Article Pages

Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар давраи июл - сентябри соли 2017 аз се муассисаи пўшида дидан кард: тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Ванҷи ВМКБ (25-26-уми июл), Беморхонаи марказии бемориҳои руҳии ВМКБ дар ноҳияи Роштқалъа (27-28-уми июл), тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Рўдакӣ (22-23-юми август). Дар ҳар се муассиса ҳам ҳолатҳои шиканҷа ё муносибати бераҳмона ба қайд гирифта нашуд...

27.10.2017 - 09:09

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (минбаъд - Эътилоф) дар доираи лоиҳаи бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалишаванда аз 27 то 29-уми октябри соли 2017 тренинги «Беҳтарнамоии малакаҳои равоншиносон оид ба баҳогузории равонӣ, ташхис ва офиятбахшии аз шиканҷа начотёфтагон ва /ё аъзои оилаи онҳо»-ро баргузор менамояд. Чорабинӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Амал барои озодӣ...

27.10.2017 - 07:37

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон давраи тренингҳои омӯзиширо оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо оғоз карданд. Дар тренингҳои серӯза зиёда аз 60 нафар адвокатҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок...

26.10.2017 - 09:36

Дар давраи июл - сентябри соли 2017 аз ҷониби Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо 10 нафар (7 мард ва 3 зан) барои офиятбахшӣ фиристода шуданд. Аз онҳо 6 нафарашон бевосита ҷабрдидагони шиканҷа ва муносибати бераҳмона буда, 4 нафари дигар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмонаанд. Як нафар бо сабаби он, ки аз толори суд ба ҳабс гирифта шуд, натавонист...

25.10.2017 - 15:38

Хонаводаи ҷавоне, ки дар гузашта аз бемории сил ранҷ мебурд, аз вазъи саломати фарзандашон дар саффи нирӯҳои мусаллаҳ ва хатари сироятёбии ҳамхидматонаш нигаронанд. Некрӯзи Комили 22-сола, ба гуфтаи наздикон, баҳори имсол аз хонаашон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) ба артиш бурда шуд. Ба иддаои наздикон, бо вуҷуди онки исми Некрӯз дар дафтари гирифторони сил сабт аст, ӯ барои адои...

19.10.2017 - 08:47

«Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» аз прокуратура санҷиши қонунӣ будани Қарор дар бораи даъвати шаҳрвандонро хоҳиш намудааст. Санаи 13-уми октбяри соли 2017 ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба унвони прокурори ноҳияи Спитамен, Мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҳусейнзода У. муроҷиатномаро бо хоҳиши додани баҳои ҳуқуқӣ ва андешидани чораи зарурии ҳуқуқӣ ирсол намудааст....

17.10.2017 - 17:20

Аз 19 то 21-уми сентябри соли 2017 аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон зимни як сафари шиносоӣ аз марказҳои офиятбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона дар Грузия ва Арманистон дидан намуданд. Ҳайати тоҷикистонӣ аз намояндагони Гурўҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, Гурўҳи кўмаки ҳуқуқӣ ва Гурўҳ оид...

16.10.2017 - 14:36

Аз 15 то 27-уми сентябри соли 2017 дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қўрғонтеппа, Кўлоб ва ноҳияи Рашт барои намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба раванди Тафсири даврии универсалӣ (ТДУ) ташкил карда шуданд. Дар рафти чорабиниҳои иттилоотӣ ба иштирокдорон оид ба раванди Тафсири даврии универсалӣ, Гузориши миллии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодакардашуда...

14.10.2017 - 20:16

Адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев аз болои ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати парвандаи қурбонии бадрафторӣ Мақсуд Носиров ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ бурдааст. Тавре Дилшод Ҷӯраев изҳор дошт: "Мо аз Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб дорем, ки ҳалномаи Суди ҳарбии...

11.10.2017 - 15:45

Пайвандони як ҷавони 18 сола дар Душанбе иддао доранд, ки субҳи барвақти 10-уми октябр ӯро аз ҷойгаҳи хобаш бо зӯр, яъне тариқи “облава” ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯяд, ҳафтаи гузашта бо чунин мазмун аз сокинони кишвар 8 шикоят дарёфт кардааст. “Писарамро облава карданд” Гулбаҳор Маҳмадқулова, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳоло дар Русия дар муҳоҷирати...

11.10.2017 - 11:03

Страницы