Ва то он даме, ки масъалаи ҷойгирсозии шумораи зиёди маҳкумшудагон дар сатҳи сиёсати миллӣ ҳал нагардад, ҳеҷ муассисаи ислоҳӣ наметавонад шароити воқеии инсондӯстонаи боздоштро фароҳам орад.
Аммо нозирон ҳатто дар чунин як вазъияти вазнин талошҳои кормандонро қайд мекунанд, ки талош доранд шароити маҳбусонро ба навъе осон намоянд. Ва ин бори дигар нишон медиҳад, ки системаи пенитенсиарӣ на танҳо ба захираҳо, балки ба бознигарии афзалиятҳо бо таваҷҷуҳ ба инсон ва ҳуқуқи ӯ ба муроҷиати шоиста ниёз дорад.
Кормандони МИ: дар сояи система
Шароити кори кормандони муассисаҳои ислоҳӣ сазовори таваҷҷуҳи махсус аст - мавзӯи аксар вақт фаромӯшшуда, вале ниҳоят муҳим.
Мониторинг нишон дод, ки кормандон дар шароити нарасидани захираҳо ва изофаборӣ кор мекунанд. Ва ин дар ҳама чиз мушоҳида мешавад - аз касбият то сифати муошират бо маҳбусон.
Шароити кори кормандон ба фазои умумӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва умуман риояи ҳуқуқи инсон бевосита таъсир мерасонад.
Мушкилоти системавӣ аллакай дар сатҳи ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ эҳсос мешаванд. Қариб дар ҳамаи муассисаҳо коргарон аз рӯи принсипи «шабонарӯз баъди шабонарӯз» кор мекунанд, вале воқеият аз ин нақша дур аст: аз сабаби нарасидани кадрҳо одамон дар баст зиёдтар меистанд ва барои вақти изофа ҷубронпулӣ намегиранд. Махсусан дар давраҳои ба истилоҳ «шароити казармавӣ», масалан, дар рӯзҳои ид ё ҳангоми ба амал омадани вазъияти ноустувор, вақте ки кормандон шабонарӯзӣ дар муассиса бошанд, душвор аст. Аммо дар чунин лаҳзаҳо ҳам онҳо бо ҷойи истироҳати дуруст таъмин карда намешаванд - ин дар муассисаҳои ислоҳии 3/8, 3/2, 3/3 ва 3/6 муайян карда шудааст.
Мушкили изофакорӣ аз он сабаб боз ҳам шадидтар мешавад, ки ба як сардори қисм зиёда аз сад маҳкумшуда рост меояд, ки ҳаҷми кор аз меъёрҳои иҷозатдодашуда зиёд аст. Дар чунин шароит кор кардан маънои онро дорад, ки худро ба стресси доимӣ ва эҳсоси нарасидани вақт ва захираҳо дучор созед.
Таҷҳизоти техникии муассисаҳо низ мушкилоти ҷиддиро ба миён меоранд: кормандон аз нарасидани асбобҳои металлӣ, сканер, назорати видеоӣ, алоқа ва ҳатто воситаҳои асосии худмудофиа шикоят мекунанд. Ҳамаи ин на танҳо ба бехатарии онҳо, балки дар умум ба сифати кор ҳам таъсир мерасонад.
Ба коргароне, ки аз макони хидмати худ дур истиқомат мекунанд, хароҷоти нақлиёт ҷуброн карда намешавад. Танҳо дар муассисаҳои 3/1 ва 3/2 ба коргарон аз Душанбе ва Ваҳдат нақлиёти хизматӣ пешниҳод карда мешавад, дар ҳоле ки коргарони дигар минтақаҳо маҷбуранд аз ҳисоби худ ба кор раванд. Сафари ройгон танҳо дар ҳудуди пойтахт амал менамояд ва ҷадвали нақлиёти расмӣ (масалан, дар муассисаи ислоҳии 3/2 - аз соати 7:30 то 17:00) на ҳамеша ба ҷадвали вақти корӣ мувофиқат мекунад.
Қонун барои кормандони аз ноҳияҳои дурдаст омада манзили ройгонро кафолат додааст, аммо дар амал ҷуброни пешниҳодшуда (860 сомонӣ) аз арзиши бозори иҷора ба маротиб поинтар аст ва аз сабаби талаботи бюрократӣ, аз қабили шартномаи ҳатмии расмӣ, ба даст овардани он осон нест.
Дар баробари ин, кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ба муолиҷаи санаторӣ-курортӣ дастрасӣ надоранд, ки ин метавонист шароити вазнини кориро қисман ҷуброн кунад. Гузашта аз ин, тавре маълум мешавад, бисёриҳо намедонанд, ки онҳо ба ин ҳуқуқ доранд. Набудани дастгирии равонӣ низ як масъалаи ҷиддӣ аст - дар муассисаҳо барномаҳои офиятбахшӣ ва мутахассисон хеле каманд.
Худи кормандон эътироф мекунанд, ки кор дар муассисаҳои ислоҳӣ - ин на танҳо хидмат, балки санҷиши ҳаррӯза аст. Маҳз аз ҳамин сабаб онҳо чунин мешуморанд, ки таҷрибаи кори онҳо бо тартиби имтиёзнок, аз рӯи нақшаи «як сол барои ду сол» ба ҳисоб гирифта шавад. Ин на танҳо масъалаи адолат, балки ғамхорӣ нисбати онҳоест, ки ҳар рӯз дар шароити душвор ва аксар вақт хавфнок кор мекунанд.
На танҳо дидан, балки шунидан низ муҳим аст
Ин мониторинг нахустин назари мустақил ба ҳаёти дохилии зиндонҳои Тоҷикистон буд. Он на танҳо мушкилот, балки комёбиҳоро низ сабт кард ва аз ҳама муҳим, имкони муколама байни давлат ва ҷомеаро фароҳам овард.
