Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оғози маъракаи 30-рӯзаро таҳти шиори “Ҳуқуқҳо! Шаъну шараф! Рушд!”-ро бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон эълон менамояд.
Дар тӯли як моҳ, аз 10 ноябр то 10 декабр, дар чор ноҳияҳои пойтахт маъракаи тарғибу ташвиқотии (эдвокаси) “COVID-19 ва ҳуқуқи инсон” баргузор мегардад, ки дар рафти он бо тарзи ройгон машваратҳои инфиродии ҳуқуқӣ дода мешаванд ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ - ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва антисептикҳо тақсим карда мешаванд.
Гузаронидани радиовикторина оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, инчунин машваратҳои ҳуқуқшиносони эътилоф тавассути реҷаи онлайн дар радиои “Азия-Плюс” ба нақша гирифта шудааст.
Эътилоф инчунин ният дорад, ки бахшида ба ин рӯз тақвими девории варақгардонро барои соли 2021 дар мавзӯи ҳуқуқи инсон нашр намуда, онро байни шарикон ва ҳамкоронаш паҳн намояд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба ҷалби шавқу рағбати ҷавонон ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон дода мешавад: силсилаи омӯзишҳо оид ба ҳуқуқи инсон барои донишҷӯён, мусобиқаи мубоҳисаҳо (дебатҳо) дар байни ҷавонон ва кино-клаб (тамошои филмҳо доир ба ҳуқуқи инсон ва муҳокимаи онҳо ҳангоми нӯшидани қаҳва) ба нақша гирифта шудаанд.
10 декабри соли 1948 Ассамблеяи генералии СММ Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон- аввалин санади универсалии байналмилалиро оиди ҳуқуқи инсон қабул кард. Ин рӯз бори аввал соли 1950 пас аз оне, ки Ассамблеяи генералӣ қатъномаи 423 (V)-ро қабул намуд, ҷашн гирифта шуд ва ҳамаи давлатҳою ташкилотҳои манфиатдорро даъват намуд, то ҳамасола 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон муқаррар карда шавад.
Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон доираи васеи ҳуқуқҳои сиёсӣ, шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро дар бар мегирад. Он ба китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун ҳуҷҷати ба зиёда аз 380 забон ва лаҳҷа тарҷумашуда дохил гардидааст, ки аз хусусияти универсалӣ ва миқёси паҳншавии он шаҳодат медиҳад. Ҳарчанд Эъломия барои риоякунӣ ҳуҷҷати ҳатмӣ нест, аммо он ба ҷорӣ намудани беш аз 60 санад марбут ба ҳуқуқи инсон мусоидат кардааст, ки дар ин соҳа стандарти ягонаи байналмилалиро таъсис доданд. Дар заминаи он таҳияи созишномаҳои дигари байналмилалӣ низ анҷом дода шуданд.