Ҷуброни зарар ба қурбониёни шиканҷа: стандартҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ба ҷуброни зарари расонидашуда яке аз кафолатҳои асосии байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Мутобиқи моддаи 14-и Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ, давлат уҳдадор аст ба зарардидагон на танҳо ҷуброни одилона ва муносиб, балки офиятбахшии ҳарчи пурратар, аз ҷумла кумакҳои тиббӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва дигар намудҳои ёрмандии барои барқарор сохтани ҳуқуқҳои нақзшуда зарурро таъмин намояд.

Асосҳои ҳуқуқии татбиқи ин ҳуқуқ ҳам дар санадҳои байналмилалӣ ва ҳам дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олитарини давлат эътироф мекунад (моддаи 5), шиканҷа ва муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шарафро манъ менамояд (моддаи 18), ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ (моддаи 19), ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои ҷабрдидагон (моддаи 21), инчунин ҳуқуқ ба ҷуброни зарари моддӣ ва маънавиро, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор расонида шудааст (моддаи 32), кафолат медиҳад.

Қонунгузории гражданӣ ҳуқуқ ба ҷуброни зарари молумулкӣ ва зарари маънавиро пешбинӣ намуда, инчунин масъулияти давлатро барои зараре, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо расонида шудааст, муқаррар мекунад. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи шиканҷа дар моддаи 143¹ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кафолатҳои мурофиавии ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдидагонро дар бар мегирад. Мақоми ҳуқуқии ҷабрдида дар моддаи 42-и КМҶ муайян гардида, имконияти пешниҳоди дархост оид ба ҷуброни зарар тавассути институти даъвои гражданӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ (моддаҳои 126-127-и КМҶ) пешбинӣ шудааст. Масъалаҳои барқарор намудани ҳуқуқҳои шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба таъқиби ҷиноятӣ дучор омадаанд, бо муқаррароти боби 18-и КМҶ, ки ба офиятбахшӣ бахшида шудааст, танзим мегарданд.

Стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт на танҳо дар моддаи 14-и Конвенсияи зидди шиканҷа, балки дар Шарҳи умумии №3 (2012)-и Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, ки мундариҷаи ҳуқуқ ба ҷуброни зарар ва офиятбахширо тавзеҳ медиҳад, ҷой доранд. Дар мулоҳизаҳои ниҳоии худ оид ба гузориши чоруми даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон (CAT/C/TJK/CO/4, 2026) Кумита ба масоили ҷуброн ва офиятбахшии қурбониёни шиканҷа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст: https://tbinternet.ohchr.org/_layouts/15/treatybodyexternal/Download.aspx?symbolno=CAT%2FC%2FTJK%2FCO%2F4&Lang=en

Кумита вуҷуд доштани механизмҳои ҳуқуқиро дар қонунгузории миллӣ, ки барои талаб намудани ҷуброни зарар имкон медиҳанд, зикр намуда, аммо аз татбиқи нокифояи амалии ин кафолатҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Аз ҷумла, ба мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳолатҳои пешниҳоди ҷуброни самаранок ба қурбониёни шиканҷа, инчунин набудани системаи мукаммали давлатии офиятбахшии тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоии зарардидагон ишора шудааст.

Кумита ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки мутобиқи моддаи 14-и Конвенсияи зидди шиканҷа татбиқи самараноки ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ба ҷуброни зарар, аз ҷумла пешниҳоди ҷуброни одилона ва дастрасӣ ба офиятбахшии маҷмуиро таъмин намояд. Ғайр аз ин, ба давлат тавсия дода шудааст, ки баҳри таҳкими механизмҳои иҷрои қарорҳои судӣ оид ба ҷуброни зарар тадбирҳои зарурӣ андешида, фаъолияти системаи самараноки расонидани кумак ба шахсони аз шиканҷа зарардидаро таъмин намояд.

Татбиқи механизми миллии ҷуброн ва офиятбахшӣ барои амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии шиканҷа ва таъмини ҳимояи самараноки ҳуқуқҳои ҷабрдидагон аҳамияти муҳим дорад

NotortureTj