Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба алгоритми амалҳои қурбониён ҳангоми тафтиши ҳолатҳои шиканҷа вебинар баргузор намуд

9-уми июни соли 2026 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзуи «Алгоритми амалҳои қурбониён ҳангоми тафтиши ҳолатҳои шиканҷа» вебинар баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи тадбирҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, доир гардид.

Вебинар дар платформаи Jitsi Meet дар шакли бехатар баргузор шуда, имкони иштироки беном ва пешниҳоди саволҳоро дар вақти воқеӣ фароҳам овард. Бо мақсади таъмини махфияти иштирокдорон сабти вебинар анҷом дода нашуд.

Ҳадафи вебинар боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва огоҳ намудани шаҳрвандон аз механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон буд.

Дар чорабинӣ 18 нафар намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон, ҳимоятгарони ҳуқуқ, донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва дигар шахсони ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳдошта иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вебинар ба иштирокдорон рӯнамо оид ба амалҳои шахсоне, ки аз шиканҷа, муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф зарар дидаанд, пешниҳод гардид. Мафҳуми шиканҷа ва манъи истифодаи он тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои таъмини амнияти шахсии ҷабрдида баъд аз содир шудани амалҳои ғайриқонунӣ, инчунин тартиби сабти осебҳои ҷисмонӣ ва дигар далелҳое, ки истифодаи шиканҷаро тасдиқ мекунанд, баррасӣ гардиданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба зарурати сари вақт муроҷиат намудан барои гирифтани ёрии тиббӣ ва гузаштани шаҳодаткунонии тиббӣ, тартиби пешниҳоди ариза ва хабар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ, инчунин аҳамияти ёрии касбии ҳуқуқӣ ва нақши адвокат дар ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагон равона карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ ҳуқуқҳои ҷабрдида дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла ҳуқуқи додани нишондод, пешниҳоди далелҳову дархостҳо ва шиносоӣ бо маводҳои парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон инчунин бо масъалаҳои ҷуброни зарари маънавӣ ва моддӣ, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ расонида шудаанд, шинос гардиданд.

Ба алгоритми амалҳои ҷабрдидагон, ки имкон медиҳад, то ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон ба таври дуруст сабт гардида, самаранокии тафтиши ҳолатҳои шиканҷа баланд бардошта шавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар ҷараёни вебинар иштирокдорон ба мавзуи баррасишаванда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар баррасӣ фаъолона иштирок карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои амалии ҳимояи ҳуқуқи шахсоне, ки аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд, равона гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои чорабинӣ иштирокдорон оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ тавсияҳои амалӣ, инчунин вобаста ба ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва иштироки ҷабрдидагон дар тафтишот маводи иттилоотӣ дарёфт намуданд.

NotortureTj