Article Pages

Хушвақт дар боздоштгоҳи пулис ҳамагӣ чанд соат қарор дошт ва як рӯз баъд даст ба худкушӣ зад ва тасодуфан зинда монд. Ӯ аз он замон то ба ҳол дар ҳолати бади равонӣ қарор дорад. Хонаводаи Хушвақт Қаюмов, ки дар чор соли пеш аз сӯи як корманди пулис дар ноҳияи Ёвон мавриди латту кӯб қарор гирифта буд, мегӯянд, ки то ҳол 16 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавияшонро аз сӯи вазорати корҳои дохилӣ...

30.03.2016 - 20:33

Вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки барои ҷилавгирӣ аз шиканҷаи боздоштушдаҳо ба ду қонун ислоҳот ворид хоҳанд кард. Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – ба зудӣ ба ду қонун ислоҳот ворид хоҳад кард, ки ба қавли вакилон пеш аз ҳама барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудаҳо муҳим будааст. Ин ислоҳот ба қонун "Дар бораи тартиб ва шароити дар...

29.03.2016 - 17:10

Муттаҳамони қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар мурофиаи додгоҳӣ иддао кардаанд, ки аз ҷониби кормандони мақомот мавриди латукӯб қарор гирифтаанд.  Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, дар курсии айбдорӣ барои ҳамла ва қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ 6 нафар нишастаанд. Манбаъ гуфт, гумонбарон дар ҳамлаи маргбор ба кормандони комиссариат зимни мурофиа дар додгоҳи...

29.03.2016 - 10:17

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба матлаби Радиои Озодӣ дар робита ба кӯмакхоҳии наздикони сарбоз Меҳровар Мақсудов аз президент Эмомалӣ Раҳмон, вокуниш нишон дод. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба матлаби Радиои Озодӣ дар бораи кӯмакхоҳии наздикони сарбоз Меҳровар Мақсудов аз Эмомалӣ Раҳмон вокуниш нишон дод. Ин нома рӯзи 27-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд. Торнамои Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми...

27.03.2016 - 21:56

Наздикони Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик барои расидагӣ ба қазияи латукӯби ӯ дар артиш, аз президент Эмомалӣ Раҳмон кӯмак хостаанд. Хонаводаи Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик барои расидагӣ ба қазияи латту кӯбаш, аз президенти кишвар кӯмак хостаанд. Пайвандони ин сарбоз, рӯзи шанбеи 26-уми март, ки ҳудудан 20 нафар буданд, ба раисиҷумҳури кишвар бо ариза муроҷиат намуда, хостори...

26.03.2016 - 15:49

Пайвандони Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик иддао доранд, ки ӯ аз сӯи ҳамхизматонаш латукӯб шудааст. Аммо масъулони қисми низомӣ мегӯянд, ки ӯ ба бемории "сурхакон" гирифтор шуда ва рӯҳан ба табобат ниёз дорад. Пайвандони Меҳровар Мақсудов, сарбози қисми низомии 02011-и вазорати дифоъ мегӯянд, писарашон мавриди латукӯб қарор гирифта ва ҳамакнун дар Бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ...

25.03.2016 - 13:31

Лӯъбат Бурҳонова, гӯяндаи собиқи телевизиони Тоҷикистон баъди 7 соли марги фарзандаш аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 334 950 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Лӯъбат Бурҳонова , гӯяндаи собиқи телевизиони давлатии Тоҷикистон бо ироаи арзиаи даъвои ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлия 334 950 сомонӣ товон хостааст. Писари ягонаи Лӯъбат...

18.03.2016 - 14:11

Тоҷикистон барои ироаи гузориши солона ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар, омода мешавад. Рӯзи 16 уми март Элизабет да Кошта, гузоришгари СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна вориди Тоҷикистон шуд ва ба гуфтаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳадафи сафараш омодагии Душанбе ба нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали...

18.03.2016 - 13:44

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март  фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳро имзо кард. Даъвати баҳорӣ аз 1 апрел сар мешавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ ва ҷавоб додани онҳоеро, ки замони хидматашон ба поён мерасад, имзо кард. Бар асоси ин фармон, даъвати баҳорӣ ба сафи...

15.03.2016 - 13:50

Рӯзи 14-уми март дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор мегардад, ки ба муаррифии натиҷаҳои коркарди дохилии асноди «Тартиби ташкили кӯмаки тиббӣ барои шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта ва маҳбусон» ва «Санади тиббӣ-шаҳодатномавии маҳбусон» мутобиқи талаботи Протоколи Истамбул бахшида мешавад. Мақсад аз баргузории мизи мудаввар муаррифӣ ва баррасии намунаҳои муқаддамотии ин...

12.03.2016 - 09:28

Страницы