Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
6-уми декабри соли 2020 дар доираи маъракаи 30-рӯза таҳти шиори “Ҳуқуқҳо! Шаъну шараф! Рушд!” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, ки 10-уми декабр дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мусобиқаи мубоҳисавии “Ҷоми ҳуқуқ”-ро баргузор намуд.
Мусобиқа аз соати 08:00 то 21:00 дар Маркази омӯзиши забони олмонии “DEX”-и пойтахт баргузор гардид.
Михаил Дружинин, Манучехр Гафаров, Александра Смирнова ба ҳайси доварони мусобиқа, Нуриддин Ишонқулов ба ҳайси довари асосии мусобиқа даъват гардиданд. Вазифаҳои асосии доварон таҳияи мавзӯъҳо барои мусобиқа ва доварӣ намудан буд, ки онҳо тавассути он бояд ба мавзӯи баҳс баҳои воқеӣ дода, ғолибро муайян менамуданд.
Барои иштирок дар мусобиқа 16 даста, иборат аз ду нафар аз байни хоҳишмандон (дар маҷмӯъ 32 нафар), чаҳор довар ва 10 тамошобин ба қайд гирифта шуданд.
Ғолиби мусобиқаи “Ҷоми ҳуқуқ” дастаи “Sky” гардид, ҷойи дуюмро дастаи “Приветик” ишғол намуд, ҷойи сеюм насиби дастаи “ЧБД” гардид ва дастаи “Облако” дар ҷойи охирин қарор гирифт.
Довари беҳтарини мусобиқа Александра Смирнова ва Михаил Дружинин гардиданд. Суханвари беҳтарини мусобиқа намояндаи дастаи “Мы за дзюбу”, Бахтиёр Қурбонов гардид, Манижа Қадамова аз дастаи “Облако” дуюмин суханвари беҳтарин ва Таманно Шарифова суханвари сеюмин гардиданд.