Додситонии ҳарбӣ: "Фирдавс аз зарбулат фавтидааст"

Додситонии ҳарбӣ: "Фирдавс аз зарбулат фавтидааст"

Додситонии ҳарбии Суғд мегӯяд, зидди сарбозоне, ки ҳамхидмати худ Фирдавс Раҳматовро ба ҳалокат расонидаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ки ҷузъиёти он эълон хоҳад шуд.

Ашӯрмат Зарифӣ , сардори шуъбаи тафтиши Додситонии ҳарбии вилояти Суғддар суҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ дар бораи натиҷаҳои ибтидоии таҳқиқи марги сарбоз Фирдавс Раҳматов гуфт: “Сабаби ба ҳалокат расидани сарбоз - Фирдавс Раҳматов дар натиҷаи тафтиши аввалия ошкор карда шуд, ки дар натиҷаи лату кӯб аст. Вобаста ба содири ин ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст ва тафтиши онро як гурӯҳи таҳқиқотӣ пеш мебарад.”

Мусоҳибам афзуд, додситони ҳарбӣ ҷузъиёти парвандаи кушта шудани Фирдавс сарбози қисми ҳарбии 0480, воқеъ дар Конибодом ва афроди гумонбар дар содири ин ҷиноятро бо баргузории як нишасти хабарӣ баъди нимирӯзӣ эълон хоҳад кард.

Падару модари Фирдавси 22 солаи кушташуда субҳи 11 –уми июн дар суҳбт бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯро 7 майи соли 2015 ба сафи Артиш равон карданд ва баъди 1 моҳи адои хидмати ҳарбӣ ҷасади беҷони ӯро нимашаби 7 - уми июни соли равон ба дасти онҳо супурданд.

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс гуфт, намояндгони қисми ҳарбии 0480 сабаби марги писарашро “нафасгиршавӣ аз фурӯ рафтани забон бар асари офтобзанӣ” гуфтанд. “Вале онҳо ба мо санади натиҷаи тшхиси тиббӣ надоданд ва баргашта рафтанд. Мо дар бадани писарам нишонаҳои зиёди зарбу лат пайдо кардем в аз рӯи онҳо, писрамро як гурӯҳ миёнагир карда, зарда куштаанд. Барои ҳамин ба прокуратураи ҳарбӣ ариза навишта илтимос кардем, ки ҳодиса кушта шудани фрзандамонро таҳқиқ кунанд ва гунҳкоронро дарёфт карда, ҷазо диҳанд.”

Ба гуфтаи Ғаниҷон Раҳматов, падари Фирдавс вай дар як дидор бо волидайнаш гуфтааст, ки дар қисми ҳарбӣ наваскаронро задаву азият медиҳанд. Аммо аз бими он ки ҳолшон бадтр нашвад, ёрои ба командирҳои худ хабар додан надоранд.Вай гуфт, замони шустани ҷасади писараш дар бадани вай изҳои зиёди зарбу лат диданд: “Масалан, мобайни гулӯяш ва тахтапушташ ҷароҳатҳо дошт. Пушти сараш даридагӣ буд.”

Хабари марги сарбоз Фирдавс Раҳматов пас аз як моҳи хидматаш замоне расонаӣ шуд, ки наздикони ӯ аксҳояшро бо осори зарбулати шадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд. Ҳамроҳи аксҳо номаи падари сарбоз низ мунташир гашт, ки дар он падари Фирдавс -- Ғаниҷон Раҳматов навиштааст, ки писараш дар қисми ҳарбии 04080 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд хидмат мекард. Дар ин нома падар фармондеҳонро ба он гунаҳкор кардааст, ки аз ҳоли сарбозони худ огоҳ нестанд ва латукӯби наваскарон дар қисми ҳарбӣ як падидаи доимӣ буда, дар  ҷоейҳое сурат мегирифтааст, ки манзара ба дурбинҳои назоратӣ наафтад.

Қаблан Вазорати дифиои Тоҷикистон гуфта буд, ки барои пешгирӣ аз мавридҳои меҳтарсолорӣ ё сарбозозорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ дурбинҳои назоратӣ насб кардааст.

Оилаи Раҳматовҳо 3 фарзанд, ду писар ва як духтари хурдсол доштаанд. Фирдавси 22 сола фарзанди калонӣ замони таҳсил дар соли чоруми бахши ғоибонаи шуъбаи кибернетикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд моҳи майи соли равон ба сафи Артиш ҷалб шудааст. Ҳамзамон Фирӯз, бародари хурдии вай ҳам дар як қисми низомӣ дар Истаравшан адои хидмати ҳарбӣ мекунад. Падари вай мегӯяд, ҳоло ҷои кори доимӣ надорад ва модари Фирдавс дар корхонаи “Ҷавонӣ” дар Хуҷанд кор мекунад. 

Ҳалокати сарбоз дар қисми ҳарбӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, сарбозозорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ коҳиш ёфтааст. Сар аз соли 2014, баъд аз мавридҳои зиёди фирор аз даъват ба хидмати ҳарбӣ, худкушии сарбозон, бар асари латукӯб кушта ё маъюб шудани онҳо ва бозтоби ин ҳодисаҳо дар матбуот, вазорати дифои Тоҷикистонро маҷбур кард, ки намояндагони Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба қисмҳои низомӣ роҳ диҳад.

Танҳо дар соли 2014 дар натиҷаи муносибатҳои ғайриойинномавӣ ё "дедовшина" сарбозон Акмал Давлатов, Хуршед Кенҷаев кушта, сарбозони дигар Ромиз Шарифов, Баҳриддин Насриддинов ва Шаҳбол Мирзоев маҷрӯҳ ва маъюб шуданд.

Ozodi