Натиҷаҳои мониторинге, ки дар ҳашт муассисаи ислоҳӣ гузаронида шуд, барои таҳияи тавсияҳо - ҳам мақсаднок, ҳам нисбат ба ҳар як муассисаи ислоҳӣ ва ҳам умумӣ, ки ба мунтазам беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ, дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва баланд бардоштани сифати кори кормандон нигаронида шудаанд, асос гардиданд. Ин тавсияҳо як навъ харитаи роҳест, ки метавонад системаи пенитенсиариро ба инсоният, устуворӣ ва самаранокии бештар расонад.
Дар рушди кутоҳмуддат муҳим аст, ки маъмурияти муассисаҳо ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ амалишавии қадамҳоеро, ки айни замон дар доираи буҷетҳои мавҷуда аллакай имконпазиранд, оғоз намоянд. Ҳатто тағйироти хурде, ки хароҷоти калонро талаб намекунанд, метавонанд ба ҳаёти маҳбусон таъсири ҷиддӣ расонанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар навбати худ, омода аст, ки ба риояи меъёрҳои байналмилалии бархӯрд бо маҳбусон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар татбиқи ин тадбирҳо кумаки зарурӣ расонад.
Аммо тағйироти системавӣ стратегияи амиқтар ва андешидашударо талаб мекунад. Ва дар рушди миёнамуҳлат он бояд ба се самти асосӣ - тиб, шароити боздошт ва нигоҳубини худи кормандони системаи пенитенсиарӣ нигаронида шавад.
Хизматрасонии тиббӣ - ин зарурати ҳаётан муҳим аст. Тадриҷан даст кашидан аз таҷрибаи маҳбусони дорои маълумоти тиббӣ, ки ба дигар маҳбусон кумак мерасонанд, бояд бо таҳкими тиби касбии муассисаҳои ислоҳӣ ҳамроҳ карда шавад. Барои ин асбобҳои асосӣ, антисептикҳо, доруҳои махсус ва сабти дақиқи кумаки расонидашуда, беҳтараш дар шакли электронӣ лозим аст. Муҳим аст, ки риояи махфияти тиббӣ риоя карда шавад: маълумоти тиббӣ бояд ҳифз карда шавад ва қабул бояд махфӣ бошад. Дар он ҷое, ки ҳолатҳои фавқулода рух медиҳанд, бояд системаи вокуниши фаврӣ амал намояд.
Шароити нигоҳдории маҳкумшудагон бевосита аз сарбории муассисаҳо вобаста аст. Дар ин ҷо таҳлил лозим аст: дар як муассисаи ислоҳӣ бо назардошти меъёрҳои санитарӣ чӣ қадар одамон метавонанд қарор дошта бошанд. Ба ҳар як маҳбус камаш чор метри мураббаъ рост меояд. Ҳама маҳбусон бояд ба ғизои мувофиқ, аз ҷумла ғизои парҳезӣ бо сабабҳои тиббӣ, инчунин воситаҳои асосии гигиенӣ - собун, шампун, хамираи дандоншӯйӣ, коғази ҳоҷатхона, воситаҳои гигиении занона дастрасӣ дошта бошанд. Душ ва ҳоҷатхонаҳо бояд ба миқдори кофӣ бо назардошти шумораи воқеии одамон мавҷуд бошанд. Муассисаҳо ба беҳтарсозии вентилятсия, гармкунӣ ва хунуккунии биноҳо ниёз доранд.
Кормандони муассисаҳои ислоҳӣ низ як қисми система мебошанд, ки ба муҳофизат ниёз доранд. Кори онҳо бояд тавре ташкил карда шавад, ки ҷисмониву равонӣ азоб накашанд. Таҳлили ҳайати кадрӣ барои он зарур аст, ки кормандон дар давоми соатҳои муқаррарӣ кор кунанд, на зиёда аз вақти корӣ. Ба онҳо истироҳат, рухсатӣ, ёрии равонӣ ва кафолатҳои воқеии иҷтимоӣ - аз имтиёзҳои нақлиётӣ то ёрии манзилӣ бояд таъмин карда шаванд. Муассисаҳо бояд на танҳо компютер ва асбобу анҷоми идоравӣ, балки воситаҳои асосии гигиении коргаронро низ дошта бошанд. Муҳим он аст, ки ин бо муколама ва ҳамкориҳои доимии СРИҶҶ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ шавад.
Барои рушди дарозмуддат сармоягузорӣ муҳим аст. Боло бурдани музди меҳнат ва пардохти сазовор барои вақти изофаи корӣ бояд стандарт гардад, на истисно. Кадрҳои тиббиро махсусан аз ҳисоби мутахассисони соҳибихтисос зиёд кардан лозим аст, то ин ки система барои табибон ҷолиби диққат гардад. Ҳамчунин бояд низоми муосири омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо таъсис дода шавад, то ки хадамоти иҷрои ҷазо дигар ҳамчун сохтори пӯшида ва бефаъолият шинохта нашавад ва замонавӣ, устувор, ба ҳуқуқи инсон нигаронидашуда бошад.
Иҷрои ин тавсияҳо ирода, воситаҳо ва ҳамкориро тақозо мекунад. Аммо маҳз тавассути чунин қадамҳо системаи пенитенсиарӣ метавонад аз ҳолати хатар ба ҳолати барқароршавӣ ва умед табдил ёбад.
[1] World Prison Brief. Tajikistan// Ҳамон ҷо.
[2] Гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 // https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20240618/perepolnennost-bolezni-i-smert-kakie-etshe-problemi-tyurem-tadzhikistana-viyavil-ombudsmen