Article Pages

27-уми январи соли 2014 якчанд хизматчии ҳарбии нуқтаи назоратии саҳадии қисми низомии 2857, мустақар дар ноҳияи Спитамен, «бо мақсади тарбия додан» сарбозони ҷавонеро, ки аллакай ним сол хизмат карда буданд, қатор карда, ба гулӯ ва дигар аъзои бадани ҳар як сарбоз зарбаҳо мезананд. Баъди латукӯб сарбоз Мақсуд Носиров дар ҳолати беҳушӣ меафтад ва ӯро ба қисми хобгоҳ мебаранд, ки ҳанӯз ба ҳуш...

11.06.2021 - 18:35

То анҷоми хизмати Фарухҷон Ҳайталиев 8 моҳ монда буд. Ӯ моҳи октябри соли 2014 аз ҷониби Комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуда, ба қисми низомии 2620-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ фиристонида ва баъдан ба қисми низомии 2847, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, гузаронида шуда буд. Дар давоми хизмат ӯ ва дигар хизматчиёни ҳарбии ҳамдаъваташ мунтазам ба латукӯб аз...

10.06.2021 - 18:18

Намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 7-уми май ба хонаи волидони Абдурасул Назаров, ки 28-уми марти имсол эҳтимолан дар натиҷаи истифодаи шиканҷа дар ШВКД Сино-2-и шаҳри Душанбе даргузашт, ба шаҳри Кӯлоб омаданд. Каме пештар ин оила ёдбуди 40-рӯзагии марҳумро гузаронида ва ҳанӯз аз бадбахтии ногаҳонии ба сарашон омада ба худ наомада буданд. Модар Савлатбӣ моро рӯи курпача шинонда, дар...

09.06.2021 - 18:02

Сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ронандаи таксӣ Шамсиддин Зайдуллоев моҳи апрели соли 2015 бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт шуд. Баъди чанд рўзи нигаҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовар ў аз дунё гузашт. Пайвандони ҷавон мегўянд, ки марги ў дар натиҷаи латукўб ва шиканҷа фаро расидааст. Ба гуфтаи модари қурбонии шиканҷа Тоҷинисо Каримова,...

08.06.2021 - 12:37

Рўзи июнӣ аз субҳ гарм буд. Дилором бо духтари хурди худ барвақт ба бозор рафт, барои пешвоз гирифтани меҳмонон тамоми чизҳои лозимаро харидорӣ кард. Он рўз ба хонаи онҳо бояд хешовандонашон меомаданд. Барои ҳамин, ў кўшиш мекард, ки аз анвои дар рўйхат қайдкардаашон чизеро фаромўш накунад. Зеро, тавре дар Шарқ анъана аст, дастурхон бояд пур бошад. Дар роҳ ба хона, ба дорухона даромад ва доруҳои...

07.06.2021 - 12:27

Қиссаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози навдаъватшудаи оддӣ, ки дар қисми низомии Тоҷикистон хизмат мекарду ба муносибати бераҳмонаи ҳамхизмати аз рӯи рутба калонаш дучор гардид, бисёриҳоро ба ҳайрат овард. Соли 2013 Шаҳбол Мирзоеви 22-сола мехост баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи тиҷоратии Хуҷанд дар нуқтаи гумрукии фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба кор дарояд, вале барои ин бояд як сол дар артиш...

06.06.2021 - 17:22

Парванда оид ба латукўби бераҳмонаи эҳтимолии ҷавоне дар шуъбаи милисаи Ваҳдат, ки ўро ба марг расонд, миёни ҷомеа сарусадои зиёд ба бор овард. Дар бораи ин ҳодиса ҳам расонаҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ навиштанд ва Умар Бобоҷонови 23-соларо қурбонии маъракаи пўшида муқобили ришдорҳо хонданд. Аммо аллакай зиеда аз як сол гузашту гунаҳгорони ин воқеаи фоҷиавӣ ҳанўз ҳам муайян нашудаанд. Маҳмадсаид...

05.06.2021 - 12:00

Парвизи 18-сола орзу дошт, ки курсанти Академияи ВКД Тоҷикистон шавад ва дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мактаби миёнаро хатм кард. Ҷавонак қадаки на он қадар баланд дошт ва барои амалӣ гаштани орзуяш чанд сантиметр намерасид. «Эҳ, модар, ман ба хизмат меравам. Ана, мебинӣ, ду сол зуд мегузарад, вале шояд дар ин муддат «соҳиби қади баланд» мешавам ва аз нав кўшиши...

04.06.2021 - 15:16

Ин зани либоси мотамӣ ба бар аллакай як сол пеш писари калониашро гўронида буд, аммо ҳар саҳар ба назараш чунин менамояд, ки ҳамин ҳоло дарвоза кушода мешаваду ў медарояд, зебову ҷавон, бо нидои «Бува, ман омадам!» (Модар, ман баргаштам!). Баъзан ў дар хобаш медарояд, боз ҳамон суханҳоро такрор мекунад: «Ман баргаштам, ана ман!». Ў писарашро ба оғўш мекашаду мебўсад, гармии дастонашро эҳсос...

03.06.2021 - 16:23

Моҳи сентябри соли 2012 қариб тамоми воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар бораи марги даҳшатноки маҳбуси 27 - сола Ҳамзаалӣ Икромзода хабар доданд. Дар маводҳои журналистикӣ аксҳои Ҳамзаалӣ Икромзода замима гардида буданд, ки дар онҳо захму ҷароҳатҳои зиёде мешуд, ва дар яке аз ин аксҳо ба таври возеҳ пайи дарзмоли электрикӣ ба мушоҳида мерасид. Қисми зиёди ҳамкоронамон изҳор намуданд...

02.06.2021 - 17:04

Страницы